Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикони сад сол пеш аз диди донишвари рус


Ассалому алейкум, ҳамнафасони арҷманд!

Илми имрӯза, ба маънои пажӯҳиши ақлонӣ ва фалсафӣ, бо фурӯрфт ба умқи торих ва парвоз ба иртифоъи фардо (албатта, боз ҳам бо истифода аз ҳамон компютери, ба истилоҳ, ҳамакора),ба натиҷае расид, ки ҳар миллат дар давраҳои гуногуни умри хеш монанди инсонҳолатҳои мухталифи равониро ба сар мебарад. Гоҳе шод аст, гоҳе ғамгин. гоҳе нирӯманд ва гоҳе фалаҷ.

"Тоҷикон"-и Шишов

Нависандаи тоҷик Қодири Рустам, замоне ки дар интишороти Ирфон кор мекард ва силсилаеро бо номи "Дарси хештаншиносӣ" тадвин карда буду беҳтарин осори торихӣ ва мақолаҳои рӯзро гирдоварӣ мекард, орзу дошт рӯзе расаду китоби Александр Шишовро ба хонандаи тоҷик муъаррифӣ кунад. Вай мегуфт, ин яке аз беҳтарин таҳқиқотест, ки пеш аз ҳизбӣ шудани илм дар оғози қарни бист навишта шудааст. Мегуфт, андак касон медонанд, ки китоби аллома Бобоҷон Ғафуров нахустин ва танҳо китобе нест, ки "Тоҷикон" ном гирифтааст. Пеш аз он дар соли 1910 бо ҳамин ном дар чопхонаи шаҳри Тошканд китоби Александр Шишов - пизишки собиқ ва мардумшиноси машҳури рус ба нашр расид. Оё Шишов кӣ буд ва аҳамияти китоби ӯ дар чист?

Қодири Рустам - нависандаи тоҷик ва ношири ин китоб, ки ҳоло дар Олмотӣ ба сар мебарад ва китобро низ дар ҳамон шаҳр ба чоп расондааст. Вай ин бор ҳамнафаси мову шумо шуд ва гуфт:

"Шишов як муаррих ва мардумшиноси ҳирфаӣ набуд. Як пизишки низомӣ буд, аввал дар шаҳри Хуқанд ва баъдан дар бемористони низомии шаҳри Тошканд ифои вазифа мекард. Вале яке аз вижагиҳои равшанфикрони қабл аз инқилоби рус ин буд, ки онҳо танҳо бо ҳирфаи худ машғул намешуданд ва дар канори он талош мекарданд муҳит ва мардуми маҳалли иқоматашонро биомӯзанд. Шишов аз зумраи ҳамин гуна торихдӯстон ва мардумшиносоне буд, ки тавонист, ҳарчанд ҳирфаӣ набуд, муваффақ бишавад."

Қодири Рустам дар бораи ангезаи чопи ин китоб мегӯяд:

"Ман бо чопи ин китоб чанд ҳадафро дунбол кардам: шумо ҳам медонед, ки баъд аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мардуми тоҷик ба кишварҳои мухталиф муҳоҷир шуданд ва инҳо худро то ҳадду шармзада эҳсос мекарданд. Ва назари мардуми дигар, ба вижа дар кишварҳои шӯравии пешин низ ба тоҷикҳо тавҳиномезу таҳқиромез буд. Ҳамин боъис шуд, ки тоҷикҳо ифтихори миллии худро то ҳадде аз даст бидиҳанд. Ифтихори миллие, ки дар солҳои бозсозӣ дар қалбҳояшон шукуфта буд... Ҳадафи ман ин буд, ки бо чопи ин китоб ҳисси ифтихори миллиро дар миёни муҳоҷирони тоҷик муҷаддадан бедор бикунем. Ва дигар ин ки чун ин китоб қабл аз инқилоб нашр шуда, хеле камёфт буд. То ҷое, ки ман медонам, дар Тоҷикистон аз ин китоб ду ё се нусха вуҷуд дошт ва он ҳатто барои мутахассисон дастрас набуд. Ва саранҷом, чун китоб қабл аз инқилоби болшевикҳо чоп шуда, орӣ аз фишорҳои идеулужики Ҳизби Кумунист аст, ки "баробарӣ" ва "дӯстӣ"-и халқҳоро ҳатто дар илм талқин мекард. Муаллифи он то тавонистааст зиндагӣ ва касбу ҳунарҳои тоҷиконро ба таври ростин тавсиф кардааст."

Қодири Рустам аз аҳамият ва моҳияти ин китоб мегӯяд:

"Шишов дар навиштани ин китоб ба навиштаҳои дигарон такя кардааст. Ба китобҳое, ки дастраси ӯ буданд дар Тошканд. Ба ҳамин ҷиҳат, ӯ аз манбаъҳое истифода кардааст, ки имрӯза ҳатто дастраси муҳаққиқон нест. Ба монанди мақолаҳои мутаъаддиде аз "Туркестанские ведомости", китобҳои мухталифе, ки дар Санкт-Петербург, дар худи Тошканд ва дар кишварҳои ғарбӣ чоп шуда буданд, истифода кардааст. Дигар, ӯ ба таври ростин мақоми тоҷиконро дар торих, тамаддун, ҳунар ва иқтисоди Осиёи Миёна бозгӯ кардааст. Чунон ки қаблан гуфтам, муҳаққиқони шӯравӣ ба ин мавзӯъ аслан даст намезаданд. Ба ҷуз аз ҳақоиқе, ки дар китоби аллома Бобоҷон Ғафуров омадааст. Ҳатто аллома Ғафуров низ бино ба сабабҳои маълум бисёр ҳарфҳоро нагуфтаанд ё печида гуфтаанд ё чизҳое гуфтаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба ёфтаҳои илмии имрӯз дурусту саҳеҳ нест, аз ҷумла дар бораи этногенез ё таркиби қавмии мардуми узбак."

Бархе аз муҳаққиқони шӯравӣ дар бораи китоби "Тоҷикон"-и Шишов мегӯянд, муаллиф қавми тоҷикро бештар аз будаш нишон додааст. Бархе дигар мегӯянд, Шишов дар бораи тоҷикон бо ишқу муҳаббат менависад, вале дар бораи сокинони дигари минтақа бо ҳолати иҷбор изҳори назар мекунад ва тоҷиконро "бумиён"-и марзу буми минтақа ва дигаронро "ишғолгар" ва "турктоз" меномад ва ғайра. Барномаи Ҳамнафас ин мавзӯъро бо чанд соҳибназар, аз ҷумла як мардумшиноси муъосири рус дар миён гузошт. Аммо беҳтарин роҳи арзёбии китоби Шишов шояд хондани он бошад.

Худо нигаҳдор.
XS
SM
MD
LG