Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоири мунаққиди тоҷик даргузашт...


устод Ғаффор Мирзо аз олам даргузашт. шоири мардумӣ дар синни 77 Рӯзи 26.08 соли равон Эй хок! Чӣ хӯрдӣ, ки бад- ин ташналабӣ ин қадр зиёд ашку хун металабӣ! (аз дафтари Ғаффор Мирзо)

САЙЁФИ МИЗРОБ

Ғаффор Мирзо, ба иттилоъи Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, муаллифи 100 достон ва 50 маҷмӯъаи ашъор буд, ки аз худ як мактаби комили адабӣ боқӣ гузошт.

Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, Ғаффор Мирзо авохири солҳои 50 асри гузашта, пас аз хатми Донишгоҳи адабии Маскав ба олами шеъри тоҷик бо мактаби ҷадиди ғарбӣ - мактаби Борис Пастернак ворид шуд. Ғаффор Мирзо ба гуфти Мӯъмин Қаноат аз нахустин шуарои нимаи дуввуми асри 20 и тоҷик буд, ки ба идеоложик ва зиндагонии пасипардагии Шӯравӣ бо назари интиқод нигарист ва шеъри танқидиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кард:

«Ӯ шоире буд, ки ҳамин корро кард-мактаби шеъри танқидиро роҳандозӣ кард ва боҷуръатона дар шеъру мақолоту гузоришҳояш камбуди ҷамъиятро рӯшод мегуфт!»

Ҳабибулло Файзулло, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ғоиб Сафарзода, Гулрухсор, ки дар солҳои 60 - уми асри пор аз худ асаре вогузоштаанд ва шеърро мартабаҳо бахшидаанд, ба иттилоъи устод Қаноат хӯшаҳо аз хирмани мактаби Ғаффор Мирзо бардоштаанд.

Ғаффор Мирзо дар шеъри тоҷик таҳаввулоти назаррас ворид кардааст. Ӯ нахустин нафаре буд, ки дар адабиёти тоҷик романи манзум навишт, таҳти унвони «Фарзанди ҳукумат» ва бо достони «Асрор» дар соли 1957 дар миёни шуарои Шӯравӣ, ки ливобардори адабиёту фарҳанги русӣ маҳсуб мерафт, дар озмуни байнулмилалӣ дар соли 1957 дастболо шуд ва муаррифии шеъри муосири тоҷик гардид.

Ва аммо чаро Худобиомурз Ғаффор Мирзо, ки бо шӯру шар вориди адабиёти тоҷик шуд ва шӯҳраи замони худ буд, баъдан ба бӯҳрони шеър дучор гардид? Меҳмон Бахтӣ мегӯяд, як сабаби аслии ин шикаст дар фошу бепардагӯйии шоир буд. Мӯъмин Қаноат меафзояд:

«Ягона камбуди дигаре, ки то авохир ӯро пайгир буд ва аз пешрафти минбаъдаи ӯ ҷилавгир шуд, нигилизми адабӣ буд, яъне Ғаффор Мирзо ададбиёти клоссикро қабул надошт ва шеъри клоссикони форсу тоҷикро шеъри кӯҳна мехонд ва ба ин шеър назари хуш надошт»

Ҷанозаи марҳум рӯзи якшанбеи 27 август баргузор гардид. Турбати шоир дар мазористони маъруфи Лучоб, паҳлӯи Мирзои Турсунзодаву Лоиқи Шералӣ ва Одинаи Ҳошим макон гирифт
XS
SM
MD
LG