Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суханронии Талбак Назаров дар Созмони Милал


Ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Нйю Йорк Талбак Назаров талошҳои байнулмилалӣ ҷиҳати муқобила бо қочоқи маводди мухаддирро нокофӣ хонд ва гуфт:

"Бояд гуфт, ки имрӯз талошҳои байналмилалӣ барои муқобила бо терроризм ба таври кофӣ муассир нест. Аз ин рӯ ба фикри мо, як самти талоши ҷомеаи байналмилалӣ метавонад, расонидани кӯмакҳои молӣ ва фанниву илмӣ ба Афғонистон бошад ва ҳамчунин таъсиси ниҳоди марзбонии муъосир ва тавонманд дар Афғонистон, то ки қодир ба ҳифзи марзҳои ин кишвар, аз ҷумла марзи Афғонистону Тоҷикистон бошад. Ҳамчунин пешниҳод мекунем, ки дар чорчӯби мушорикат дар ростои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқ бо ниҳодҳои Афғонистон ҳамкориҳои бештар роҳандозӣ шавад".

Ба қавли вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров, кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бояд дар роҳи эҳёи баъдазҷангии он ва бахусус рафъи мушкилоти ношӣ аз қочоқи маводди мухаддир нақши бештар дошта бошанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, субот дар Афғонистон ба нафъи тамоми кишварҳои Осиёи Марказист.

"Рушди равандҳои мусбат дар Афғонистон ҳамчунин шароити муносибро барои ҳамкориҳои минтақаӣ дар чорчӯби барномаҳои иртиботиву нақлиётӣ фароҳам мекунад, ки то ба бандарҳо мебаранд. Бунёди даҳлезҳои нақлиётӣ, эҳёи хатҳои Шоҳроҳи Абрешим системи роҳҳои пайвастаро ба вуҷуд меорад, ки таввасути онҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозорҳое бо дурнамои равшан роҳ меёбанд".

Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин аз сулҳу субот дар кишвараш суҳбат кард ва ҳамчунин ба тақвияти нақши Созмони Милал дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид кард. Вай афзуд:

"Бузургии вазифаҳое, ки ҷомеаи байнулмилалӣ бо онҳо рӯбарӯст, зарурати тақвияти созмони моро ба вуҷуд овардааст. Муссаламан, мо бояд ҳар кори мумкинро кунем, то ки Созмони Милал дар ҳалли масоили амнияти байнумилалӣ нақши муассиртар дошта бошад. Сарфи назар аз баъзе норасоиҳо, инсоният ба Созмони Милал умед бастааст, ки низоми ҷаҳонии боадолатро устувор хоҳад кард ва дар ростои мубориза бо фақр ва ҳодисаҳои табиъӣ ба муваффақиятҳои мушаххас даст хоҳад ёфт".

Талбак Назаров, ки беш аз 17 дақиқа дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал суҳбат кард, ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон қасд дорад соли 2010 як ҳамоиши байнулмилалии дигар роҷеъ ба оби поки ошомиданӣ баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG