Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳо бар фарози Ирон ҳоил шуд


Бахши хабари Озодӣ Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи душанбе (31 июл) ба давлати Ирон як моҳи дигар фурсат дод, то ғанисозии урониюми худро мутаваққиф кунад. Дар сурати сарпечии Ирон аз ин тасмими Шӯрои Амният, он бо эҳтимоли эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. 14 узви Шӯрои Амният ба тарафдорӣ аз қатъномаи 1696 раъй доданд ва танҳо раъйи мухолиф мутаъаллиқ ба Қатар буд. Қатар танҳо намояндаи кишварҳои араб дар Шӯрои Амният аст.

Гузориш шудааст, ки тайи чандин ҳафтаи гуфтушунуд Бритониё, Фаронса, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико талош кардаанд ба як қатъномае даст ёбанд, ки дар сурати сарпечии Ирон аз қатъи фаъъолиятҳои ҳастаиаш дар торихи мушаххас таҳримҳои байнулмилалӣ ба таври худкор алайҳи Ирон эъмол шавад. Аммо Русия ва Чин хостори тасвиби як қатъномаи нармтаре буданд ва саранҷом пирӯз шуданд. Русия ва Чин ба унвони аъзои доими Шӯрои Амният аз ҳаққи вето бархурдоранд. Бритониё, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ аз аъзои доими ин шӯро ҳастанд.

Бино ба қатъномаи ниҳоӣ, ки нармтар аз тарҳи ибтидоии он аст, Шӯрои Амният дар сурати сарпечии Ирон аз қатъи ғанисозии урониюм пас аз 31 август дубора нишасте хоҳад дошт, то таҳримҳои эҳтимолиро баррасӣ кунад. Омрико ва сегонаи урупоӣ (Олмон, Фаронса ва Бритониё) мегӯянд, ки ба бовари онҳо ҳадафи барномаи ҳастаии Ирон дастёбӣ ба ҷангафзори ҳастаист. Аз ин рӯ онҳо хостори эъмоли билофосилаи таҳримҳо дар сурати сарпечии Ирон аз тақозои Шӯрои Амният буданд. Аммо Русия ва Чин, ки дорои равобити бозаргонии густардае бо Теҳрон ҳастанд, пайваста бо пешниҳоди эъмоли таҳримҳо мухолифат кардаанд.

Бо ин ки қатъномаи ниҳоӣ нармтар аз тарҳи пешниҳодии Омрико ва сегонаи урупоӣ аст, ин кишварҳо дар мавриди тасвиби ин қатъномаи изҳори хушнудӣ кардаанд. Ҷон Болтон, сафири Омрико дар Созмони Милал гуфт, ки ба назари вай, Ирон танҳо як гузина (интихоб)-и амалӣ дорад ва он ҳам даст бардоштан аз "барномаҳои тавлиди силоҳҳои куштори ҷамъӣ"-ст. Аммо, ба гуфтаи оқои Болтон, шояд Ирон роҳе дигарро баргузинад ва бояд ба он интихоб ҳам омода буд. Вай афзуд, аз ин ҷост, ки аъзои Шӯрои Амният дар мавриди эъмоли таҳримҳо дар сурати сарпечии Ирон изҳори омодагӣ кардаанд.

Муттаҳидони урупоии Омрико низ эҳсосоти мушобеҳеро баён карданд. Эмир Ҷонз Парӣ, сафири Бритониё дар Созмони Милал таъкид кард, ки ин қатънома танҳо дар бораи таҳримҳои эҳтимолӣ нест, балки ин нуктаро ҳам равшан мекунад, ки Ирон, дар сурати таълиқи барномаи ҳастаии худ манофеъе ҳам ба даст хоҳад овард ва дар ниҳоят ба ташаккули саноеъи ҳастаии ғайринизомӣ дар Ирон хоҳад анҷомид. Мушаввиқҳои Ғарб ҳамчунин шомили имтиёзоти иқтисодӣ ва лағви бархе аз таҳримҳои мавҷуди Омрико алайҳи Ирон мешавад. Ва Вошингтун барои нахустин бор тайи ҳудуди се даҳаи ахир пешниҳоди гуфтугӯи мустақим бо Теҳронро матраҳ кардааст. Чизе, ки Ирон хостораш буд.

Ҷузъиёти матни ниҳоии қатънома дар охири ҳафтаи гузашта дигар рӯшан шуда буд ва рӯзи якшанбе (30 июл) Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Ирон гуфт, ки он қобили қабули давлати ӯ нест. Вай бори дигар таъкид кард, ки Ирон, ба монанди ҳар кишвари дигаре, ҳаққи тавлиди энержии ҳастаиро дорад.

Муҳаммад Ҷаводи Зариф, сафири Ирон дар Созмони Милал ин дидгоҳро дар Шӯрои Амният низ матраҳ кард ва гуфт:

"Мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Ирон мусаммаманд аз ҳаққи мусаллами худро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии ҳастаӣ бо ҳадафҳои сулҳомез истифода кунанд ва бар пешрафтҳои илмии худ ҷиҳати тавсеъаи ҷанбаҳои мусолиматомези ин фанноварӣ биафзоянд."

Оқои Зариф гуфт, ки ирониён танҳо мардуми ҷаҳонанд, ки тайи солҳои ахир қурбонии силоҳҳои куштори ҷамъӣ шудаанд. Ишораи ӯ ба амалиёти низомии Саддом Ҳусейн, раисиҷумҳурии вақти Ироқ дар даҳаи 1980 алайҳи Ирон буд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи оқои Зариф, Ирон силоҳҳои куштори ҷамъиро чи аз лиҳози идеулужик ва чи аз лиҳози стротежик қобили қабул намедонад.

Қатъномае, ки рӯзи душанбе (31 июл) тасвиб шуд, дар пайи тавофуқи панҷ узви доими Шӯрои Амният ба изофаи Олмон бар сари ирҷоъи парвандаи ҳастаии Ирон ба Шӯрои Амният ба далели надодани посух ба бастаи пешниҳодҳои Ғарб сурат гирифт. Бастаи пешниҳодҳои Ғарб дар изои қатъи фаъъолиятҳои ҳастаии Ирон як моҳ пеш аз он ироа шуда буд.

Ирон қаблан гуфта буд, ки посухи худ ба пешниҳодҳоро то рӯзи 22 август ироа хоҳад кард. Аммо раъйгирии Шӯрои Амният дар мавриди барномаи ҳастаии Ирон бо ин тасаввур анҷом шуд, ки Ирон дар ҳоли вақткушист.

Носир Абдулъазиз ан-Носир, сафири Қатар дар Созмони Милал гуфт, ки давлати вай ба хотири танишҳои физоянда дар Ховари Миёна, ки аз Ироқ то Лубнон доман густардааст, ба ин қатъномаи Шӯрои Амният раъйи мухолиф додааст. Вай гуфт, беҳтар буд Шӯрои Амният бидуни таҳдиди эъмоли таҳримҳо се ҳафтаи дигар мунтазири посухи Ирон мемонд.
XS
SM
MD
LG