Пайвандҳои дастрасӣ

Ниёзи мактабҳои Суғд ба омӯзгор


Ба гуфтаи Мирзо Аҳмадзода - муовини мудири идораи маорифи Суғд, ин рақам дар соли гузаштаи таҳсил камбуди муаллимон ба 1900 нафар баробар буд. Оқои Аҳмадзода дар бораи сабабҳои норасоии муаллимон дар мактабҳои миёнаи Суғд гуфт : «Хатмкунандагони бо тахассуси омӯзгорӣ дониши кифоя ба оғози кори муаллимӣ надоранд. Чун онҳо дониш ва маҳорати ҷавобгӯ ба талаботи рӯз надоранд, ҷуръат пайдо намекунанд ба кори омӯзгорӣ шурӯъ кунанд. Ин чизи аз ҳама асосӣ аст. Сабаби дуюм ин, ки ҳоло ҳам маоше, ки барои муаллимон муқаррар шудааст - ҳудуди 80 сомонӣ барои як баст дарси омӯзгори тахассусаш дараҷаи олӣ - ин маош эҳтиёҷи омӯзгорон ва аҳли оилаи онҳоро дар шароити имрӯза пурра қонеъ карда наметавонад
Мирзо Аҳмадзода - муовини мудири идораи маорифи Суғд афзуд, ночизии маош бархе аз омӯзгорони Суғдро водор кардааст касби муаллимиро канор гузошта, тиҷорат ва мардикорӣ дар бозорҳои дохилӣ ва Русияро ихтиёр кунанд.
XS
SM
MD
LG