Пайвандҳои дастрасӣ

"Энергетик" - пешсаффи тимҳои футболи лиги аввал


Ду бозӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лиги якум баргузор шуд.

«Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ бар «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба кард. «Гвардия»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Ҳосилот»-и Данғараро бо натиҷаи 5 бар 0 шикаст дод.

Дастаҳои «Энергетик» ва «Гвардия» 31-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале «Энергетик», ки як бозӣ камтар анҷом дода, шумори пирӯзиҳояш нисбат ба «Гвардия» як адад зиёд ва ҳамчунин таносуби тӯбҳояш беҳтар аст, дар ҷадвали бозиҳо дар мақоми аввал ҷой гирифтааст. «Гвардия» дар ҷойгоҳи дуввум мебошад. «Баракат»-и Шаҳринав бо 23 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаҳои «Ҳисор»-и Ҳисор, «Зарафшон»-и Панҷакент ва «Ҳулбук»-и Восеъ, ки ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар бозиҳо даст кашиданд, аз мусобиқот хориҷ гаштаанд.
Бад-ин тартиб шумори тимҳои лигаи аввал ба се адад коҳиш ёфтааст ва ҳамагӣ шаш даста муборизаро барои дарёфти роҳхатҳо ба лигаи олӣ идома медиҳанд.

Олим Юсуфов, бозигари «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо 11 гол дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойгоҳи аввал аст. Худойдод Нусратов, аз тими «Ҳисор» бо 9 гол дар мақоми дуввум мебошад.

Дар даври ояндаи мусобиқот рӯзи ҷумъаи 29 сентябр «Ҷавонӣ» - и Ваҳдат бо «Ҳосилот»-и Данғара ва «Гвардия»-и Душанбе бо «Баракат»-и Шаҳринав рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG