Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти паҳлавонони тоҷик бо 4 медол аз Қазоқистон


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи гуштии дзюдо дар шаҳри Уст-Каменогорски Қазоқистон се медоли тилло ва як нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот беш аз 150 гуштигир аз 13 кишвар ширкат карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ гуштигирони маъруфи тоҷик Расул Боқиев дар вазни 73 килограмм, Парвиз Собиров дар вазни 90 килограмм ва Маҳмадамин Хонов дар вазни беш аз 100 килограмм мақоми аввалро касб карданд. Шералӣ Бозоров дар вазни 81 килограмм бо медоли биринҷӣ сарфароз гашт. Тими Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ пас аз тими Қазоқистон дар мақоми дуввум ҷой гирифт. Дастаи Узбакистон мақоми севвумро соҳиб шуд.

Як хабари дигар. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2006 дар майдони худ бар дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуд. Ду голро дар ин дидор Мансур Ҳакимов дар дақиқаҳои 13-ум ва 63-юм ба ҳадаф расонд. Як голро Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 41-ум вориди дарвоза кард. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тими «Хима»-и Душанбе дастаи меҳмон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод. Дар ин бозӣ Алиёр Ашӯрмаҳмадов, бозигари «Хима» дар дақиқаи 43-юм ҳисобро боз кард. Акмал Сабуров, аз дастаи «Вахш» дар дақиқаи 72-юм ҳисобро баробар намуд. Голи дуввум ва ҳалкунандаи дастаи мизбонро Дилшод Восиев дар дақиқаи 90-ум ба самар расонд. Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 30 сентябр баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG