Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими футболи «Ҳисор» аз мусобиқот канор монд


Бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лиги аввал баргузор шуд.
Тими «Ҳосилот»-и Данғара дар майдони худ бар дастаи «Апрелёвка»-и Қайроққум бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб омад. Вале дар бозии дигар тими «Ҳисор»-и Ҳисор ба бозӣ бо дастаи «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат ҳозир нашуд. Бинобар ин, «Ҷавонӣ» бо натиҷаи худкори 3 бар 0 пирӯз дониста шуд.

Мирзо Муҳаммадҷонов, муъовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, дастаи «Ҳисор», ки ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар бозиҳо даст кашид, бо қарори кумитаи иҷроияи федеросиюн аз мусобиқот канор монд ва бар асоси низомномаи мусобиқот дар бозиҳои баъдӣ ҳарифони «Ҳисор» бо натиҷаи худкори 3 бар 0 бар он тим ғолиб дониста мешаванд.

Тими «Энергетик»-и Душанбе бо 20 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти лиги аввал садрнишин аст. Тими «Гвардия» ҳам 20 имтиёз ба даст овардааст, вале шумори пирӯзиҳояш нисбат ба пешсафи мусобиқот як адад камтар аст, бинобар ин, "Гвардия" дар мақоми дуввум қарор гирифтааст.

Олим Юсуфов, аз дастаи «Ҷавонӣ» бо 11 гол дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот мақоми аввалро ишғол мекунад.

Мақоми дастаҳо дар ҷадвали
бозиҳо то 9 сентябр

Б Ғ М Б Т И
1. «Энергетик» 9 6 2 1 25-7 20
2. «Гвардия» 10 5 5 0 17-6 20
3. «Ҳисор» 10 5 3 2 19-12 18

4. «Ҳосилот» 10 4 4 2 18-11 16
5. «Апрелёвка» 9 4 0 5 22-15 12
6. «Ҷавонӣ» 11 3 3 5 20-22 12
7. «Баракат» 10 3 2 5 11-22 11
8. «Ҳулбук» 9 3 1 5 12-20 10
9. «Зарафшон» 8 0 0 8 7-36 0
XS
SM
MD
LG