Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тӯби тилоӣ"-и Зайниддин Зидан


Бо вуҷуди пирӯзии Итолиё ва шикасти Фаронса дар бозии ниҳоӣ беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонии футбол Зайниддин Зиддани фаронсавӣ дониста шуд. Ӯ дар назархоҳие, ки байни шореҳони варзиш анҷом ёфт, бар ду рақиби итолиёияш Фабио Канаваро ва Андрео Пирло ғолиб омадва сазовори "Тӯби тилоӣ"-и ин мусобиқот шуд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки довари бозии ниҳоӣ Зиданро ба иллати ҳимоятгари тими Итолиё Марко Матераззиро бо зарби сар заданаш аз майдон пеш карда буд.

Ва аммо президенти Фаронса Жак Ширак дирӯз ба ҳимоят аз Зайниддин Зиддан гуфт: "Зайниддин Зидани мӯҳтарам! Ман мехоҳам дар ин лаҳазоти сахти сарнавишти шумо ихлосу муҳаббат ва эҳтироми ҳама мардуми моро бароятон арза дорам. Шумо бозигари моҳир ва нобиғаи ҷаҳони футболед. Шумо инсони бошараф, масъул ва ақидаманде ҳастед ва Фаронса аз ҳамин хотир бо Шумо ифтихор мекунад ва дӯстатон медорад."

Аммо иллати бо Марко Матераззи даргир шудани Зайниддин Зидан ҳамчунон пушти пардаи ҳадсҳо ва розҳост. Мураббии тими Фаронса Раймонд Доменек мегӯяд, худи Матераззи Зиданро ба чунин амал таҳрик дод. Ва телевизиони бразилии Глобо гуфтааст, иллати ҷанҷол ин буда, ки Матеррази ду маротиба хоҳари Зайниддин Зидданро фоҳиша номида, дашном додааст.

Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта тими Итолиё дар пайи пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол бо сари баланд ба ватан баргашт ва футболбозонро садҳо ҳазор нафар дар майдони қадимаи Сиркус Максимуси Рум истиқбол карданд. Мураббии тим Марчелло Липи дар лаҳазоте, ки тимаш тарки Олмон мекард, гуфт: "Вақте чунин қулларо фатҳ мекунед ва чунин ҷоизаи муҳимро мебаред, баъд мефаҳмед, ки ноил шудан ба ин чӣ қадар мушкил аст, чӣ қадар аз худ розӣ мешавед ва ин чӣ қадар хуб аст, ки шумо барои ҳифзи мақоми бадастомада, нафаси тозаву азми тоза ва талоши тоза пайдо мекунед."
XS
SM
MD
LG