Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ бо Фарзона ва Озарахш


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Назароте, ки ҳовии тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.

Ман дуи шуморо куҷое дидаам.... Акнун фаҳмидам, ки шоир будаед. Муваффақият.
Умед
-----------------------------------------------------------

Салом ба Фарзонабону ва Озарахши муҳтарам. Қасди ҷасорат надорам, вале ба ҳар мақоме расидан як қонуну расми худашро дорад. Ман мехостам, ки фаҳмам, ки аз кай ва чи гуна шумо ба мақоми устодӣ расидед. Чи хидмате ба миллат, мардум ва фарҳангу одоби тоҷикон кардед? шумо шоъири дарбор ҳастед ё шоъири мардумӣ?.. Бо эҳтиром
Салимҷон
-----------------------------------------------------------

Дуруд ба шумо. Шеър чист ва шоъир кист? Озодӣ ва озодагӣ дар фарҳанги шоъирӣ чист? Фарқи шоъири дарбор бо шоиъир мардум дар чист? Ва шумо худатонро аз ҷумла кадом шобирон меҳисобед? Вазифаи шобирон дар баробари мардум ва миллаташон ва забону фарҳангашон чист? Оё шумо ба вазоифи худ амал кардед ва чи хидмате ба фарҳанг, забон, хатти ниёкони мардуми ҷабрдидаи тоҷик кардед? Оё дар ашъори шумо воқеъиятҳои ҷомеъаи имрӯза ва гузаштаи наздики Тоҷикистон ҷилвагар ҳаст? Оё дар ашъори шумо интиқод вуҷуд дорад? Дар шеъру шоъирӣ шумо ба кадом шоъири гузаштаи тоҷик пайравӣ мекунед ва меписандед ишонро? Рӯдакӣ кӯр буд ё ҳокимон кӯраш карданд?.. Бо эҳтиром
Ҷамшеди Тоҷик
-----------------------------------------------------------

Фарзонабону! Бисёриҳо нақл мекунанд, ки Муҳаммад Хотамӣ, раисиҷумҳурии Ирон барои Шумо ҳангоми таҷлил аз 70-солагии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хучанд ба номи Бобоҷон Ғафуров як кӯзаи тиллоӣ туҳфа кардааст, оё ин нақл воқеъият дорад? Баъдан мегӯянд, ки устоди шодравон Лоиқ ҳангоме ба шаҳри Хуҷанд мерафтааст, нахуст ба хонаи Шумо қадам ранҷа мефармудааст. Ҳамчунин мегӯянд, ки Лоиқ хонаи Шуморо мисли масҷид медонистааст, ин ҳам дуруст аст? Аслан, Шумо ҳоло дар бораи Лоиқ чӣ гуфтан мехоҳед?
Гуразми Тоҷикфар
-----------------------------------------------------------

Фарзона ва Озарахш. Ҳарду ҳам шоир ҳастанд. Агар воқеӣ баҳо диҳем, Фарзона хеле шинохтатар миёни мардуми тоҷику хориҷ ва Озарахш то андозае кам маҳбубият ва маъруфият миёни одамон дорад. Ман аз онҳо суол мекунам: Оё эҳсос намекунед, ки Озарахшро на ҳамчун шоири маъруф, балки ҳамчун шавҳари Фарзонабону муаррифӣ мекунанд ва Озарахш то андозае дар "соя"-и Фарзона "паноҳ" бурда? Оё беҳтар набуд, ки Озарахш аз пайи касби дигар мешуданд? Хоҳиш мекунам, фақат ин посухро нагӯед, ки ҳар кас шеърро ба таври худ эҷод мекунад. Майлаш? Бо дуои сиҳатмандии Шумо,
Сайидои Рустам, ноҳияи Ашт
-----------------------------------------------------------

Хонум Фарзона ва устод Озарахш оё мехоҳанд, ки фарзанди эшон дар ҷоддаи филологӣ раҳ паймояд? Бо як ҷаҳон иродатмандӣ
Ҷамшеди Обидпур
-----------------------------------------------------------

Саломе чу бӯи хуши ошноӣ... Шоъирони азиз, шумо дар ин давру замонаи "сангину оҳанин", "электорнию диҷиталӣ" барои кӣ шеър мегӯед? Шоъирони гузаштаи мо шакли ба шиддат мазҳабӣ доштанд, вале шеъри озод (аз лиҳози фикрӣ) ҳам мегуфтанд. Шумо ҳам шакли озод доред ва ҳам шеъри озоди шумо мазҳабӣ нест. Бо таваҷҷуҳ ба гароиши сахти мазҳабии насли ҷавони тоҷик, наметарсед, ки барои насли нав бегона шавед?
Ҳидоят
-----------------------------------------------------------

Оё онҳо фикр мекунанд шеъри онҳо дар кадом поя қарор дорад? Ва имрӯз магар касе ҳаст, ки вақти шеър хондан дошта бошад?
Нигинаҷон
-----------------------------------------------------------

Дуруд! Ман қаблан ҳам бо устод Фарзона ва устод Озарахш суҳбатҳо доштам ва ба эшон ҳоло ҳам эҳтироми қавӣ дорам. Худо кунад, ки ҳамеша орому осуда ва саломат бошанд. Ҳоло, ки дар як рӯзномаи варзишӣ кор мекунам, суоли ман куллан аз шеъру адаб нест, чунки нисбат ба шеъру адабиёт ман бо онҳо мусоҳибаҳо кардаам. Суоли ман ин аст: -Шумо ба кадом намуди варзиш машғул мешавед ва кадом намуди варзиш писанди шумост? Кадом варзишгаронро медонед ва ҷонибдорӣ менамоед? Оё дар бораи варзиш ҳам абёте гуфтаед ё менависед? Боқӣ, Худо нигаҳбони Шумо. Бо арзи сипос,
Каюмарс, "Пайки олимпӣ"
-----------------------------------------------------------

Ман фақат ба устодони азизе чун Фарзона ва Озарахш арзи сипос мекунам. Ҳоло чанд мисроъе аз худи Фарзона менависам:
Зиндагӣ чист?
Ё дӯст доштан,
Ё ҳеч!

Зиндагӣ чист? - Як мусаввари бемоя...
Каюмарси Ато
-----------------------------------------------------------

Ба назари банда, зиндагии ду шоир дар зери як бом, яъне дар як оила шояд хеле мушкил бошад. Зеро ашхоси эҷодкор дили ҳассосу нозук доранд ва камтарин аломати ноҷӯриро ба ҳамдигар бахшида наметавонанд. Банда пурсиши бахусусе надорам, фақат ба ин ду шоири хуби Тоҷикистон муваффақият орзу мекунам. Албатта, як пурсише ҳам дорам, ки оё онҳо соҳиби чанд фарзанд ҳастанд ва ба фарзандони худ чи ном гузоштаанд. Бо эҳтиром
Муҳсини Ҷаббориён
XS
SM
MD
LG