Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддини Кабирӣ раҳбари Ҳизби Наҳзат интихоб шуд


Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ин ба баъд раҳбари маънавии ҲНИТ хоҳад буд

Муҳиддин Кабирӣ, танҳо вакили фаъъол аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар порлумони кишвар рӯзи шанбе, дуюми сентябр дар Анҷумани фавқулъодаи Ҳизби наҳзат раиси ин ҳизб интихоб шуд. Муҳиддин Кабирӣ қаблан муъовинати Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари фақиди ҳизбро бар дӯш дошт, пас аз даргузашти ӯ сарпарасти Ҳизби наҳзат буд. Оқои Кабирӣ танҳо номзад ба симмати раёсати Ҳизби наҳзат буд, ки Раёсати Олии ҳизб пешниҳод намуд ва ин пешниҳод дар Анҷумани панҷуми фавқулъодаи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар як овоздиҳии ошкоро бидуни ягон раъйи мухолиф қабул гардид. Оқои Кабирӣ дар нахустин суханронии худ ба ҳайси раиси Ҳизби наҳзат гуфт:


«Бо интихоби банда, ки камтарини шумо ҳастам, бо ин интихоб шумо исбот кардед, ки давомдиҳандаи роҳи Устод ҳастед. Ин интихоби шумо интихоби Муҳиддин Кабирӣ набуд, бо ин интихоб шумо гӯё бори дигар ба Устод Нурӣ раъй додед.»


Муҳиддини Кабирӣ гуфт, тақвияти пояҳои ҳизб ва ҳифзи он ҳамчун созмоне, ки дар замони раҳбарии Абдуллоҳи Нурӣ буд, аз вазоифи аввалияи раиси тозаинтихоби Ҳизби наҳзат аст. Оқои Кабирӣ бо ишора ба вазъи сиёсии феълии кишвар ва дохили ҳизб масъулияти ба дӯш гирифтаи худро мушкил арзёбӣ кард ва афзуд, ки ин марҳалаи, ба гуфтаи вай, буҳронӣ бо кумаки Худо ва ҳамдилии аъзои ҳизб пушти сар хоҳад шуд.


Ва аммо дар мавриди ҳарфҳое, ки гуфта мешуд, дар ҳизб ихтилофоте вуҷуд дорад ва дар дохили ҳизб ду равияи ислоҳотхоҳ ва муҳофизакор мавҷуд аст, раиси тозамунтахаби Ҳизби наҳзат гуфт:


«ҲНИТ тавонист, аз ин ду андеша агар дар ҳизб вуҷуд дошта бошад, ба дурустӣ истифода намояд ва инро ба як нуқтаи қувваи ҳизб табдил диҳад. Мо агар ин ду андешаро ба муқобили ҳам бигзорем, ба натиҷае нахоҳем расид, балки ин ду андеша бояд бо ҳам тавъам бошанд, дар паҳлӯи ҳам бошанд ва ҳамчуноне, ки Устод тавонист, аз ин ду андеша бо як камоли сиёсатмадорӣ истифода намояд, иншоаллоҳ, дар оянда ҳам идома хоҳем дод истифодаи ин ду роҳро.»


Муҳиддин Кабирӣ бо хитоб ба тарафдорони эҳтимолии ин ду андеша афзуд, то ҳама афкор ва талошҳои худашонро барои пешрафти ҳизб сарф намоянд. Сайид Иброҳими Муҳаммадназар, раҳбари бахши фарҳанги Ҳизби наҳзат дар мавриди ин мавзӯъ гуфт:


«Бародарони азиз, мо аслан ҳама ҳам рӯҳонӣ ва ҳам ислоҳотхоҳ ҳастем. Дар Ҳизби наҳзати исломӣ касе нест, ки рӯҳонӣ набошад. Аслан, маънии рӯҳонӣ чист? Инсоне, ки намоз мехонад, рӯза мегирад. Бародар Муҳиддин Кабирӣ шояд аз ман бештар намоз мехонад. Мо ҳама ислохотхоҳем. Мо мехоҳем, ҳизби мо ислоҳ шавад, пешрафт намояд ва иншоаллоҳ, дар ҳамин партави рӯҳоният ва ислоҳотхоҳӣ ҳизбро ба пеш хоҳем бурд.»


Владимир Сотиров, намояндаи дабири кулли Созмони Милал дар Тоҷикистон, Мӯсо Асозода, раҳбари дастгоҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, намояндаҳои сафоратҳои Русия ва Эрон дар Душанбе Муҳиддин Кабириро табрик гуфтанд ва ибрози умедворӣ карданд, ки ҳизб зери ливои раҳбари нав бо роҳи пешини худ қадам хоҳад зад.


Дар Анҷумани фавқулъодаи Ҳизби наҳзат ҳамчунин мақоми вижае барои Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ноиби собиқи раҳбари ҳизб таъсис шуд ва аз ин ба баъд оқои Ҳимматзода раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хоҳад буд. Дар ин Анҷуман ҳамчунин писари бузурги Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон бидуни тағйире дар шумори ҳайъати Раёсати Олии Ҳизби наҳзат ва ба тариқаи истисно аз оинномаи ҳизб ба узвияти ин раёсат пазируфта шуд.


Раиси тозамунтахаби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кори анҷумани ҳизб то нимаи дуввуми моҳи сентябр танаффус эълон кард. Дар қисми дуввуми Анҷумани Ҳизби наҳзат пас аз ду ҳафта масъалаи ширкати ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG