Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 18 зина поин шуд


FIFA - Федеросиюни байналмилалии футбол рейтинги нави тимҳои мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги моҳи октябр нисбат ба рейтинги моҳи сентябр бо 159 имтиёз 18 зина поинтар - ба ҷойгоҳи 140-ум фуромад.

Тими миллии Бразил бо 1560 имтиёз мисли пешин миёни 205 кишвари ҷаҳон дар мақоми нахуст аст. Итолиё бо 1540 имтиёз дар мақоми дуввум, Фаронса бо 1483 имтиёз дар мақоми саввум, Оржонтин бо 1446 имтиёз дар мақоми чаҳорум, Инглистон бо 1370 имтиёз дар мақоми панҷум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини дунё Олмон (1339 имтиёз), Ҳулланд (1313), Ҷумҳурии Чех (1253), Португол (1224) ва Испаниё (1198) ҷойгир шудаанд.

Австралия - беҳтарин тими миллии қораи Осиё бо 710 имтиёз як зина болотар - ба ҷойгоҳи 37-ум баромадааст. Ирон бо 670 имтиёз мисли пешин дар мақоми 43-ум қарор гирифтааст. Ҷопон бо 597 имтиёз дар мақоми 46-ум ҷойгир шудааст.

Ҷойгоҳи дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар рейтинги FIFA чунин аст: 13. Укроин (1054 имтиёз). 33. Русия (764). 59. Узбакистон (494). 61. Беларус (479). 70. Литва (455). 86. Молдова (382). 90. Латвия (362). 98. Гурҷистон (302). 112. Эстония (229). 119. Арманистон (212). 128. Озарбойҷон (190). 134. Қирғизистон (174). 135. Қазоқистон (173). 140. Тоҷикистон (159). 169. Туркманистон (61).
XS
SM
MD
LG