Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - кишвари кӯҳистонии бекӯҳнавард


Ба ҳамин суол Виктор Айзенберг устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва касе, ки барои фатҳи чаҳор қуллаи беш аз 7 ҳазор метрии қаламрави он иттиҳод унвони "бабри барфиро" гирифтааст, посух мегӯяд:


"Одамон ҳамеша ба навъҳои фавқуллодаи варзиш шуғл меварзиданд ва шояд ин дар табиати инсон нуҳуфта аст, ки ӯ таввакулро меписандад. Аз сӯи дигар табиати кайҳонӣ ба худ мекашад ва иллатҳои дигар: пирӯзӣ бар худ, пирӯзӣ бар заъифиҳои худ ва ҳамчунин таъми пирӯзӣ чун дар дигар навъҳои варзиш."


Қуллаҳое, ки Виктор Айзенберг аз болои онҳо ба зер нигоҳ кардааст, ва ё таври маъмул онҳоро фатҳ кардааст, инҳоянд қуллаи Ленин, Коммунизм ҳозира Сомонӣ, Корженевский ва Ғалаба. Одати инсон ин аст, ки агар дар садамае афтад баъдан аз рафтан ба минтақаи садама парҳез мекунад. Пас кӯҳнавардон низ баъди гирифтор шудан ба сахтӣ ҳангоми кӯҳнавардӣ низ аз ин навъи варзиш даст мекашанд, пурсидам аз Виктор Айзенберг:


"Инсон агар шаробхор бошад, бисёр вақт савганд мехӯрад, ки дигар наменӯшад, аммо баъдан ин савгандро аз ёд мебарад. Дар кӯҳнавардӣ низ ҳамин гуна аст. Масалан вақте дар охири ҳар мавсим кӯҳнавардон бисёр хаста мешаванд, дар садамаҳо ва ё гоҳе дар вартаи маргу зиндагӣ меафтанд, албатта андешаҳои раҳо кардани кӯҳнавардӣ пайдо мешаванд, аммо чун инсон ба шаҳр меояд ва бо мушкилоти рӯзгор рӯ ба рӯ мешавад, он андешаҳоро аз ёд мебарад ва ва аз нав ӯро кӯҳ ба сӯи худ мекашад."


Виктор Айзенберг ҳанӯз ҳам дар ватани кӯҳнавардон ба сар мебарад, яъне дар Тоҷикистон. Бале муболиға нахоҳад шуд, агар бигӯем, Тоҷикистон кишвари кӯҳнавардон аст, чаро ки 93 дар сади қаламрави кишвар кӯҳистон аст ва деҳоти зиёде дар бағали кӯҳҳо ҷойгир шудаанд.


Мардуми кишоварзи ин деҳот ба кӯҳҳо ба ҳезумчинӣ ва нигоҳубини ҳайвоноти хонагии худ мераванд ва шикору корҳои дигар. Аммо дар ватани ин зодагони кӯҳистон кӯҳнавардӣ ба маънии томи худ, яъне як навъи варзиш ҳоло рушди чандоне надорад.


Раъно Умарова - узви Федератсиюни Кӯҳнавардони Тоҷикистон ва раҳбари ширкати саёҳии Алп Машков, ки ба сафари кӯҳнавардони хориҷӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад, доир ба вазъи ин навъи варзиш гуфт:


"Кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон танҳо бо хоҳиш ва саъйи афроди алоҳидаи шефтаи кӯҳсорон рушд мекунад. Замони ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз мутахассисон кишвари моро тарк карданд ва ин сабаби рукуди саёҳиву кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон шуд. То оғози ҷанги дохилӣ дар 53 ум километри дараи Варзоб ӯрдугоҳи кӯҳнавардӣ буд ва роҳхат гирифтан ба он ҷо коре буд мушкил. Феълан ин урдӯгоҳ ҳоли харобе дорад."


Аммо бо вуҷуди ин гуфт, Раъно Собирова дар ватани кӯҳнавардон шумораи кӯҳнавардони касбӣ бештар мешаванд. Аз сӯи дигар Тоҷикистон ҳар сол мусобиқоти байналмилалии кӯҳнавардонро меҳмондорӣ мекунад, тавре ки имсол мусобиқаи навбатии кӯҳнавардони кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд кард:


"Шумори кӯҳнавардон дар Тоҷикистон ба оҳистагӣ зиёд мешавад. Ду кӯҳнаварди мо Евгения Лоренс ва Анатолий Шарипов бо иқдоми шахсӣ ва аз муҳаббаташон ба ин варзиш насли ҷавонро тарбия мекунанд. Шогирд гирифтаанд ва мусобиқоти баромадан ба қуллаҳоро баргузор мекунанд. Аз ин ҳисоб дар Тоҷикистон мутахассисони кӯҳнавардӣ каме зиёд мешавад. !


