Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзона ва Озарахш


Агар Фарзона ва Озарахш дар ягон кишвари ғарбӣ ба сар мебурданд, равобити заношӯйии онҳо ҳар рӯз дар нашрияҳо чоп мешуд ва аз чӣ хӯрдану чӣ пӯшидан то кадом рӯз чӣ рӯҳия доштани онҳоро ҳама медонист. Вале фарҳанги ҷомеаи мо дигар аст. Мард -- беруни дар ва зан -- даруни дар. Аммо онгуна ки Сайидои Рустам менависад, Фарзона (яъне зан) шинохтатар аз Озарахш (яъне мард) аст ва Озарахшро бо вуҷуди он ки шоири хеле хуб аст, бархе мехоҳанд, бештар ҳамчун "шавҳари Фарзона" бишиносанд. Китоби нави Озарахш -- "Намози мусофир" нишон додааст, ки ду шоир бо ҳам дар рақобати шадиданд ва Озарахш мойил ба ин нест, ки дар сояи Фарзона бимонад. Пурсидам, зиндагии ду шоире монанди Фарзона ва Озарахш дар зери як бом оё чӣ гуна аст?
Озарахш: "Зиндагии ду одами оддӣ, ки фарқе аз дигарон надорад."
Фарзона: "Дӯсти мо Барзӯ як андарз доштанд, ки дар ишқ одамон ҳамдигарро ислоҳ намекунанд, балки пурра мекунанд ва такмил мекунанд."
Ман: "Агар бо ҳам муноқиша кунед, оё ин муноқиша низ бо шеър сурат хоҳад гирифт?"
Фарзона: "Не (механдад) бештар аз худамон озурда мешавем. Аммо агар ранҷише ҳам шуд, дер давом намекунад. Зуд ба ханда бадал мешавад."
Озарахш: "Бале, бо шеър, аммо бо шеъри сафед ва бевазну қофия (механдад). Аммо росташ, бояд ба бонуи худ сипос бигзорам, ки бо қаҳрамонӣ моро тоқат мекунад."

(Ҳама механдем ва чой менӯшем. Ҳуҷраи тарабхонаи "Барс" дар шаҳри Хуҷанд сокит аст, фақат аз берун садоҳо мерасад.)

Агар мақсади мо нигоҳи амиқ ба шеъри Озарахш мебуд, суоли ӯро аз кабӯтарҳо дар китоби "Намози мусофир" матраҳ мекардем, "ки дар андешаи мурғона маънои паридан чист, фарқи дар айвони масҷид ё калисо дона чидан чист?"
Ва ё мегуфтем, "шоире бо шабнаме дар барги гул бинвишт."
Вале моро бештар равобити инсонии ду шоир ба худ кашидааст ва аз он ҷо ки Фарзона мегӯяд, "ман ҳурии нилуфарам, рӯйида дар мурдобҳо", Озарахш мегӯяд, "сар барор аз об, эй нилуфар, офтоб омадааст, офтоби ошиқ." Шеъри Фарзона ва Озарахш ҳамоҳангиҳое дар сатҳи зарбони дил дорад, на дар сатҳи забон.
Ва ишқ ин ҷо ба оташе шабеҳ аст, ки метавонад, ҳама чизро бисӯзад.
Тафовути ошкор ин аст, ки Фарзона шоири як шаҳри классикист ва Озарахш бо деҳаи сабзи канори обшорони кӯҳистони дур мефахрад. Ва ҳиммати Ҳофизи Шерозиро дораду мегӯяд, "ман ба ин шаҳри қадим (яъне Хуҷанд) номи нав хоҳам монд, номи туро (яъне Фарзонаобод?)
Оё ишқи сӯзони кӯҳистони содаи дур, ҳасрати нооромии ботинӣ дар шаҳри бостонӣ, аммо пурпечутоб аст? Оё кӣ ба саҳро ё боғи кӣ табдил меёбад ва ё дӯст дорад, табдил биёбад?
Аз Муртазо, наздиктарин дӯсти Озарахш , ки мегӯяд, як инсони оддист ва солҳост Озарахшро мешиносад, мепурсем, оё муҳимтарин хислати ӯ чист? Мегӯяд: "Тозагии қалбаш, беғубории қалбаш. Вай агар хоҳад ҳам наметавонад, кина бигирад."
Ва айни суол аз як наздиктарин каси Фарзона, хоҳараш Матлуба, ки муҳаққиқи эҷодиёти Фарзона низ ҳаст, дода шуд. Посух: "Нармдилӣ ва хоҳиши некӣ кардан ба ҳама."
Дар он сӯҳбати рӯбарӯ дар шаҳри қадимию сокити Хуҷанд, гуфтам, шунидаам, ки шеър дар як ҳолати бехудӣ, таҳтушшуран ба дунё меояд. Аз ҷои дигар меояд. Аммо ҳар касеро ки пурсидам, фарқеро дар миёни Фарзонаи шоир ва Фарзонаи инсон, Озарахши шоир ва Озахарши инсон қойил нашуданд.
Назари худи шумо чист?
Фарзона: "Гоҳо, чунонки шумо гуфтед, ҳаракати бешууронае дар тафаккури мо ҳангоми гуфтани шеър сурат мегирад. Ба инсоне табдил мешавем, ки хеле хеле маҷзуби шеър аст ва таҳти ҷазаботи қувваҳои болоӣ дар ҳолати худбохтагӣ қарор мегирад ва ончи мегӯяд, худаш ҳам дар ҳамон лаҳазот эҳсос намекунад. Масалан, Пушкин мегӯяд, ки фақат дар лаҳзаи шеър гуфтанаш шоир аст, дигар на. Ва дар ҳоле ки шеър мегуфт, як шахсияти боазамат ва бошукӯҳу дастнорас мешуд, монанди нафаре ки меъроҷ кардааст ва инсонҳои оддӣ бо ҳазор даст афрохтан ва бо ҳазор парвоз то вай намерасанд. Вале дар зиндагӣ, дар ҳолати дигар мебинед, ки як нафари хеле муқаррарию маъмулӣ, ки ҷурмҳояш ҳам шабеҳи ҷурмҳои дигаронанд ё шояд бештар аз дигарон. Аммо Фурӯғ мегуфт, ки шоир бояд нафаре бошад, ки дар тамоми лаҳазоти зиндагӣ рӯҳи шоиронаи худро ҳифз кунад ва ҳамеша инсонгаротарин бошад ва ҳаргиз аз ҳамон мақоми баланди шоирии худ таназзул накунад."
Озарахш: "Як шоир ба фикри ман бояд ба дарё монанд бошад. Дарёвор равад то ҷоеро сарсабз кунад. Албатта, ин дарё гаҳгоҳе аз соҳилҳои худ берун меравад. Шояд шоир ҳам ин гуна аст. Шеъраш, афкораш, рафтораш. Аммо дар ҳама ҳолат шоир созанда аст ва пайи ободии атрофиёни худ, ҳамсояи худ аст."

