Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саёҳону саёҳат дар вилояти Суғд


Дар вилояти Суғд панҷ ширкат ва муассисаи сайёҳӣ вуҷуд дорад, аммо чаҳорчӯби фаъолияти онҳо маҳдуд аст, зеро вилояти Суғд ҳанӯз ба як минтақаи бози сайёҳӣ табдил наёфтааст. Барои мисол, дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон аз хадамоти ширкатҳои сайёҳии Суғд танҳо беш аз ду ҳазор нафар истифода кардаанд. Ҷаноби Шарифов дар ин бора меафзояд:

«Муассисаҳои туристии вилоят оиди ҳамкории тарафайн бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Русия, Ҷопон, Чин, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбакистон шартномаҳо дорад. Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ муассисаҳои туристии Суғд ба беш 2 ҳазор хоҳишмандон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар хидмат расониданд. Дар ин муддат 51 нафар сайёҳи хориҷӣ қабул карда шуд, аз Ҷопон, Фаронса, ИМА ва Узбакистон.»

Вилояти Суғд аз мавзеъҳои зебои тамошобоб, биноҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, табиати нотакрори кӯҳистон, боғзорҳои пурмева ва дарёҳои кӯҳии мусаффо, обҳои маъданӣ, лойҳои шифобахш ва иқлими нарму мувофиқ бенасиб нест. Осоишгоҳи Исфара, Искандаркӯл, Баҳри Тоҷик, лойи шифобахши Ашт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шӯҳрат дорад. Арзиши истироҳату табобат дар истироҳату осоишгоҳҳои Суғд аз рӯи бардошти кисаи сокинони маҳал муайян карда шудааст. Дар ин маврид Фирдавс Абдуллоев - раиси Шӯрои саёҳати вилояти Суғд мегӯяд:

«Масалан, агар истироҳатгоҳи канори Баҳри Тоҷикро бигирем, будубоши як нафар бо ҷойхоб барои як шабонарӯз ва се маротиба хӯроки гарм 36 сомонӣ, бештар аз 10 доллари амрикоӣ мебошад. Барои дувоздаҳ рӯз 420 сомонӣ мешавад. Ин дар номерҳои люкс. Дар котеҷҳо 375 сомонӣ. Дар манзилҳои оддӣ - 228 сомонӣ барои дувоздаҳ рӯз.»

Ба гуфтаи мутахассисини соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд, хоҳишмандони саёҳат ва истироҳат дар ин минтақа дар кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Узбакистон кам нестанд. Аммо марзҳои баста ва мушкилии гирифтани виза ба омадани сайёҳон монеъ мешавад. Мирзоҳаким Рустамов, сарвари бахши корхонаи давлатии «Сайёҳ» дар вилояти Суғд:

«Ҳозир муассисаи «Сайёҳ» бо зиёда аз 10 кишварҳои дуру наздик ҳамкорӣ дорад. Бо Қирғизистону Қазоқистон нағз кор мекунем. Аммо масъалаи гирифтани виза аз Тошканд бисёр душвор. Ба ин даҳ - дувоздаҳ рӯз сарф мешавад. Ман бисёр мехостам визаи равуо аз байн бардошта шавад. Ба хотири ривоҷи туризм. Мо қаблан танҳо аз вилояти Самарқанд ҳарсола 6-7 ҳазор сайёҳ қабул мекардем.»

Аммо ба гуфтаи мутахассисини маҳаллии соҳаи туризм он чӣ таваҷҷӯҳи сайёҳони кишварҳои дури хориҷиро ба вилояти Суғд ва аслан ба ҳама манотиқи Тоҷикистон костааст, набуди хадамот ва меҳмонхонаҳои замонавӣ, роҳҳои ҳамвори заминӣ, камии хатсайрҳои ҳавоӣ ба кишварҳои хориҷӣ, ва истироҳату фароғатгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мебошад.

Барои ислоҳи ин вазъ ва рушди сайёҳӣ то соли 2009, ба гуфтаи сарвари бахши корхонаи давлатии «Сайёҳ» дар вилояти Суғд аз ҷониби ҳукумати вилоят як барномаи вижа таҳия шудааст:

«Якум, ҳозир дар маркази Хуҷанд як меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда истодаем. Мо кӯшиш дорем ба талаботи замона ҷавобгӯ бошем. Барои ин аввалан хадамоти хуби сайёҳиро ба роҳ мондан зарур аст. Ният дорем дар минтақаи Шаҳристон як истироҳатгоҳ барои туризми шикор, лижаронӣ ва аспдавонӣ таъсис намоем.»

Аммо ба гуфтаи масъулин, аз масъалаҳои асосии рушди соҳаи сайёҳат ва туризм дар вилояти Суғд ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба ривоҷи ин соҳа аст.
XS
SM
MD
LG