Аз сӯи дигар ба гуфтаи Раъно Собирова шумори кӯҳнавардони хориҷӣ, ки барои саёҳат ва фатҳи қуллаҳои Боми Ҷаҳон меоянд, батадриҷ меафзояд. Агар танҳо таввасути ширкати Алп-Машков дар соли 2003 ба Тоҷикистон 130 нафар кӯҳнавард омада бошад, пас имсол ба гуфтаи Раъно Собирова ширкати онҳо беш аз 200 кӯҳнавардро мунтазир аст.


Кӯҳнавардӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои саёҳӣ аст, ки миллиардҳо доллар фоида меорад. Роҷер Пейн, ки худ низ кӯҳнавард аст ва масъули рушди варзиш дар Федератсияи Байналмилалии Кӯҳнавардӣ ва дабири кулли собиқи Шӯрои кӯҳнавардони Бритониё будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон метавонад бо рушди чунин навъи саёҳӣ дар беҳбуди вазъи зиндагии мардуми фақири деҳоти кӯҳистони худ мусоидат кунад ва садҳо миллион доллар фоида бигирад:


"Ҷаҳонгардӣ ва саёҳат дар кӯҳсорон барои беҳбуди вазъи зиндагии мардуми деҳоти кӯҳистонӣ бисёр муҳим аст. Ба Алп бингарем, ки аз минтақаҳои рушдкардаи ҷаҳон маҳсуб мешавад ва мардуми ин минтақаи кӯҳистонӣ зиндагии бисёр хубе доранд.

Аммо 150 соли пеши мардуми Алп кишоварзони фақире буданд, ки зиндагии бисёр соддае доштанд. Ҷаҳонгардӣ як риштаи бузурги иқтисодӣ ҷаҳонӣ аст. Ҳар сол бештар аз 500 миллиар доллар барои ҷаҳонгардӣ масраф мешавад ва 90 миллиарди он дар минтақаҳои кӯҳӣ. Аз ин миқдор тақрибан 50 миллиард доллари он дар минтақаи Алп масраф мешавад.


Саёҳат дар кӯҳҳо роҳи бисёр хуб барои фароҳам кардани имконоти кор барои мардуми маҳаллӣ аст. Онҳо метавонанд ба саёҳон хадамоти мухталиф пешкаш кунанд, сар аз ҷойи хоб, то ба ғизову нақлиёт ва ғайра. Ин як роҳи бисёр хуб барои рушди минтақаҳои дурафтодаи кӯҳист."



Ба гуфтаи Роҷер Пейн шумори кӯҳнавардону дӯстдорони саёҳат дар кӯҳҳо дар ҷаҳон бисёр зиёд аст ва агар шароити хуб барои саёҳӣ дар Тоҷикистон фароҳам бошад, мардум ҳатман ба он ҷо хоҳанд рафт.



Ниҳоди ҷаҳонии кӯҳнавардон, яъне Федератсияи байналмилалии кӯҳнавардон дар 68 кишвари ҷаҳон 93 узв ва шарик дорад. Ва ҳар федератсия тақрибан дуюним миллион аъзо дорад. Аммо ҳисоб шудааст, ки танҳо дар худи Аврупо ҳамасола 20 миллион нафар ба саёҳати кӯҳҳо мераванд, барои кӯҳнавардӣ ва ғайра. Ҳамин гуна шумораи кӯҳнавардон шояд ду баробар ва ё аз ин ҳам зиёдтар бошад. Аммо ин арқом тахмин аст.


Раъно Собирова раҳбари ширкати Алп Машков дар Тоҷикистон умедвор аст, ки сол ба сол шумори кӯҳнавардони хориҷӣ, ки ба фатҳи қуллаҳои Боми Ҷаҳон меоянд бештар хоҳанд шуд ва дар пай шумораи саёҳони хориҷӣ, ки мехоҳанд кишвари саросар кӯҳистониро бубинанд:

"Ба андешаи ман пайроҳаҳои кӯҳии зебои мо аз байн нахоҳанд рафт."


Як телевизиони ҷумҳурии Чех низ чанде пеш филмеро доир ба саёҳат дар Тоҷикистон намоиш дод ва ончӣ ки дар филм бештар ситоиш мешуд кӯҳҳои сарбаланду барфпӯши Помир ва қаторкӯҳҳои сарсабзи дигар буд. Ва муаллифони филм саёҳонро ба Тоҷикистон мехонданд, ба кишваре, ки ба гуфтаи онҳо "мардумаш аз наздик ба умқи чашми ситораҳо" менигарад.
XS
SM
MD
LG