Фарзона дафъатан ба ёд меорад, ки вақте ба фарзандони худ чизе тӯҳфа мекарданд, ба дӯстони онҳо, фарзандони ҳамсоя низ аз он мегирифтанд, то онҳо имтиёзу бартарие надошта бошанд.
Ман мепурсам, дар солҳои сахти 1993-94 оилаи шоирон чӣ ҳоле дошт ва ногаҳон маълум мешавад, ки Фарзона дар он солҳо хайётӣ мекарду бонуи ҳамсоя дасткорҳои Фарзонаро ба бозор мебурд, то бифурӯшад. (Куҷоед, ҷӯяндагони ашёи таърихӣ!)
Ва Озарахш бо муҳаббат аз мухлисони шеър ёд мекунад, ки дар он солҳо ба хонаи шоирон ғизо мефиристоданд.

Ва дар поёни барнома навбат мерасад ба суоли хонандагони сомонаи интернетии мо. Гуразми Тоҷикфар навиштааст, оё рост аст, ки президенти пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ ба Фарзона як кӯзаи тило ҳадия кардааст.
Фарзона мегӯяд, оре, як кӯзаи мунаққаш, вале на аз тило, аммо рамзе гаронбаҳотар аз тило.
Мӯҳсини Ҷаббориён мепурсад, оё шоирони мо ба фарзандони худ чи номҳое гузоштаанд:
Ҷавоби Озарахш: Соҳиби ду духтар ва як писар ҳастем ва исмашон Шоҳона, Шаҳнавоз ва Ҳумоюни чаҳорсола.
Ду суоли дигар ба шеъри порсӣ дар замонаи сангину оҳанин ва электронию диҷитол ва ёфтани хонанда дахл дошт.
Посухи Фарзона ин буд, ки ору дар ин қарни тафаккури компютерӣ шеър харидори кам дорад, вале рисолати шоирон дар ҷабини онҳо ҳак шуда, ки бояд бо умеди он хонандаи закӣ ҳуруф мавзун кунанд.
Шояд бо дарназардошти сафари ахири Фарзона ва Озарахш дар рикоби раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд ва ё куллан таваҷҷӯҳи ҳукумату сиёсатмадорон ба ин шоирон аст, ки пурсидаанд, агар шоиронро дарборию мардумӣ гӯянд, шумо аз кадом бахшед.
Посухҳои Фарзона ва Озарахш муфассалу таҳлилиянд, биноан, бо посухи содаву барои пурсандаҳо фаҳмои Матлуба қаноат мекунем: "Онҳо ҳамроҳи мардум, дар миёни мардум ва бо мардум зиндагӣ мекунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон, онҳоро шоири дарборӣ номид."

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG