Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ номзад, ду "Адолат"....


Нашрияи «Азия Плюс» хабар додааст, ки дар Тоҷикистон маъракаи таблиғоти номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд ва панҷ нафар довталаби ин мақом Эмомалӣ Раҳмонов, Исмоил Талбаков, Олим Бобоев, Амир Қароқулов ва Абдуҳалим Ғаффоров, ба маъракаи таблиғотии худ шурӯъ карданд. Ҳамзамон хабар додааст, ҳамаи номзадҳо ашхоси боэътимоди худро дар комиссини марказии интихот ва раъйпурсӣ сабти ном карданд, ки ҳар номзад 15 нафар шахси боэътимод дорад. Ба навиштаи рӯзнома номзади ҳизби демократи Тоҷикистон Таваралӣ Зиёев бо иллати теъдоди зарурии имзои тарафдоронро ҷамъоварӣ накардан, аз корзори интихоботӣ барканор шуд.

«Азия плюс» бо истинод ба иттилои комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ навиштааст, номзадҳо имкони баробари истифодаи васоити ахбори омма ҷиҳати таблиғро доранд. Вале ба гуфтаи ин манбаъ феълан касе аз ин номзадҳо тасмими аз тариқи телевизион суханронӣ кардан, пешниҳоди барнома ва таблиғи худро нагирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол муаллифи матлаби нашрияи «Миллат» унвонии «Ба кӣ бояд раъй дод» вазъи ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентиро ба таҳлил кашида навиштааст, дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ вазъи сиёсии ҷомеаи кишвар фавқулодда ором аст. Ба навиштаи муаллифи матлаб коршиносон иллати аслии чунин пеш омадани вазъро марбут ба он медонанд, ки сарнавишти интихобот аз қабл таъин мебошад.

Муаррифии ҳамаи номзадҳои интихобот, менависад рӯзнома, тавассути аҳзоб ва ҷамъоварии беш аз 160 ҳазор имзоро, ки панҷ дарсади раъйи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад (Шояд баъдан дар интихобот натавонанд ҳамин миқдорро ҳам ба даст оранд) оё метавонад далели фаъолияти муассир ва созандаи сиёсии онҳо арзёбӣ кард. Мутассифона посухи ин суол манфӣ аст.

Аммо ин дар ҳолест, ки нашрияи «Вақт» ба баррасии қазияи дохили ҳизби сотсиалист пардохта, номаи саркушодаи масъулини ҳизби сотсиалисти Мирҳусейн Назриев ба вазири адлияи Тоҷикистонро нашр кардааст. Дар нома қазияи ба ду тақсимшавии ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон аз сӯи сотсиалистони Назриев таҳлил шуда ва дар ин қазия ба даст доштани ҳукумати кишвар ишорат мешавад. Дар нома омадааст: «...ҷои таасссуф аст, ки дар нахустмарҳалаи ҷараёни интихобот поймол намудани ҳуқуқҳои кониститутсионии ҳизбҳои оппозитсионӣ пурра ҷой дорад. Ин аст воқеияти ирӯзаи ҳаёти ҳизбӣ ва интихоботи «демократии» президенти Тоҷикистон, ки бо ҳуқуқпоймолкуниҳо ва табақабандии номзадҳо ба «худӣ»-ю «бегона»-ҳо ва дағалона xалалдоршавии қонунгузории мамлакат дар давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон сурат гирифта истодааст».

Вале дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ин ҳафта дар матбуоти тоҷик як ҳодиси ғайримуқаррарӣ ба амал омад. Ҳафтаномаи «Адолат», нашрияи ҳизби демократи Тоҷикистон ин ҳафта зери як ном ва як шиноснома, ҳам аз сӯи демократҳои Искандаров ва ҳам аз сӯи демократҳои Собиров нашр шудааст. Аммо мӯҳтавои ин нашрҳои «Адолат» аз ҳамдигар ба куллӣ мутафовутанд.

Дар нашрияи «Адолат»-и демократҳои Искандаров вазъи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдорони номзадҳо ба мақоми раёстаи ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллифи матлаб навиштааст: «Ҳиҷ дар ёдам намеояд, ки масалан Абдуҳалим Ғаффоров, ки ӯро раиси ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон мешуморанд, аз интихоботи парлумонӣ то ба ин сӯ кори наҷибе карда бошад, ки боиси якбора нуфуз ёфтанаш гардида бошад. Аммо ҳайрон мешавам, ки чаро ӯ ва ҳизби ӯ садди панҷ дарсадиро, ки ҳамин яксаду шасту панҷ ҳазор имзои имрӯз ҷамъовардашударо ташкил медод, дар интихоботи парлумонӣ ба даст оварда натавонистанд. Агар хато накунам соли 2004, ки Ғафоровро раис карданд, матбуот озодтар буд ва имкони фаъолияти сиёсӣ бештар.»

Аммо нашрияи «Адолат»-и Собиров дар ин шумора изҳорот, чанд муроҷиатнома ва қарори ҳизби демократ ва ҳамчунин сӯҳбат бо Масъуд Собиров, ба сифати раиси ҳизби демократро нашр кардааст. Оқои Собиров дар сӯҳбат гуфтааст, ҳадафи зимоми раҳбарии ҳизби демократи Тоҷикистонро ба даст гирифтан эҳёи дубораи ин ҳизб аст. Ба гуфтаи ӯ раёсати собиқ аз ӯҳдаи идораи ҳизб набаромадааст.

Ин дар ҳолест, ки «Наҷот»,нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон навиштааст, ки Владимир Сотиров, раиси дафтари мусоидат ба сулҳи СММ дар Тоҷикисон пас аз мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавқеъгирии ҳизби ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро дурандешона унвон карда ва гуфтааст, таҳрим ё ширкат накардан дар интихобот роҳи ҳал нест.
XS
SM
MD
LG