Пайвандҳои дастрасӣ

"Туҳфа"-и шаҳрдорӣ ба навҷавонон


Ҳамакнун, ҳар рӯз мусофирон дар аксари автобусҳову троллейбусҳо шоҳиди низоъи байни хонандагону волидони онҳо бо ронандагон ва пулчинҳо мешаванд. Пулчинҳои мусофирбарон аз хонандагони макотиби миёна маблағи роҳкиро талаб мекунанд, вале бо вуҷуди таъкид ва тавзеҳи онҳо мусофирони наврас ва волидон ба ин бовар кардан намехоҳанд, зеро дар ин маврид ягон фармон ва санади расмие ба тасвиб нарасидааст.

Ба ҳар ҳол, дигар донишомӯзон ройгон ба автобусҳо роҳ дода намешаванд ва аллакай аксари наврасону кӯдакон ба мактаб пои пиёда мераванд.

Маъруф дар мактабе таҳсил мекунад, ки аз манзилашон 14 истгоҳ дур аст ва маблағеро, ки модараш ба ӯ барои хӯрок медодааст, акнун дар нақлиёт сарф мекунад. «Хонаамон хеле дур аст аз мактаб ва акнун маҷбурам, ки мактаб ба автобус биём, лекин дар мактаб ҳеҷ чиз намехӯрам, чунки маблағам намерасад.»

Муҳиддин, хонандаи дигар ҳам имкони ҳамарӯза 80 дирам сарф карданро надорад. «Ҳозир пиёда мерем, пиёда мебиёем аз мактаб. Аз хона барвақт мебароем, ки аз дарс дер намонем, ҳозир троллейбусу автобусҳо, ки пул мегиранд, дигар намешинем дар онҳо.»

Ва аммо Абдулло Абдулов, мудири шӯъбаи нақлиёт ва саноати дастгоҳи раёсати шаҳрдорӣ мегӯяд, чунин як имтиёзи хосе барои истифодаи ройгони хонандагон аз нақлиёти мусофирбар қаблан ҳам набуд, танҳо шаҳрдори Душанбе дар соли 2004 бахшида ба 80 - солагии пойтахт дар қатори дигар ашхоси имтиёздор ба мактаббачагони то синни 16 - сола ҳам ҳаққи истифодаи нақлиёти мусофирбарро ба таври ройгон дода буд, вале имрӯз ҳукумати шаҳр дигар чунин имкон надоштаст. Абдулло Абдулов меафзояд:

«Акнун вазъияти шаҳр ва ҳам вазъияти молиявии корхонаҳои нақлиётӣ бад шуданду дигар имконияти кашонидани хонандагон ба таври ройгон нест. Бинед сӯзишворӣ чӣ хел баланд рафт. Аслан, дар қонун дар бораи маориф ҳам имтиёз барои хонандагон наомадааст ва дар ягон ҷо ҳам чунин нест»

Вале Ҷалолиддин Амиров, корманди Вазорати маорифи кишвар мегӯяд, ҳарчанд, қарор ва ё қонуне барои имтиёзи хонандагон дар нақлиёт вуҷуд надорад, аммо асноди байналмиллалӣ, аз ҷумла, санади ҳуқуқи кӯдак таъмини ҳамагуна шароитро барои зиндагӣ ва таҳсили кӯдакону наврасон зарур медонад.

Назокат, як модари танҳост ва 3 фарзанди мактабхон дорад. Ӯ бо изҳори норозигӣ гуфт: «Ҳар рӯз 40-80 дирамӣ барои як нафар ҳисоб кунед, чӣ қадар мешавад? Боз барои мактаб ҳам пул даркору барои хӯрданашон ҳам. Фарзандони ман падар надоранд. Чунин оилаҳо зиёданд, як фикр кунанду барои мактабхонҳо нақлиётро бепул кунанд. Барои дигар чизҳо пул меёбанд-ку, мана барои идҳо ин қадар масраф мекунанд-ку»

Масъулини нақлиёти шаҳрдорӣ ҳамчунин таъкид мекунанд, ки дар пойтахт беш аз 100 мактаб фаъол аст ва хонандагон бояд дар мактабҳои назди манзилҳои худ дарс гиранду аз нақлиёт кам истифода баранд. Ва аммо волидон мактабҳои аз назари худ беҳтарро барои фарзандонашон интихоб мекунанд. Дар натиҷа, баьзан чунин мешавад, ки масалан як мактабхоне аз минтақаи фурӯдгоҳ барои расидан ба мактаб-литсейи худ, ки дар минтақаи 46-уми пойтахт ҷойгир аст, бояд аз хизмати чанд нақлиёти мусофирбар истифода барад.
XS
SM
MD
LG