Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду "Адолат", ду Ҳизби Демократ, ду Ҳизби Сотсиалист


Мепурсед:"Дугонагиҳо аз чӣ бармеояд?"
Аз дугонапарастӣ.
Иллатро набояд берун аз ҳизб кобед.Борандозӣ наметавонад, демократҳоро рӯйсафед намояд. Ман шахсан ҳаргиз намехостам, ки тақдири худрову ватани худро дасти ин дугонапарастҳо биспорам.
Шиори демократҳо аз кадом ойине, ки бошад, рафторашон низ аз руйи ҳамон ойин аст. Фақат намехоҳам Раҷаби Мирзо қурбони ин дасисаҳо гардад. У хело инсони хуб аст. Ба ӯ муроҷиат карда мегӯям: "Ту бо ин ягонапарастиат ҳаргиз миёни дупарастиҳо ҷой намеёбӣ.Худро эҳтиёт намо!!!
Рустам


Ҳукумати Тоҷикистон чунон кор мекунанд, ки гуё хабар надорад. Аммо мо медонем, ки ин кори ҳукумат аст. Мисле, ки сайтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон баста шуданд, гӯё ин кори вазорати алоқа аст. Аммо дурӯғ, ҳукумат мехоҳад, пеш аз интихобот ҳар коре, ки аз дасташ биёяд бикунад. Ва ба қайд гирифтани Ҳизби Собиров низ ҳамин гуна найрангҳои ҳукумат аст.
Нуфарн


Салом ҳаммеҳанони гиромӣ. Вақте он расидааст, ки аз хоби гарон хезем. Рости гап ин ришвахӯрии роҳбарони тоҷик диламро соф гирифтааст. Ин ҳизбҳо бояд ҳукуматро таҳти фишор гиранд, то ки тибқи Сарқонун ҳукумат кор кунад. Имрӯз дар демократия тамоман нест.
Даврон


Ман пурра ба Рустам ҳамфикр мебошам.
Ҳукумати лӯхтакбоз!



Ин ҳолат шармовар аст барои Тоҷикистон.
Бубинед аз ҳизбҳои "дупора" аслан пораҳое ки ҳукуматро қонеъ месозанд, ҳаққи расмият доранду онҳое ки не, "гайрирасмӣ" шудаанд.
Пас ҳукумат барои худаш ҳизб месозад?
Шармандагист ин. Барои тоҷикони ватандӯсту мустақил

Рустам Мерганов
---------------------------------------



Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG