Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё сулҳбонони байнулмилалӣ дар Лубнон корсоз хоҳанд буд?


хабарнигори Озодӣ Ҷеффрӣ Донован Оё сулҳбонони байнулмилалӣ қодир ба иъодаи сулҳу субот ба ҷануби Лубнон хоҳанд буд? То кунун мақомоти баландпояе дар ин маврид пешниҳодҳое матраҳ кардаанд. Вале оё ин пешниҳодҳо то куҷо амалӣ ҷилва мекунад?

Созмони Милали Муттаҳид ҳамин ҳоло ҳам дар Лубнон ҳудуди 2000 нирӯи посдори сулҳ дорад. Дар воқеъ, ин нирӯҳо аз болиғ бар 25 сол пеш дар он ҷо мустақар шудаанд. Аммо тайи ду ҳафтаи ахир, дар ҳоле ки ҷангандаҳои исроилӣ Лубнонро бумбборон мекунад ва Ҳизбуллоҳ ба хоки Исроил мӯшак партоб мекунад, ин ниҳоди мавсум ба Нирӯи Муваққати Созмони Милал дар Лубнон натавонистааст сулҳу суботи минтақаро ҳифз кунад. Милош Струга, сухангӯи Нирӯи Муваққати Созмони Милал дар Лубнон ба родю Озодӣ гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба моҳияти ваколати нирӯҳои чандмиллиятӣ, ки соли 1978 аз сӯи Шӯрои Амният дода шуда, ин вазъият қобили дарк аст:

"Нирӯи муваққати Созмони Милал дар Лубнон аз қудрати иҷроӣ бархурдор нест ва аз замони ишғоли нахусти хоки Лубнон аз сӯи Исроил дар соли 1978 бад-ин сӯ ҳаргиз ин ихтиёрро надоштааст. Мо ҳаргиз аз қудрати эъмоли чизе бар тарафҳои даргир бархурдор набудем, зеро Шӯрои Амнияти созмони Милал ҳаргиз ин ихтиёрро ба мо надодааст. Дигар ин ки мо маъмурияти дар ҳоли ҳозир аслан маямурияти назоратист, яъне бояд авзоъро назорат кунем ва гузориш диҳем. Ва мо дақиқан ҳамин корро анҷом медиҳем."

Аммо дар ҳоле ки низоъ шиддат мегирад ва беш аз 400 фарди ғайринизомӣ қурбонии даргириҳо шудаанд, ин маъмурият кофӣ ба назар намерасад. Ҳафтаи гузашта дар нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар Санкт Петербурги Русия Куфӣ Аннон - дабири кулли Созмони Милал ва Тони Блер - нахуствазири Бритониё ҳар ду пешниҳод карданд, ки барои ҷануби Лубнон як нирӯи чандмиллиятии қавитари посдорони сулҳ иҷод шавад. Бино бар ин пешниҳод, нирӯҳои шибҳинизомии Ҳизбуллоҳ бояд аз ҷануби Лубнон ихроҷ шаванд, то дигар ба хоки Исроил мӯшак наандозанд ва нирӯҳои чандмиллиятӣ дар минтақаи ҳоили миёни Исроилу Лубнон бизананд.

Рӯзи якшанбе (23 июл) давлати Исроил барои нахустин бор аз пешниҳди истиқрори нирӯҳои чандмиллиятӣ дар марз ҳимоят кард. Тзипи Ливни, вазири хориҷаи Исроил дар Байтулмуқаддас гуфт:

"Мо бо ҷомеъаи байнулмилалӣ беҳтарин роҳи ҳимоят аз давлати Лубнонро баррасӣ хоҳем кард. Мо муътақидем, ки масъулияти муроқибат аз ҷануби Лубнон ба дӯши давлати Лубнон аст. Вале мо аз пешниҳодҳои мабнӣ бар истиқрори нирӯҳои корсоз барои кумак ба давлати Лубнон ҳимоят мекунем, то ҳамаи баёнияҳо ва қатъномаҳои марбутаи Созмони Милал иҷро шавад, Ҳизбуллоҳ халъи силоҳ шавад ва ба хориҷ аз ҷануби Лубнон бурда шавад ва дар оянда ҳам аз таҷдиди таслиҳоти Ҳизбуллоҳ ҷилавгирӣ ба амал ояд."

Амир Перетз, вазири дифоъи Исроил ҳам рӯзи якшанбе гуфт, ки раҳбарии нирӯҳои чандмиллиятиро Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ё кишварҳои Иттиҳодияи Урупо метавонанд ба уҳда бигиранд. Вале вай ҳамчунин изҳори шубҳа кард, ки созмони НАТО битавонад дар миёни аъзои худ дар мавриди иҷрои ин маъмурияти ҳассос ба иттифоқи назар даст ёбад.

Дар ин миён Кондолиза Райс - вазири хориҷаи Омрико, ки дар роҳи расидан ба Исроил рӯзи душанбе ба таври ногаҳонӣ дар Лубнон таваққуф кард, гуфт, ки Вошингтун хостори оташбас ҳаст, аммо оташбасе, ки танҳо пас аз рафъи решаҳои муноқиша эъмол шавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки манзури Омрико аз эъмоли оташбас дар мароҳили баъдӣ тазъифи ҳар чи бештари Ҳизбуллоҳ ва тахлияи ҷануби Лубнон аст.

Қарор аст бону Райс рӯзи чаҳоршанбе (26 июл) дар гуфтугӯҳои марбут ба буҳрони Ховари Миёна дар шаҳри Руми Итолиё ширкат кунад. Дар ин нишаст намояндагони Бритониё, Миср, Олмон, Урдун, Русия, Арабистон, Испониё, Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ низ ҳузур хоҳанд дошт.

Манобеъи расмии Итолиё мегӯянд, ки давлати Исроил низ метавонад дар ин нишасти баландпоя ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG