Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ: "Ман на як сафир, балки як бародар будам."


Онҳо мегӯянд, намедонанд, агар Шабистарӣ намебуд, ҳоли онҳо чӣ мешуд, оё зинда мемонданд ё на. Аммо шарофати Шабистарӣ на танҳо ба ин 54, балки ба садҳо ҳазор нафар низ расидааст. Шояд дар ҷаҳон ин гуна сафирон кам бошанд, ки маъмурияти онҳо ба оғози як ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шаваду бо созиши сулҳ ба поён расад. Дар рӯзи иди сулҳи тоҷикон ӯро дар Луристони Эрон пайдо кардам ва гуфтугӯи мо бо аввалин сафири Эрон дар Тоҷикистон ин гуна ҷараён гирифт:

Шумо дар давраҳои сахте сафири Эрон дар Тоҷикистон будед. Тақрибан оғози кори шумо дар ин кишвар бо оғози низоъ дар он дуруст омад. Оё ин ҳол ба фаъолияти Шумо ҳамчун сафири ҷумҳурии исломӣ чӣ таъсир дошт?

Бо номи худо оғоз мекунам. Арз кунам, ки ҳамчуноне шумо ишора кардед, омадани аввалин сафири Эрон ба Тоҷикистон дар охирҳои соли 1991 ва ибтидои 1992 иттифоқ афтод ва ҳанӯз се ё чор моҳе нагузашта буд, ки тазоҳуроту норозигиҳо ва оқибат бародаркушиҳо шурӯъ шуд ва барои як нафар эронӣ, ки худашро аз Тоҷикистон медонад, бо таваҷҷӯҳ ба иштирокоти зиёде ки дорем, ман фикр намекунам, шумову мо бо ҳамдигар дар ҳақиқат фарқе дошта бошем, ба ҳар ҳол, ман ҳам ба унвони як эронӣ ва як тоҷик ҳамон дард ва ҳамон нороҳатиро эҳсос мекардам, ки бародарон ва хоҳарони тоҷикии ман доштанд. Бино бар ин кор бисёру бисёр сахт буд, яъне дидани ин ихтилофот, дидани ин мушкилот ва аз ҳама болотар дидани бародаркушиҳо барои ман бисёр ранҷу алам дошт ва шумо шоҳид будед, ки ба ҳар ҳол ман дар ҳамон шароит ба ҳамаи сахтиҳо воистодем ва алҳамдуллилоҳ корҳое анҷом шуд, ки натиҷаи хуб дошт.

Талошҳои Шумо ба эҷоди тафоҳум миёни тарафҳои даргир на ҳамеша яксон арзишёбӣ мешуд. Намояндагони давлат мегуфтанд, Шумо бо оппозисюн ҳастед ва мухолифон мегуфтанд, Шумо аз давлати оқои Раҳмонов ҳимоят мекунед. Ба ин мавзеъгириҳо чи гуна бархӯрд мекардед?

Усулан ин чизи оддӣ ва маъмулист, ки вақте ду тараф вориди низоъ ё музокирот мешаванд, бо аҳдофи худашон онҳоеро, ки дар миёна ҳастанд, мавриди чунини арзишёбиҳо қарор медиҳанд. Нуктае ки ман ба ҳар ҳол барояш имон доштам ва тамоми нирӯи худро, ҳатто мешавад гуфт, эътибори сиёсии худро дар миён гузоштам ва ончи имкон доштам, ин буд, ки хушбахтона, ҳарду тараф, раҳбарони ҳарду тараф, ба манофеъи миллияшон таваҷҷӯҳ доранд. Дар мулоқотҳои хусусӣ, ки билоохира бо ҳарду тараф ҳам доштам, алъон метавонам рӯшан бигӯям, ки аз тарафи давлат хубиҳояшро ба тарафи оппозисюн мегуфтам аз тарафи оппозисюн хубиҳояшро ба давлат мегуфтам, яъне сайъ мекардам, ба наздик кардани қалбҳо ба ҳамдигар ва ин ҳарфҳое ки ба худи ман ҳам мезаданд, ман ба онҳо баҳо намедодам, ба хотири ин ки ҳадафи ман хеле болотар аз ин буд ва ин буд, ончи ки барои мардуми азизи Тоҷикистон метавонистам, анҷом диҳам, анҷом медодам. Ман медонистам, ки имрӯзу фардо ин ҳарфҳо мегузаранд ва рӯзе фаромӯш мешаванд ва онгуна ки мегӯянд, отфобро наметавон бо доман пӯшонд, ҳақиқат пирӯз мешавад. Ман ҳамчун сафири Эрон танҳо аз сабру ҳавсала кор мегирифтам ва ба ин суханҳои давру бар эътибор намедодам, зеро агар эътибор медодам, ман ҳам мешудам, мисли дигарон. Ман аз ҳеҷ кишвари дигар интизори инро надоштам, ки биёяд ва дар умури сулҳи Тоҷикистон даргир шавад. Воқеъияташ ин аст, ки ҷанги бародаркушро ман тасаввур мекардам, худое накарда, дар Эрон рух медод, ҳеҷ фарқе намекард. Ҳамон тарзе ки дар дохили Эрон ва барои бародару хоҳари худам дар Эрон таваҷҷӯҳ доштам, ҳамон андоза ҳам дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доштам, ҳоло ҷузъиёташро шумо шояд ёдатон ҳаст. Ба ҳар ҳол дар он рӯзҳои сахте ки ҳамаи дипломатҳо Тоҷикистонро тарк карданд ва рафтанд, ман истодам, барои он ки боз ҳам ман худамро аз тоҷикон медонистам ва ғаму шодияшон барои ман ғаму шодии худам буд ва ҳама чизи марбут ба инҳо бароям муҳим буд.

