Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи Тоҷикистон - барандаи ҷоизаи Вадим Шикарев


Дастаи мунтахаби занони камонвари Тоҷикистон барандаи мусобиқоти байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи камонвари машҳур Вадим Шикарев дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон гардид. Наргис Набиева, муовини раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби занонаи кишвар дар ҳайати Фирӯза Зубайдова, Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо миёни 12 тими ширкаткунандаи ин мусобиқот мақоми аввалро касб кард.

Дастаи Қазоқистон дар мақоми дуввум ва тими Узбакистон дар мақоми севвум қарор гирифтанд. Хонум Набиева афзуд:

«Фотима Тағоева, ки дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон ғолиб омад, бо ҷоизаи махсус «Барои ҷасорат» сарфароз шуд. Варзишгарони мо аввалин бор дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат варзиданд. Воқиъан, шодравон Вадим Шикарев, ки шогирди мактаби камонварии Тоҷикистон буд, дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар аҳди шӯравӣ соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон гашта, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2000-ум дар Сидней рекорди олимпӣ гузоштааст. Дар ҳамин ҳол камонварони мо дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Қазоқистон бо зӯртарин камонварони кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат доранд.»

Ширкати бонувони камонвари тоҷик дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар шаҳри Алмаато як давраи омодагии онҳо ба Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG