Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама чиз нисбист. Ҳатто оташбас. Ва ба вижа дар Ховари Миёна


Ҷеффри Донован

Оромиши нисбӣ дар Лубнон, ки дар пайи тасвиби қатъномаи ША СММ ва истиқрори оташбаси низ нисбатан нисбӣ дар низоъи байни Исроилу Ҳизбуллоҳ ба вуҷуд омад, фурсатеро ҳам пеш оварда, ки тарафҳо хисороти моливу ҷонии худ дар давоми ин бӯҳрони 34-рӯзаро муҳосиба кунанд. Бино ба оморҳо, дар тӯли ин 34 рӯз ҳудуди 1100 нафар дар Лубнон ва 144 исроилӣ, аз ҷумла 104 сарбоз кушта шуданд. Дар маҷмӯъ, 400 шаҳру русто дар ин муддат ҳадафи ҳамалоти харобиовар қарор гирифтааст, аз ҷумла 50 минтақа дар Исроил ва дасти кам 350 шаҳру русто дар Лубнон. Ҳизбуллоҳ тайи 34 рӯзи низоъ алайҳи шаҳрҳои шимоли Исроил беш аз 4000 мушак андохтааст. Аз ҷумла болои шаҳри Ҳайфо, севвумин шаҳри бузурги он кишвар.

Акнун дар ин бора ки бӯҳрони Лубнон ба нафъи кӣ анҷомид? Сарвазири Исроил Эҳуд Олмарт гуфт, Исроил нирӯҳояшро аз ҷануби Лубнон танҳо ба муҷарради дар ин манотиқ мустақар шудани нирӯҳои байналмилалӣ, ки қарор аст, шуморашон аз ҳудуди 2000 сарбози феълӣ ба 15 000 расонда шавад, берун хоҳад овард. Эҳуд Олмарт зимнан масъулияти шурӯъи низоъро бар ӯҳдаи давлати Лубнон гузошт ва гуфт, Исроил таъқиби Ҳизбуллоҳро ҳамчунон идома хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад аммо аз бохти Исроил дар ин низоъ сухан ронда гуфтааст, пирӯзии Ҳизбуллоҳ нақшаи ба таъбири Асад руъёии Амрико дар мавриди бунёди Ховари Миёнаи ҷадид ва ҳамин тавр ҷараёни сулҳ дар ин минтақаро бар бод дод. Раҳбари Ҳизбуллоҳ Шайх Ҳасан Насруллоҳ низ гуфт, ин ҷанг бо пирӯзии стротеживу таърихӣ бар Исроил анҷом шудааст. Ҳазорон лубнониҳои беҷошуда, ки сар аз дирӯз дар пайи эъломи оташбас дубора озими масканҳои худ дар ҷануби Лубнон мешаванд, низ чунин эҳсоси пирӯзӣ мекунанд.

Аммо Пол Салим, мудири бахши Ховари Миёна дар Пажӯҳишгоҳи сулҳи байналмилалии Дейл Карнеги мегӯяд, аз бӯҳрони Лубнон ҳама ҷонибҳо - ҳам Исроил, ҳам Ҳизбуллоҳ, ҳам Амрико ва ҳам Эрону Сурия - бохтанд. Аммо меафзояд, оқои Салим, дар сурати даст ба халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ ёфтани ҷомиаи байналмилалӣ шикасти аз ҳама бузургтарро ҳамин созмони тундрав мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Бар асоси қатъномаи ША, нақши умдаро дар амри таъмини оташбас дар ҷануби Лубнон нирӯҳои байналмилалӣ ва воҳидҳои артиши Лубнон бозӣ хоҳанд кард. Бейрут дар садади эъзоми тақрибан 15 000 сарбозаш ба манотиқи ҳаммарз бо Исроил буда, теъдоди нирӯҳои байналмилалии таҳти назари СММ низ бояд аз ҳудуди 2000 нафари феълӣ ба 15 000 бурда шавад. Дар ҳоли ҳозир, Фаронсаву Австралиё, Индонезӣ ва Портуғолу Итолия омодагии худро ҷиҳати мушорикат дар амри такмили ин нирӯҳо ба гунаҳое баён доштаанд ва интизор меравад, ки дар ин амр Олмон, Испаниё ва Марокашу Малайҷӣ низ саҳим хоҳанд шуд. Манобеъи низомӣ дар бораи эҳтимоли ба Ховари Миёна эъзом шудани ҳудуди 5000 сарбози фаронсавӣ ва аз 2 то 3 000 аскари итолиёӣ ҳадс мезананд.

Аммо аз ин миён танҳо Итолиёст, ки аз омодагии комили худ барои эъзоми нирӯҳояш ба Ховари Миёна хабар додааст. Масимо Далема, ВХ Итолиё рӯзи душанбе дар Бейрут гуфт: "Ба назари ман, мо бояд нирӯҳои байналмилалиро дар ин қаламрав ҳадалимкон зудтар мустақар кунем, чунки шарти хуруҷи нирӯҳои Исроил ҳамин аст."

Бар асоси қатъномаи ША, нирӯи тақрибан 30 000-нафарии исроил ба муҷарради ба ҷануби Лубнон расидани нирӯҳои дар маҷмӯъ низ 30 000-нафарии лубнониву байналмилалӣ аз ин қаламрав бояд хориҷ шаванд.
Нирӯҳои лубнонӣ алакай роҳии манотиқи ҷангзада шудаанд. Аммо суол ин аст, ки кори такмили нирӯҳои байналмилалӣ ва эъзоми ин нирӯҳо ба Ховари Миёна чӣ муддатеро дар бар хоҳад гирифт. Массимо Далема гуфтааст, Итолиё қодир ҳаст сарбозонашро то 2 ҳафтаи дигар ба ҷануби Лубнон бифиристад. Аммо манобеъи дипломатӣ мегӯянд, ҷараёни такмили ин нирӯи 15 000-нафарӣ метавонад чанд ҳафта ва ҳатто шояд ки моҳҳо тӯл бикашад.

Масъалаи дигари мушкилзо халъи силоҳи чирикиҳои Ҳизбуллоҳ, яке дигар аз тақозоҳои қатъномаи ША СММ аст.
Раҳбари Ҳизбуллоҳ Ҳасан Насруллоҳ гуфт, ки Ҳизбуллоҳ ба шароити оташбас бар асоси талаботи қатъномаи ША тан дар хоҳад дод, вале дар ҳоли ҳозир халъи силоҳ нахоҳад шуд: "Мо медонем, ки як ҳадафи аслӣ ва ҳақиқии Амрикову Исроил аз ҷангеи ахир дар Лубнон халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ буд. Шумо бубинед ва гӯш кунед, ки вазири хориҷаи душман чӣ мегӯяд. Аммо ҳатто пурқудраттарин артиши ҷаҳон қодир нест саз дасти Ҳизбуллоҳ силоҳашро бигирад."

Аз ҷумла аз артиши дар ҳоли феълӣ заъифи Лубнон тақозо шуда, ки даст ба халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ занад. Ва аммо маълум нест, ки ин тақозо маънии ба суфуфи артиши Лубнон шомил кардани чирикиҳои пешин аст ё ба ҳаёти мулкӣ баргардондани он чирикиҳо? Аз сӯи дигар Фаронса, ки тибқи интизорот, бояд бо эъзоми қариб 5 000 сарбоз фармондеҳии нирӯҳои байналмилалӣ дар ҷануби Лубнонро бар дӯш бигирад, эълом карда, ки халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ набояд аз масъулиятҳои ин нирӯҳо бошад. Порис кушта шудани 58 сарбози ҳомии сулҳаш аз сӯи чирикиҳои Ҳизбуллоҳ дар соли 1983-ро ҳанӯз фаромӯш накардааст.
XS
SM
MD
LG