Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коммунистони Бадахшон -- мубаллиғони Раҳмонов


Котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон Меҳриддин Замонов аз минбари Форуми шаҳрвандӣ дар Хоруғ изҳор дошт, ки дар интихоботи президентии 6-уми ноябр Эмомали Раҳмонов рақиб нахоҳад дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки Замонов худро чун шахси боэътимоди номзади коммунистон ба мақоми президенти Тоҷикистон Исмоил Талбаков муаррифӣ кард. Вай афзуд, худи Исмоил Талбаков дар ҷараёни мулоқот бо Замонов алтернатива надоштани Эмомалӣ Раҳмоновро дар интихобот эътироф намудааст.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар Бадахшон Алим Шерзамонов баён дошт, ки чунин мавқеъгирии намояндагони Ҳизби коммунист, гарчанде маъракаи таблиғоти расман шурӯъ нашуда бошад ҳам, аз ҳоли ҳозир бо истифода аз фурсати муносиб шикасти номзадашонро эътироф карда, ба таърифу тавсифи номзади ҳизби ҳоким мепардозанд. Мавсуф маъракаи пешазинтихоботиро дар Тоҷикистон ба чунин як маъракаи сиёсӣ дар Ӯзбекистон монанд мекунад. Вай гуфт, дар арафаи интихоботи президентии қаблӣ дар кишвари ҳамчавор низ номзадҳо ба президентӣ ва шахсони боэътимоди онҳо аз ҳимояти манофеъи ҳизбии худ даст кашида, барои мустақар кардани президенти амалкунанда Ислом Каримов, ки рақиби онҳо дар интихобот маҳсуб мешуд, бештар ғамхорӣ зоҳир менамуданд, ки ин амал як ҳолати мазҳакавиро дар саҳнаи сиёсии пешазинтихоботӣ ба вуҷуд оварда буд.
Дар ҳамин ҳол мутахассиси пешбари идораи маъорифи Бадахшон Хушназар Абдуласейнов ба ҳайси як ғайриҳизбӣ аз минбари форум фикри қатъи фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва барпо кардани диктатураи қонуниро дар ҷумҳурӣ ба миён гузошт. Ба ақидаи Абдуласейнов дар ҳоле ки бештари намояндагони мақомот аз маҳаллӣ сар карда, то ҷумҳуриявӣ узви як ҳизб ҳастанд, хоҳу нохоҳ барои амалӣ сохтани аҳдофи ҳизбӣ аз ваколаташон сӯъиистифода хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG