Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дандонҳои каҷро чи гуна метавон радиф кард?


Дар кишварҳои ғарбӣ феълан бачаҳои навҷавон ва ҳатто одамони миёнсолро метавон дид, ки дандонашон зери сим гирифта шудааст. Яъне онҳо дар пайи рост ва зебо кардани дандонҳои худ ҳастанд. Онҳо бад-ин гуна дандонҳоро,ки масалан, дар қисмати пеши даҳон болои ҳам ҷой гирифтаанд, дар як қатори зебо ва рост мегузоранд.

Ба ин кор пизишкони бахши махсуси тибби дандон бо номи ортодонтистҳо машғул мешаванд.

Рост кардани дандони каҷ дар Ғарб он қадар маъмул шудааст, ки ҳоло тибби ортондистӣ яке аз бахшҳои пурдаромади тиб ба шумор меравад.

Вале оё рост кардани дандони каҷ осон аст? Зоҳиран, на, осон нест! Ин кор вақти тӯлонӣ, аз як то се солро дар бар мегирад ва нархаш низ хеле гарон аст. Йозеф Кучера, дандонпизишк -- ортодонтисти чек дар ин бора мегӯяд:

- Солҳои ахир рост кардани дандонҳои каҷ дар кишвари мо - Ҷумҳурии Чек низ роиҷ шудааст. Чанд сол қабл, вақте ман дар Омрико таҳсил мекардам, медидам, ки қариб ҳар як шогирди синфҳои болоии мактаб ва донишҷӯён дар даҳонашон брейс, яъне қолабҳои симӣ барои рост кардани дандон пӯшидаанд. Дар кишвари мо ин таҷриба нисбатан нав аст. Вале сарфи назар аз нархи гарон, шумори ҷавононе, ки мехоҳанд дандонҳояшонро рост кунанд, афзоиш меёбад.

- Дандонҳои рост, ба ҷуз зебоӣ чи манфиъати дигаре барои саломатӣ доранд?

- Албатта, барои бисёре сабаби якуми рост кардани дандон масъалаи зебоист. Вале дандонҳои рост барои саломатӣ низ аҳамият дорад. Вақте дандонҳо рост нест, хоидани ғизо мушкилтар мешавад ва боъиси пайдоиши беморӣ дар мафсалҳо (буғумҳо) дар қимати болоии бадан мешавад. Дар чунин мавридҳо якчанд дандон ба сабаби фишори аз ҳад зиёд хароб мешавад.

- Лутфан, ба мо шарҳ диҳед, ки шумо чӣ тавр дандонҳои каҷро рост мекунед?

- Барои рост кардани дандонҳо, мо асосан аз ду навъи қолибҳои симӣ истифода мекунем. Аввал як муддат ба дандонҳо қолиби одиро, ки аз як тори симӣ иборат аст, мегузорем. Масалан, бо ин сим мо дандонҳое, ки дар қисмати пеши даҳон, ба таври нозебо, болои ҳам қарор доранд, аз ҳам дур мекашем. Дар марҳилаи дуввум, яъне баъд аз чандин ҳафта, вақте ки дандонҳо дар шакли беҳтар қарор гирифтанд, мо ба қатори дандонҳо брейс ё сими радиф мегузорем, ки қолиби шабеҳи як сабади симини бофташуда аст. Мо ҳар моҳ онро муъоина мекунем. Ҳар гоҳ ки дандонҳо дар ҷойҳои нав, дар шакли зебо ҷой ба ҷой ва мустаҳкам шуданд, қолибро аз онҳо берун мекунем. Ин аст роҳе, ки мо барои рост кардани дандонҳои каҷ ба кор мегирем.

- Оё дар марҳилаи рост кардан дандонҳо зиёд дард намекунад?

- Баъзе муштариён аз дард ва ҳассос шудани дандонҳо шикоят мекунанд. Тасаввур кунед, ки мо дандони каҷро дар зери сими рост мегузорем. Албатта, дар ду рӯзи аввал муштарӣ эҳсоси дард мекунад.

- Оё рост кардани дандонҳо ба саломати инсон хатаре надорад?

- Баъзеҳо ба филиз ҳассосият (аллергия) доранд. Мо ин нуктаро ба назар мегирем ва барои чунин муштариён ба ҷойи сими филизӣ аз қолибҳои дигар истифода мекунем. Ҳамчунин баъзан нӯги симҳо комро хуншор мекунад. Вале роҳи пешгирии он осон аст. Мо ба ҳама муштариён муми махсус медиҳем, ки дар байни ком ва нӯги сим гузоранд. Ҳамчунин мо таваҷҷуҳ мекунем, ки ҳангоми тағйир додани ҷойи дандонҳо ва ба қатори зебо кашидани онҳо решаи дандон ва устухон зарар набинад. Мо инро назорат мекунем. Бале, ҳамин тавр, брейс чанд хатари ҷузъӣ дорад, вале он дар кулл, ҳаёти инсонро зери хатар намегузорад.

- Марҳилаи рост кардани дандонҳо маъмулан чӣ қадар тӯл мекашад?

- Умуман, то ду сол. Вале одамон гуногунанд ва баъзан метавонад ин раванд бештар ҳам тӯл бикашад. Аммо дар аксари ҳолатҳо то ду сол идома дорад.

- Баъзан ортодонтистҳо барои радиф кардани саффи дандонҳо чанд дандонро мекананд. Оё кандани дандон ҳатмист?

- Бале, дар баъзе ҳолатҳо кандани дандон ҳатмист. Масалан, вақте дандонҳо дар қисмати пеши даҳон - ё каҷ, ё болои ҳам - ҷойгир шудаанд, маънояш ин аст, ки барои дар саффи дуруст сабзидани онҳо дар ком ҷойи кофӣ вуҷуд надорад. Барои дар саффи дуруст ва баробар гузоштани дандонҳо бояд аввал барои ҳар яки онҳо ҷой фароҳам сохт. Дар ин ҳолат, мо маҷбур ҳастем, ки баъзе дандонҳоро, маъмулан дар саффи поин биканем.

- Оё кадом синну сол барои рост кардани дандонҳо беҳтар аст?

- Вақти идеалӣ барои гузоштани қолиби симӣ 12 солагист. Вале мо машварат мекунем, ки бачаҳои зери 12 сол низ барои назорат ва пешгирӣ аз ҳар гуна мушкилоти баъдӣ ба духтури дандон муроҷиат кунанд. Мо ба бачаҳо аз синни тақрибан ҳаштсолагӣ қолибҳои одӣ мегузорем.

- Хуб, 12 солагӣ беҳтарин син барои гузоштани қолиб будааст. Вале мо дар кӯчаҳо ҷавонони бисту чандсола ва баъзан ҳатто одамони миёнсолро ҳам мебинем, ки дар дандонашон брейс доранд. Умуман, рост кардани саффи дандонҳо то чанд солагӣ имконпазир аст?

- Дар ин ҷо маҳдудияти синну сол вуҷуд надорад. Рост кардани дандон ба синну сол вобаста нест, балки бо вазъияти дандонҳо, ком ва устухон робита мегирад. Мо ба онҳое, ки коми бемор доранд, амалҳои ортодондистиро тавсия намедиҳем. Албатта, дар синни ҷавонӣ рост кардани дандон осонтар аст, вале ҳоло мо ҳарчи бештар муштариёни калонсолтар дорем, ки мехоҳанд дандонҳои худро рост кунанд. Яъне ашхоси синну соли 40, 50 ва бештар аз он. Хулоса, дар ин ҷо маҳдудияти синну сол вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG