Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро нархи меваву сабзиҷот то ҳол гарон аст?


таҳлилгари иқтисодӣ аз Хуҷанд Тоҳири Абдуҷҷаббор Дар шимоли Тоҷикистон, ба вижа дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд, нархи меваву сабзиҷот ҳамчунон гарон аст, ки барои чунин вақти сол хос нест. Сабаб чист? Оё тоҷирон намехоҳанд нархҳоро дар бозор поин оранд ё кишоварзон ба чунин кор розӣ нестанд?

Агарчи ними тобистон гузашт, вале нархи меваю сабзиҷот дар бозорҳои Хуҷанд ва атрофии он ҳанўз ба андозаи қобили мулоҳиза пойин наомадааст. Ҳоло ҳам, мисли 2-3 моҳе пеш, нархҳо хеле баланд аст. Барои мисол, қимати 1 кг картошка то 1,5 сомонӣ, пиёзу сабзӣ то як сомонӣ, себу ангур 1,5-2 сомонӣ, шафтолу 2 сомонӣ, тарбузу харбуза аз 2 то 5 сомонист. Равшан аст, ки чунин нархҳо барои мардуме, ки музди моҳворашон дар ҳудуди 70-80 сомонӣ аст, хеле гарон ва барои бисёр хонаводаҳо дастнорас мебошанд.

Гаронии нархҳо, ба гуфтаи бисёр кишоварзону фурўшандагон, чанд сабаб дорад. Пеш аз ҳама, он натиҷаи болоравии хароҷоти тавлид аст. Қимати нуриҳои минералӣ, ки асосан аз Узбакистон ворид карда мешавад, 50-80 дарсад боло рафтааст. Ҳамзамон дар натиҷаи боло рафтани қимати маводи сўхт, кирояи трактор ва дигар мошинҳое, ки барои кишту кор ва ҳамлу нақли маҳсулоти зироатӣ истифода мешаванд, боло рафтааст.

Илова бар ин, дар аксари навоҳии вилояти Суғд норасоии об эҳсос мешавад ва агар дар зимистону баҳор бориш кам шавад, дар заминҳои лалмии ин минтақа ҳосили хуб ба даст намеояд.

Сабаби дигари гаронии қиматҳо ин аст, ки руиҳамрафта, ҳаҷми тавлиди сабзиҷоту меваҷот дар кишвар чандон зиёд нест. Афзун бар ин, ҳаҷми тавлидот сол то сол тағйир меёбад. Нархҳои нисбатан арзони сабзиҷот дар солҳои гузашта боиси он шудааст, ки имсол бисёр кишоварзон тавлиди онҳоро кам кунанд. Дар айни замон, миқдори аҳолӣ ва ҳаҷми тақозо дар бозорҳои кишвар то рафт бештар мешавад ва ин боиси болоравии қиматҳо мегардад.

Яке аз сабабҳои аслии гаронии қиматҳо он аст, ки дар бозорҳо асосан миёнаравҳо фаъолият мекунанд. Онҳо маҳсулоти кишоварзонро арзон мехаранд ва дар бозорҳо бо қиматҳои баландтар мефурўшанд. Ҳамчунон онҳо миқдори зиёди пиёзу сабзиро ба навоҳии ҷанубии кишвар интиқол медиҳанд ва ин бидуни шак ба ҳаҷми арза ва нарху навои бозорҳо таъсир мерасонад.

Се моҳ пеш ба андозаи 40-дарсад зиёд шудани дастмузди кормандони идораҳою муассисоти давлатӣ низ ба болоравии нарх беасар намондааст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва бесалоҳиятии ҳукуматдорон ин як амри табиист, ба вижа, дар кишварҳои ақибмонда.

Омили дигаре, ки ба таносуби арзаю тақозо ва нархҳои бозор таъсир мерасонад, афзоиши содироти маваю сабзиҷот ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Русия ва Қазоқистон, мебошад. Метавон гуфт, ки нақши ин омил дар оянда мумкин аст хеле бештар гардад. Чанде пеш байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия ва Тоҷикистону Қазоқистон дар мавриди зиёд кардани ҳаҷми содироти меваҷоту сабзиҷоти Тоҷикистон ва осонтар кардани интиқоли онҳо ба он кишварҳо мувофиқат ҳосил шуда буд.

Гузашта аз ин, кишварҳои Авруосиё дар пайи эҷоди Иттиҳодияи гумрукӣ ҳастанд. Агар ин нақшаҳо амалӣ шаванд ва мушкилоти рафту омади тоҷирони мо ба он кишварҳо осон шавад, шароит барои афзоиши содироти кишвар мусоидтар хоҳад шуд. Албатта, ин кори муфид аст. Вале мумкин аст, боиси болоравии нархҳо дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон ва пойин омадани масрафи меваҷоту сабзиҷот аз ҷониби мардум гардад. Барои ҷилавгирӣ аз ин гуна фарояндҳои номатлуб лозим аст, ки пеш аз ҳама ҳаҷми тавлиди меваҷоту сабзиҷот зиёд гардад.
XS
SM
MD
LG