Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо Куриёи Ҷанубӣ рақобат хоҳад кард


Тими мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 17-сола дар Сингопур дар гурӯҳи «В» бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард.

Футболбозони навҷавони тоҷик дар даври севвуми мусобиқот бар тими Яман бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯзӣ ба даст оварданд. Қисми аввали ин бозӣ бо натиҷаи 2 бар 0 ба нафъи яманиҳо хотима ёфт. Голҳоро Муаҳад Ал-Амирӣ дар дақиқаи 41-ум ва Абдулло Умар дар дақиқаи 46-ум ба ҳадаф расонданд. Дар қисми дуввуми бозӣ бозигарони тоҷик паиҳам чаҳор гол заданд. Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 51-ум бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвоза кард. Баъди чаҳор дақиқа Давронҷон Тухтасунов ҳисобро баробар намуд. Капитани даста Фарҳод Умаров дар дақиқаи 67-ум тими Тоҷикистонро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 82-ум боз Тухтасунов муваффақ гашт. Голи охирини ин дидорро Ал- Амирӣ дар дақиқаи 92-ум ба самар расонд.
Бозии охирини гурӯҳи «В» миёни тимҳои Ирон ва Ироқ бо натиҷаи мусовӣ - 0 бар 0 ба поён расид.
Бад-ин тартиб тими Тоҷикистон - ғолиби гурӯҳи «В» дар бозии чаҳорякниҳоӣ бо дастаи Куриёи Ҷанубӣ, ки дар гурӯҳи «А» дар мақоми дуввум қарор гирифт, рақобат хоҳад кард. Тими Ирон, ки дар гурӯҳи «В» бо 4 имтиёз мақоми дуввумро касб кард, дар бозии чаҳорякниҳоӣ бо ғолиби гурӯҳи «А» - тими Жопун зӯрозмоӣ мекунад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳои гурӯҳҳо ба таври зайл аст:
Гурӯҳи «А»
Жопун - Непал - 6 : 0, Куриёи Ҷанубӣ - Сингопур - 3 : 1,Сингопур - Жопун - 1 : 1, Непал - Куриёи Ҷанубӣ - 0 : 2, Жопун - Куриёи Ҷанубӣ - 3 : 2, Сингопур - Непал - 0 : 0.
1.Жопун - 7 (3). 2. Куриёи Ҷанубӣ - 6 (3). 3. Сингопур - 2 (3). 4. Непал - 1 (3).

Гурӯҳи «В»
Тоҷикистон - Ироқ - 1 : 0, Ирон - Яман - 1 : 0, Тоҷикистон - Ирон -
2 : 1, Яман - Ироқ - 1 : 1, Тоҷикистон - Яман - 4 : 3, Ирон - Ироқ - 0 : 0.
1.Тоҷикистон - 9 имтиёз (3 бозӣ). 2. Ирон - 4 (3). 3.Ироқ - 2 (3). 4. Яман - 1 (3).

Гурӯҳи «С»
Куриёи Шимолӣ - Арабистони Саудӣ - 1 : 2. Мянма - Куриёи Шимолӣ - 2 : 6.
1. Куриёи Шимолӣ - 3 (2). 2.Арабистони Саудӣ - 3 (1). 2.Мянма - 0 (1).
8 сентябр - Арабистони Саудӣ - Мянма

Гурӯҳи «D»
Чин - Сурия - 1 : 0, Бангладеш - Вйетнам - 0 : 2, Сурия - Бангладеш -
7 : 0, Вйетнам - Чин - 3 : 3.
1.Вйетнам - 4 (2). 2. Чин - 4 (2). 3. Сурия - 3 (2). 4. Бангладеш - 0 (2)
8 сентябр - Чин - Бангладеш, Сурия - Вйетнам

Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 11 сентябр, бозиҳои ниманиҳоӣ 14 сентябр, бозӣ барои ҷойи 3-юм ва бозии ниҳоӣ 17 сентябр баргузор мешаванд.Чаҳор дастаи беҳтарини ин мусобиқот қораи Осиёро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони зери 17-сола, ки соли 2007 дар Куриёи Шимолӣ доир мегардад, намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG