Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шар-шар: 34 моҳи сохтмон, 37 миллион доллари масрафот


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар маросими шурӯъи бунёди нақби мошингарди Шар-Шар, дар 80 километрии ҷануби Душанбе, ин тарҳро "як ҷузъи тарҳҳои бунёди ҷодаҳо ба хотири берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди кишвар" унвон кард.Сарвари Тоҷикистон, ки дар ин маросим ҳамроҳ бо сафири Чин ширкат мекард, афзуд, ки ин тарҳ бар асоси созишномаи миёни Тоҷикистону Чин ва кумаки билоивази ҳукумати Ҷумҳурии Чин бунёд мешавад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки нақби Шар-Шарро ширкати муҳандисии «Чайна рейлвей инҷенери компани» бо ҷалби нирӯи кории маҳаллӣ бунёд мекунад.
Ванг Чун Ганг, мушовир ва намояндаи тиҷоратии сафорати Чин дар Тоҷикистон гуфт, дар бунёди нақби мазкур ҳудуди 500 нафар ба кор фаро хоҳанд омад ва қарор аст, ки нақб баъди 34 моҳ мавриди истифода қарор гирад. Ӯ гуфт, нақби мазкур дар ҳудуди $32 миллион ва ҳудуди чаҳор километр ҷодаи пайванкунандаи ду ҷониби нақб дар ҳудуди $5 миллион бунёд хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим ҳамчунин аз ҷониби Чин хост, ҳудуди 40 километр роҳи боқӣ то маркази ноҳияи Данғараро низ аз ҳисоби кӯмаки билоивази ҳукумати худ бунёд кунанд.
Ҷумҳурии Чин феълан дар Тоҷикистон тарҳҳои бузурги таҷдиди шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Чанак, нақби мошингарди Шаҳристон, хатҳои баландшиддати интиқоли барқи Ҷануб-Шимол ва Лолазор-Хатлонро рӯи даст дорад ва бештари ин тарҳҳо бар асоси қарзи дарозмуддати ин кишвар татбиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG