Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад


Беҳтарин теннисбозони навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.
Мансур Яҳёев, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шаш нафар теннисбозони ҷавони тоҷик низ муборизаро барои дарёфти ҷоизаҳои ин мусобиқа идома медиҳанд.Оқои Яҳёев афзуд: " Дар ин мусобиқа зӯртарин дастаҳои теннисбозони ҷавони минтақа ширкат мекунанд ва он ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ шабоҳат дорад. Варзишгарони Узбакистон муддаии аслии Ҷоми президенти Тоҷикистон мебошанд. Вале мо низ кӯшиш мекунем, ки барандаи ҷоизаи аслӣ шавем."
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни писарон Бахтиёр Саъдуллоев, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Санҷар Файзиев, ғолиби мусобиқаи соли гузашта аз Узбакистон ва Аҳмадҷони Муҳаммад, теннисбози тоҷик бо Михаил Есипови узбакистонӣ рақобат мекунанд. Дар сабқати духтарон ду теннисбози Узбакистон - Алиса Огородова ва Нигина Абдураҳимова байни худ қувва меозмоянд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ теннисбози тоҷик Азиза Азизова бо варзишгари узбак Сабина Шарифова, аввалин барандаи Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат хоҳанд кард. Дар бозиҳои ниманиҳоии ҷуфтӣ миёни писарон Санҷар Файзиев ва Темур Исмоилов, ҳарду аз Узбакистон бо ҳамватанони худ Михаил Есипов ва Темур Ҳабибуллин зӯрозмоӣ мекунанд. Бозии дигари ниманиҳоӣ байни ду ҷуфт - Абдувориз Саидмуҳаммадов, Узбакистон/Суннат Исроилов, Тоҷикистон ва Аҳмадҷони Муҳаммад/ Бахтиёр Саъдуллоев, ҳарду аз тими мизбон сурат мегирад. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ миёни духтарон Алиса Огородова / Нигина Абдураҳимова, ҳарду аз Узбакистон бо Азиза Азизова, Тоҷикистон/ Сабина Шарифова, Узбакистон ва дар бозии дигар Орой Махтумова, Тоҷикистон/Эрика Тенизбоева, Қирғизистон бо Даря Бережная/ Сабина Кайранбоева, ҳарду аз Қазоқистон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Дуввумин давраи мусобиқаи байнулмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26 август ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG