Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роғун маътали чист?


шореҳи меҳмон

Раҳоӣ ёфтани мардуми Тоҷикистон аз бӯҳрони энергетикӣ, таъмини фаъолияти мўътадили корхонаҳо ва пешрафти иқтисоди кишвар аз бисёр ҷиҳат ба такмили сохтмони ниругоҳи Роғун вобаста аст. Аз ин рў, табиист, ки мардум ба ин масъала таваҷҷўҳи зиёд доранд. Тавре маълум аст, такмили сохтмони ин нирӯгоҳ тибқи созишномае, ки дар моҳи октябри соли 2004 байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия имзо шуда буд, ба ўҳдаи ширкати русии РусАл ("Русский Алюминий") гузошта шуда аст. Аз миён ду сол гузашт, вале кори асосӣ дар ин пружа ҳанўз оғоз нашудааст. Гузашта аз ин, акнун худи масъалаи иштироки РусАл дар сохтмони Роғун зери савол афтодааст. Сабаб он аст, ки аз як тараф, Тоҷикистон ва ширкати РусАл дар мавриди баландии сарбанд ва аз кадом мавод сохтани он ҳанўз ба мувофиқа нарасидаанд. Масъалаи саҳми тарафҳо дар ин пружа низ ҳанўз равшан нашудааст. Аз сӯи дигар, РусАл корҳои дигар ва барояш хело муҳим дорад ва дар пайи онҳо мегардад. Ширкатҳои РусАл ва СУАЛ дар садади бо ҳам пайвастан қарор доранд ва РусАл дар пайи ин ҳамоиш ба бузургтарин тавлидкунандаи алминиум табдил хоҳад ёфт. Ҳамчунон дар ин авохир ширкати алюминиуми Итолиё «Евроалуминиа»ро харидорӣ намуд. Ҳоло дар пайи сохтани як корхонаи дигари алюминиум дар Қирғизистон мебошад. Талошҳои РусАл дар ин замина дар бархе аз кишварҳои дигар низ идома дорад. Бинобар ин, кори сохтмони нирӯгоҳро ба таъвиқ андохтааст. Ба ақидаи баъзе коршиносон, як сабаби дигари маътал шудани сохтмони нирӯгоҳи Роғун мумкин аст, беҳтар шудани муносиботи Узбакистону Русия бошад. Узбакистон мухолифи он аст, ки нирўгоҳи Роғун бо баландии 335 метр сохта шавад ва ҳамчунон мухолифи тавсеъаи корхонаи алюминиуми тоҷик мебошад. Ба ҳар ҳол, сафари раиси РусАл ба Тошканд ва мулоқоташ бо президенти Узбакистон беасар намондааст.

Дар иртиботи ба таъхир афтодани кори нирӯгоҳи Роғун, чанде пеш президенти Русия ба президенти Тоҷикистон ваъда додаст, ки агар РусАл аз сохтани нирӯгоҳи Роғун рўй гардонад, ҳукумати Русия ин корро ба ўҳдаи худ хоҳад гирифт. Аммо маълум нест, ки ҳукумати Русия таҳти чи шароите ба ин пружа сармоягузорӣ мекунад. Оё ин воми боимтиёзу дарозмуддат хоҳад буд ё сармоягузории мустақими он кишвар? Агар самоягузории мустақим бошад, пас саҳми тарафайн чи гуна тақсиму муайян мешаванд? Бо дарназардошти сиёсатҳои бузургманишонаю тавсеъаталабонаи он кишвар, бо эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки ҳукумати Русия мекўшад саҳми бештари ин пружаи муҳими Тоҷикистонро соҳиб шавад ва иқтисоду сиёсати кишвари моро ҳар чи бештар вобастаю тобеъи худ гарданд. Мумкин аст, Русия ин корро бо дастони РусАл анҷом диҳад, зеро РусАл, дар ниҳояти кор, монанди дигар ширкатҳои бузурги давлати Русия - «Газпром» ва РАО ЕЭС - сиёсатҳои ҳукумати он кишварро амалӣ мекунад. Аз сўи дигар, барои Русия наздиктар шудан бо Узбакистон низ хело муҳим аст. Бинобар ин, ҳукумати Узбакистон метавонад аз тариқи Русия ба такмили сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва дигар пружаҳои муҳими Тоҷикистон таъсир расонад.

Ба ҳар сурат, ба таъхир андохтани сохтмони нирӯгоҳи Роғун, ки яке аз муҳимтарин пружаҳои миллии мо аст, кори савоб нест. Ҳукумати Тоҷикистон метавонад сармояи лозимаро аз кишварҳои дигар ва ё аз созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳодияи Рушди Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба кишварҳои фақир вомҳои дарозмуддат ва боимтиёз медиҳад, дарёфт намояд ва сохтмони пружаро ба анҷом расонад. Чунин равиш ба ҳифзи истиқлолият ва манофеъи миллии Тоҷикистон созгортар аст. Дар ҳар сурат, бояд кўшад, ки нирўгоҳи Роғун ва дигар пружаҳои стротежии Тоҷикистон дар ихтиёри давлат ва дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд. Дар ин кор равиши давлатҳои дигар, аз ҷумла худи Русия ибратбахш аст. Онҳо пружаҳои бузурги иқтисодиро сармояи миллӣ ҳисоб мекунанд ва мекўшанд, ки ширкатҳои хориҷӣ дар онҳо саҳме надошта бошанд. Барои мисол, соли гузашта замоне ки як ширкати аврупойӣ мехост 10% саҳмияи ширкати русии «Иркут» (тавлидкунандаи қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймоҳои «Эйрбас»)-ро харидорӣ кунад, ба мухолифати шадиди Русия рўбарў шуд.

Хулас, нирўгоҳи Роғун ва пружаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон пояҳои амнияти миллӣ мебошанд ва дар мавриди сарнавишти онҳо бояд бо эҳтиёти тамом тасмим гирифт.
XS
SM
MD
LG