Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cоли таҳсили 2006-2007


DR Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз шуд. Оё аз масъулони омӯзишу парвариши кишвар пурсише доред?

Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ шавадат рӯзат аз рӯз.

Як лаҳза ба ин гуфтаҳо биандешед ва ҳам ба сатҳи дониши мо. Ин сатрҳо имруз дар ҷомеаи мо шакли дигарро ба худ касб кардаанд ба иборае ки;
Долар талабу ғановат ҷамъ кун
То бех гардад рӯзат аз рӯз
Ин аст шиори олӣ ва усули иртиқои баъзе аз устодони мӯҳтарами имрӯзаи ҷамъияти мо. Аз ҳама масъулон ва муаллимон хоҳиш мекунам ки миллатро ба вартаи табоҳӣ накашанд ва бо нияти пок ва иродаи накӯ барои ҳастии миллат кӯшиш ва талош варзанд.
Салимҷони Шарифҷон
----------------------------------------------


То кай мо ба воситаи пул метавонем диплом ба даст орем? То кай мо мактабу донишгоҳро макони пулу фоида мебинем? То кай донишҷӯи тоҷик бо дасти холӣ ба донишгоҳ омаданро боиси ифтихор мебинад?
Манучеҳр
----------------------------------------------

Салом ба талабаҳову донишҷӯён ва устодону муъаллимони муҳтарам. Дар соли таҳсили нав ба ҳаматон муваффақиятҳо орзумандам. Умедворам, ки рӯзе расад, ки дигар аз талаба пардапулию таъмирпулии ину он напурсанд ва ҳамчунин донишҷӯён ба ҷои дарс хондан барои кор ба Русия нараванду устодҳо ҳам муздашон баланд бардошта шаваду дигар ба донишҷӯён китобфурӯширо бас кунанд, то кишвари азизамон обод гардад. Умедворам, ки дигар духтаронро ба хотири либоси исломию миллиашон аз мактабҳову донишгоҳҳо берун накунанд, то онҳо ҳам дар кишвари худашон таҳсил кунанд ва ба мисли масеҳию яҳудӣ ҳадди ақал ҳаққи пӯшондани худашон аз чашми дигаронро дошта бошанд дар давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ!
Салим
----------------------------------------------

Бо арзи салом. Дар робита бо таълим инро мехоҳам бигӯям, ки таълим асоситарин омили пешрафти ҳар кишвар мебошад. Аммо пешрафти таълим дар ҳар кишвар ба андешаву ақидаи ҳоким дар он кишвар бастагӣ дорад. Пас оё ин андеша ва ақида дар кишвари мо чист?
Абдулваҳҳоби Салимшоҳ
----------------------------------------------

Масъулони муҳтарам! Шумо бигӯед, кай пулгириро бас мекунед? Кай воқеъан ба фикри миллат мешавед?..
Ҷӯра
-----------------------------------------------

Мехоҳам ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунам, ки ҷаноби оқои вазир Раҳмонов! Биёед ё дунболи дарс биравем ё дунболи ҷашнвораҳо. Ба хотири ҷашнҳои кишварӣ, ки он ҳам ба охир намерасад, на донишҷӯ ҳол дорад, на талаба. Албатта, онҳо метавонанд дар оянда барои хубу беҳтар гузаронидани чорабиниҳо ва ҷашнвораҳо кодрҳои болаёқате бошанд.
Низом Ассомуддинов
-----------------------------------------------

Салом бар мардуми тоҷик. Ин рӯзи фархундаро ба тамоми мардуми тоҷик, махсусан ба мардуми доништалаб табрик мегӯям ва орзумандам, ким кишвари азиз ва мардуми тоҷик дар саҳнаи илму фарҳанг яке аз пешрафтатаринҳои дунё бишавад. Соли нави таҳсили хубе дошта бошед.
Ёсин
-----------------------------------------------

Саломе чу бӯи хуши ошноӣ... Баррасии вазъи омӯзишу парвариши кишвар ин ҳақиқатро бозгӯ мекунад, ки сиёсати кишвар дар омӯзишу парвариш ба он равона шудааст, ки миллати тоҷик бояд дар ҳолати ҷаҳлу бесаводӣ нигаҳ дошта шавад. Банда аз масъулони омӯзишу парвариш пурсиданиам, ки охир чаро?
Ҳидоят

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG