Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони ишқи "терруристи тоҷик" ва раиси ҷумҳури Омрико


Радиои Озодӣ: Чаро дар ин дроми худ маҳз Тоҷикистонро, ки чандон кишвари шинохта дар Омрико нест, интихоб кардед?


Нигин Фарсод: "Ба ҳамин хотир мо Тоҷикистонро интихоб кардем, ки дар воқеъ ин кишварро дар Амрико чандон зиёд намешиносанд. Манзури мо ин аст, ки нишон бидиҳем, ки он кишварҳое, ки дар он тарафи дунё ҳастанд ва амрикоиҳо ҳамаашонро як медонанд, мухталифанд. Яъне воқеан амрикоиҳо фарқ байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ирон ва ё Афғонистон намегузоранд. Амрикоиҳо танҳо медонанд, ки ин кишварҳои мусулмоннишин ҳастанд. Мо дӯст доштем, ки нишон бидиҳем, ки чӣ қадар амрикоиҳо ба он тарафи дунё як нигоҳи содда доранд."


Радиои Озодӣ: Дигар ин ки чаро мавзӯи ҳамҷинсгароиро интихоб кардед?


Нигин Фарсод: "Чун мо мехостем, нишон бидиҳем, ки чӣ метавонад, як ҷанги байни ду кишварро қатъ кунад, чӣ метавонад, як ҷангро дар ин дунё қатъ кунад ва ишқ ягона чизест, ки метавонад, ҷангро қатъ кунад. Ва чун дар ин дунё тамоми ҷангҳо ва тамоми давлатҳо дар дасти мард ҳаст, хуб мо гуфтем, ки мо чорае надорем ва бояд ки ҳар дуто мард бошанд, ки ошиқи ҳам бишаванд.


Радиои Озодӣ: Ҳафтаи гузашта ин достон ду маротиба дар шаҳри Нюй Йорк ба намоиш гузошта шуд. Вокуниши бинандагон ба ин намоишро метавонед, тасвир бикунед?



Нигин Фарсод: "Ин намоишномаи мазҳакавӣ аст ва ҳамаи бинандаҳо танҳо механдиданд ва мегӯянд, ки чӣ қадр он ҳарфҳое, ки мо мехоҳем доир ба сиёсат бизанем, роҷеъ ба сиёсати Амрико ва доир ба давлати Амрико ва диди Амрико бо дигар кишварҳо (бигӯем), дар ин ҷо мебинем."



Радиои Озодӣ: "Агар як пора аз ин намоишномаро мехондед, масалан гуфтугӯи он террурист бо раиси ҷумҳури Омрикоро?



Нигин Фарсод: "Дар як қисмати намоиш, ки онҳо ҳамдигарро бори аввал мебинанд ва раиси ҷумҳур ҳарчӣ мехоҳад ҳарф бизанад мегӯяд, шумо мехоҳед, чӣ кор кунед. Он мард мегӯяд, ки мо террурист нестем, мо мехоҳем комилан бо шумо сулҳ дошта бошем ва шумо ҳам бо мо. Аммо шумо нафти моро мехоҳед, мо мехоҳем бо шумо гуфтугӯ кунем, мо аслан хоҳони ҷанг нестем ва намехоҳем бо шумо ҷанг дошта бошем, вале дар ин дунёе, ки дуруст кардед, мехоҳем, ки шумо дигар ба диктотури мо, ки мо дар ин дунё диктотур дуруст кардем, пул ва силоҳу бомб надиҳед. Мо мехоҳем, шумо ба ин гуна одамон пул надиҳед, мо мехоҳем, кишварамонро демократӣ бикунем ва давлати беҳтаре дошта бошем. Ва раиси ҷумҳур ин гуфтаҳоро қабул мекунад ва онҳо бо ҳам шурӯъ мекунанд, ба ҳарф задан мисли дуто одами маъмулӣ. Ва ин дуто бо ҳам ҳарф мезананд ва дар охир бо ҳам шеър овоз мехонанд ва мисли ду дӯст."


Радиои Озодӣ: "Аммо фикр намекунед, ки ин намоиши шумо дар зеҳни онҳое, ки шояд бори аввал доир ба Тоҷикистон мешунаванд, ин тасвирро ба вуҷуд биёрад, ки Тоҷикистон як кишварест, пур аз террурист.


Нигин Фарсод: "На, агар шумо бубинед, ин намоишро ҳамин ҳарфе, ки шумо мезанед мо баръаксашро рӯи саҳна меорем. Мо мехоҳем, ба бинандаҳо бигӯем, ки мо дар Амрико фикр мекунем, ки ҳама дар он тарафи дунё террурист ҳастанд, нодуруст аст. Муҳим нест, Тоҷикистон, Қирғизистон ё Озарбойҷон, зеро омрикоиҳо намефаҳманд ва ҳарчӣ мусулмон дар он тарафи дунё ҳаст, омрикоиҳо аз онҳо метарсанд. Мо дар ин намоиш мехоҳем, бигӯем, ки бубин, шумо фикр мекунед, ки он одам террурист ҳаст, аммо дар худи намоиш дар охир мебинед, ки он одам террурист нест. Ончӣ, ки мо ҳамеша мегӯем, онҳо террурист ҳастанд, онҳо террурист ҳастанд, онҳо дар охир террурист нестанд. Онҳо барои кишвари худашон саъй мекунанд ва ба сулҳ эътиқод доранд."
XS
SM
MD
LG