Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё президент Каримов тамоми сулолаҳои қудратманди Ӯзбакистонро таҳти назорат дорад?


Коршиноси умури Ӯзбакистон дар пажӯҳишгоҳи Чатам Ҳаузи Лондон - Ҷеймс Никсей мегӯяд, ки бо заиф кардани сулолаҳо мавқеъи Каримов бештар аз ҳар вақти дигар қавитар мешавад:
"Дигаргуниҳои ахир дар сатҳҳои болоии сиёсати Ӯзбакистон нишон медиҳад, ки истифода аз усули кӯҳна – яъне сари ҳар вақт табдил кардани вазирон бо ҳадафи он, ки ҳеҷ кас дар як ҷой мавқеъи худро мустаҳкам накунад – ба режими Каримов замонати онро додааст, ки ӯ то вақте ки зинда аст, қудраташ идома хоҳад кард".
Ин коршинос ҳамчунин дар Ӯзбакистон барпо шудани ягон навъи ошӯби мардумиро, ки боиси аз қудрат дур шудани Каримов гардад, аз эҳтимол дур медонад.
Никсей мегӯяд, баъди таҷрибаи талхи Андиҷон, мардуми ин кишвар дар гумон аст, ки ба ин зудӣ ба зидди ҳукумат ягон иқдом кунад. Сафири собиқи Британия дар Тошканд Крейг Марий низ ба ҳамин назар аст:
"Агар мардум тасмим бигиранд, ки Каримовро бо роҳи хушунат аз қудрат дур кунанд, чунин иқдом бо эҳтиёти аз ҳад зиёд тарҳрезӣ хоҳад шуд. Зимнан, нишонаҳое вуҷуд доранд, ки баъзеҳо дар дохили хадамоти амниятӣ, артиш ва вазорати корҳои дохилӣ низ эҳтимол аз чунин кӯшишҳо ҷонибдорӣ хоҳанд кард. Вале ҳеҷ кас ҷонибдори такрори рӯйдодҳои Андиҷон нест."
Яке аз иқдомҳои зидди Каримов аз ҷониби сиёсатмадори бонуфуз Исмоил Ҷӯрабеков сар зад. Ҷӯрабеков низ зимнан чун худи Каримов аз сулолаи Самарқанд аст. Вале ин боиси якбора ба поён расидани карйераи сиёсии Ҷӯрабеков дар соли 2004 ум шуд. Ӯ ба зудӣ аз мақоми мушовири раиси ҷумҳурӣ барканор карда шуд.
Соли 2005 намояндаи дигари сулолаи Самарқанд Зокир Олматов бо пеш овардани баҳонаи беморӣ аз мақоми вазири корҳои дохилӣ истеъфо дод. Аз кор рафтани ӯ зарбаи дигаре ба сулолаи Самарқанд буд.
Каримов ба ҷойи ӯ муовини раиси Хадамоти амнияти миллиро ба мақоми вазири корҳои дохилӣ муқаррар кард.
Каримов моҳи ноябри соли 2005 вазири дифоъ Қодир Ғуломовро ба истеъфо маҷбур карда, бо ин роҳ сулолаи Тошкандро заифтар кард. Қабл аз истеъфои Ғуломов яке аз хешовандони вай, ки замоне раҳбари сулолаи Тошканд ба шумор мерафт, аз мақоми мушовири президент дур карда шуд.
Крейг Марий мегӯяд, дар Ӯзбакистон кам касон қудрати воқеъии сиёсӣ доранд. Ба гуфтаи ӯ, сармояи асосии кишвар дар дасти духтари калонии Каримов - Гулнора ҷамъ шудааст. Гулнора Каримова гӯё аз ҷумла, тиҷорати нафту газ ва мухобиротро зери назорат дорад.
Ба назари сафири собиқи Британия Крейг Марий дар Ӯзбакистон эҳтимоли бо роҳи шӯриши мардумӣ аз кор дур кардани Каримов вуҷуд дорад. Вале ҷомеашиноси муқими Тошканд Баҳодур Мӯсоев мегӯяд, Каримов низоми ҳукуматдории мутлақро ба вуҷуд овардааст ва ба ин сохтор хатар аз дохил таҳдид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG