Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон, Куриёи Ҷанубӣ, Жопун - дар даври чаҳорякниҳоӣ


Тимҳои мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон, Куриёи Ҷанубӣ ва Жопун ба даври чаҳорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони зери 17-сола дар Сингопур роҳ ёфтаанд.
Мубориза барои ба даст овардани панҷ роҳхати дигар ба марҳалаи дуввум миёни тимҳо дар гурӯҳҳо идома меёбад.

Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «В» пас аз пирӯзӣ бар тими Ироқ бо натиҷаи 1 бар 0 (голро Абдулқаюм Қаробоев дар дақиқаи севвуми вақти иловагӣ ба ҳадаф расонд), дар бозии дуввум тими Иронро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст доданд (ду голро ҳамлагари тоҷик Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаҳои 13-ум ва 23-юм ва бозигари иронӣ Меҳдӣ Доғогелӣ дар дақиқаи 75-ум вориди дарвоза карданд). Тими Тоҷикистон дар бозии чаҳорякниҳоӣ ё бо Куриёи Ҷанубӣ ва ё бо Жопун рақобат хоҳад кард.
Ду бозии дигари гурӯҳи «В» бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтааст: Ирон - Яман - 1 : 0, Яман - Ироқ - 1 : 1.
Бад- ин тартиб мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «В» ба таври зайл аст:
1.Тоҷикистон - 6 имтиёз (2 бозӣ). 2. Ирон - 3 (2). 3.Ироқ - 1 (2). 4. Яман -1 (2).
Дар даври севвуми мусобиқот рӯзи панҷшанбеи 7 сентябр Ирон бо Ироқ ва Яман бо Тоҷикистон бозӣ мекунанд.

Гурӯҳи «А»
Жопун - Непал - 6 : 0, Куриёи Ҷанубӣ - Сингопур - 3 : 1,Сингопур - Жопун - 1 : 1, Непал - Куриёи Ҷанубӣ - 0 : 2.
1. Куриёи Ҷанубӣ - 6 (2). 2. Жопун - 4 (2). 3. Сингопур - 1 (2). 4. Непал - 0 (2).
7 сентябр - Куриёи Ҷанубӣ - Жопун, Сингопур - Непал

Гурӯҳи «С»
Куриёи Шимолӣ - Арабистони Саудӣ - 1 : 2. Бозии Мянма ва Лаос баргузор нашуд, зеро лаосиҳо барои вайрон кардани низомномаи мусобиқот дар бораи маҳдудияти синну соли бозигарон дар ҷараёни Фестивали порсолаи футболи AFC аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё канор монд.
1.Арабистони Саудӣ - 3 (1). 2.Мянма - 0 (0). 3. Куриёи Шимолӣ - 0 (1).
6 сентябр - Мянма - Куриёи Шимолӣ
8 сентябр - Арабистони Саудӣ - Мянма

Гурӯҳи «D»
Чин - Сурия - 1 : 0, Бангладеш - Вйетнам - 0 : 2
1.Вйетнам - 3 (1). 2. Чин - 3 (1). 3. Сурия - 0 (1). 4. Бангладеш - 0 (1).
6 сентябр - Сурия - Бангладеш, Вйетнам - Чин
8 сентябр - Чин - Бангладеш, Сурия - Вйетнам

Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 11 сентябр, бозиҳои ниманиҳоӣ 14 сентябр, бозӣ барои ҷойи 3-юм ва бозии ниҳоӣ 17 сентябр баргузор мешаванд.Чаҳор дастаи беҳтарини ин мусобиқот қораи Осиёро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони зери 17-сола, ки соли 2007 дар Куриёи Шимолӣ доир мегардад, намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG