Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токтикҳои интихоботии аҳзоб


Одати баде дорам, ки ҳатман андарз ё қавли дигаронро бояд шарҳ диҳаму тафсир кунам. Ба гуфтаҳои Ортега-и-Гассет, устуворӣ ва ояндаи як ҷомеаи демократӣ ва ё демократихоҳ ба ҷараёни интихобот бастагӣ дорад. Файласуфи бузург сипас шӯхиомез интихоботро як ҷузъи хурдакаку дар зимн назарногир меномад, аммо дафъатан мисли он ки кӯҳро ба сари шумо мегардонад, мегӯяд, ҳама чизи дигар беҳуда ва камарзиш аст.

Оё Шумо ҳам ба ин фикред, ки суботу ояндаи Тоҷикистон ба интихоботи навбатии он пайванди бунёдӣ дорад? Пас рафтори ҳар нирӯ ё гурӯҳи сиёсӣ дар ҳифзи дастовардҳои демократӣ чигунааст ва онҳо аз чи роҳкорҳое истифода мекунанд? Оё рост зиёд аст ва ё дурӯғи сиёсӣ? Ва ё ҳама чиз қурбони манфиатҳои имрӯзист? Бо ҳам биншинему ҳамнафас бошему бигӯему бишнавем.

Мудири бахши таҳлилӣ дар Пажӯҳишгоҳи Аврупои Шарқӣ ва Кишварҳои муштаракулманофеъ Лев Вершинин мегӯяд, ҳизби ҳокими Халқию демократӣ сулҳу суботи Тоҷикистонро дастоварди асосии худ медонад ва дар саҳнаҳои интихоботӣ таблиғ мекунад. Ҳамзамон дар соли тамаддуни ориёӣ эҳсосоти миллии шаҳрвандонро ба ҷумбиш меорад. Тамаддуни ориёӣ дар ин саҳна ҳам маънии муқовимат ба густариши либерализми ғарбиро дорад ва ҳам мухолифат ба бунёдгароии исломиро.
Вершинин меафзояд, ҳизби ҳоким на танҳо тамоми нирӯи мақомоти идории давлатро истифода мекунад, балки ду ҳизби ба истилоҳи ӯ "техники"-ро таъсис додааст, ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ. Зимнан ин ду ҳизб аввалин шуда номзадҳои худро ба саҳна оварданд.
Аз Лев Вершинин мепурсам, аммо мухолифони сиёсии ҳизби ҳоким бо чи роҳе пеш мераванд?

"Мухолифон як шанси хеле ҷиддӣ доштанд, агар сахт муттаҳид мешуданд. Таҳлилгарони мо чунин пешомадро ҳадс мезаданд. Вале ин қадар мушкилҳое, ки ҳар кадоми ин аҳзоб бо онҳо рӯбарӯ шуданд, ба чунин эътилоф роҳ надод. Ва ҳоло, дар ин марҳила зуҳур накардани он ва ё фурӯ пошидани он мутлақан қонунмандона ба назар мерасад."

Шумо дар бораи токтикҳои интихоботии ҳизби ҳоким чанд нуктаи муҳимро баён кардед. Ва ба текнулуҷиҳои интихоботӣ ишора мекунед. Яъне ҳизби ҳоким ҳамаи дастовардҳои ҳукуматро корномаи худ мешуморад ва иштибоҳҳояшро пинҳон медорад, аммо чаро мухолифони ҳизби ҳоким аз иштибоҳҳои ҳукумат дар таблиғоти худ истифода намекунанд. Ва ё умуман касе касеро танқид намекунад, он гуна ки дар Ғарб аст ва гӯё ҳама аз пайи кори худ равон аст.

"Дар ҷомеаи воқеан демократӣ, вақте иқтисодиёт шукуфон аст, вазъи иҷтимоӣ олист ва ғайра, чунин танқиду фошгӯиҳо рӯзи баъд аз овоздиҳӣ фаромӯш мешаванд. Аммо дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ ингуна нест. Зеро ҳизбҳо бештар баёнгари манфиати гурӯҳ ё қишрҳоянд, ман калимаи клан ё сулоларо дӯст намедорам. Ин ҷомеа ҳанӯз ба дараҷае нарасидааст, ки чунин текникҳои муборизаи сиёсиро бипазирад. Аммо дар Тоҷикистон боз як ҳолатест, ки гӯё ҳамаи ҳизбҳо медонанд, як номзад вуҷуд дорад ва он бе ягон душворӣ ё тақаллубкориҳои бузург пирӯз мешавад, биноан, ҳоло фақат худро нишон медиҳанд, то баъд аз интихобот ва дар посух ба хизмати онҳо дар ҳифзи субот, ҳокимият ба онҳо назари мусбат андозад. Яъне дар ҷавоби субот манофеъ ва талаботи гурӯҳҳои муайянро, ки дар талабҳои ҳизбӣ баён шудаанд, ба назар гирад."

Ба ғайр аз ҷаноби Вершинин, ки дар интихоботҳои ахири Қирғизистон ва Озарбойҷон нозир будааст, афроди зиёде дар барномаи мо фикру андешаи худро дар бораи роҳкорҳои интихоботӣ, таблиғоти фишоромез ё фишори таблиғотӣ, таносуби дурӯғ ва рост дар сиёсат баён мекунанд.

Вале Вершинин мегуфт, ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, бешуурона ё бошуурона аз як чиз андеша доранд, ки ин ҳам ҳаст суботу оромии кишвар аст. Ин суханони ӯ ишораи як таҳлилгари тоҷикро ба ёд оварданд, ки гуфта буд, ҳама сулҳро мехоҳанд ва ин сулҳ ба маънии раҳбарияти Тоҷикистон аст.
Кадоме аз ин ҳуруф рост ва кадоме дурӯғи сиёсист?
XS
SM
MD
LG