Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Инфиҷор дар Черкизово


Субҳи душанбе як таркиш бинои дутабақаи бозори "Евразия" дар минтақаи Черкизовои шаҳри Маскавро такон дод, ки дар натиҷаи он камаш даҳ нафар кушта ва беш аз сӣ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфти шоҳидон, бинои ошхонаро оташ фаро гирифт ва тоҷирони ба даҳшат афтода аз макони инфиҷор фирор намуданд: "Таркиши бузург... тақрибан се қатор он тараф аз ҳамин ҷои истодаамон ба вуқӯъ пайваст. Ба фикрам, дар он ҷо як қаҳвахонаи чиноиҳо ҷойгир буд. Мардум бо нидои ОМОН пароканда шуданд."

Ибтидо тахмин мешуд, ки сабаби таркиши истифодаи нодурусти балони гази табиӣ мебошад, вале баъдан муовини мири Маскав Владимир Ресин ба рӯзноманигорон гуфт, ки зоҳиран таркиш тасодуфӣ набудааст: "Маводи тарканда соати 10-35 дақиқаи субҳ дар бозори Черкизов мунфаҷир гашт. Муфаттишон, идораи додситонӣ ва хадамоти федералии амният - ФСБ - ҷои ҳодисаро таҳқиқ намуда, сабаби инфиҷорро мушаххас хоҳанд кард."

Муфаттишон мегӯянд, ки қудрати таркиш ба яку ним килограмм моддаи таркандаи тринитолуол баробар будааст.
Сухангӯи вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия иброз дошт, ки баъди инфиҷор 33 нафар бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол дода шуданд. То ҳол ҳуввият ва шаҳрвандии қурбониҳо эълон нашудааст. Дар бозори Черкизови шаҳри Маскав шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик низ кор мекунад.

Вале хабаргузории Франс пресс иттилоъ додааст, ки дар наздикии макони таркиш асосан тоҷирони чиноиву ветнамӣ кор мекарданд. Дар паи таркиш тахмин зиёд буд, ки ин боз як ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Русия аст. Аммо додситони Маскав Юрий Сёмин изҳор намуд, ки ба фикри муфаттишон, таркиш бо ҷанҷоли миёни гурӯҳҳои ҷиноии маҳаллӣ иртибот дорад: "Бештар фарзияи баҳси тиҷорӣ ва ё ҳисобу китоби миёни гурӯҳҳои ҷиноӣ воқеӣ ба назар мерасад. Эҳтимоли ҳамлаи террористӣ аз байн нарафтааст, вале шаҳодати ин ҳамлаи террористӣ, тавре онро қонун дақиқ мекунад, ташхис нашудааст. Ба ҳар ҳол, фарзияи амали террористӣ низ мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт."

Соли гузашта дар бозори Черкизовои Маскав чандин сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он як толор ва шуморе аз дӯконҳо маҳв шуд. Моҳи феврали соли равон ҳангоми фурӯ рехтани боми бозори Баумани шаҳри Маскав 60 тоҷир, ки аксари онҳо шаҳрвандони ҷамоҳири Қафқозу Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон буданд, ба ҳалокат расиданд.

Аксари тоҷирони тоҷикистонии муқими Маскав дар бозори Черкизово кор мекунанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шумори зиёде аз муҳоҷирони тоҷик дар атрофи макони таркиши имрӯза фаъолият доранд ва сафорат аз ин ҳодиса хабардор буда, онро мустақиман пайгирӣ мекунад. Оқои Эгамзод эҳтимоли аз ин инфиҷор осеб дидани шаҳрвандони тоҷикро сарфи назар накард.

Созмони "Тоҷикиаспора" гуфтааст, танҳо дар бемористони рақми 36 шаҳри Маскав 13 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар инфиҷори бозори Черкизово захм бардоштаанд, таҳти муолиҷа қарор доранд.
XS
SM
MD
LG