Ҷаноби Шабистарӣ, Шумо аз кишварҳои дигар ин ҷо ёд кардед. Оё бархӯрди онҳо ба нақши Шумо чи гуна буд?

Албатта, шояд дар он рӯзҳо он тафоҳуми лозим дар байни кишварҳои атрофи Тоҷикистон ва кишварҳое, ки дар умури Тоҷикистон дахил буданд, вуҷуд надошт. Ва шояд фурсате зарур буд, ки ин кишварҳо зимни ҳамкории бештар аз мавзеъгирии ҳамдигар огоҳ шаванд. Фикр кунам, ба ҳамин далел гоҳе вақтҳо як ҳисси рақобат ба миён меомад, ки мешавад онро рашки ҳамоиш ё ихтилофи манфиатҳо номид. Аммо батадриҷ, бо гузашти замон мушаххас шуд, ки на, ҳузури Эрон дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ хатаре барои кишварҳои ҳамсоя ва дигарон надорад ва ба ҳеч ваҷҳ Эрон ба дунболи тавсеаталабӣ нест, балки хуб, ин муносибатҳои чандинҳазорсолае ки байни мо ҳаст, дар ҳақиқат ин бародарӣ, ки байни мо ҳаст, тақозо мекунад, ки мо робитаҳои бисёр хубе дошта бошем ва ин робитаҳо зидди ҳеч кишвари дигаре набуд. Ин тафоҳум низ сабру ҳавсала ва гузашти замонро мехост.

Он рӯзҳо ва баъдан низ матбуоти Русия менавишт, Русия ба сарони давлати Тоҷикистон таъсири ҳалкунанда дошт ва Эрон ба сарони мухолифин. Оё ин дуруст буд?

Албатта, ҳарфи берабте нест. Дуруст аст, чун агар шумо дар ёд дошта бошед, пас аз фурӯпошии Ҳукумати муросои миллӣ дар тирамоҳи соли 1992 бисёре аз сарони оппозисюн пароканда шуданд ва бархе аз онҳо ба Эрон рафта буданд. Нуктаи асосӣ ин аст ки мо аз нуфузи худамон рӯи оппозисюн ба сурати бисёр мусбате истифода кардем ва шояд, иншоаллоҳ, хотироти ин музокиротро ман як рӯзе расидаму чопаш кардам, он ҷо хоҳед дид, ки тамоми кӯшиши мо барои наздик кардани ду тараф буд, на ин ки, худое накарда, дур кардан. Шояд бад нест, ин ҷо ман ба як намуна ишора кунам. Бубинед, дар достони мубодилаи асирон ва зиндониён. Далеле набуд, ки ман дар иҷрои ин тарҳ даргир шавам. Тарафҳо ба созиш расида буданд ва мебоист ин табодул сурат мегирифт. Вале чун дунболи ин кор будам, рӯзе ки ин табодул мебоист иттифоқ афтад, комилан дар ёдам аст, ин 5-уми ноябри соли 1994 буд ва намояндаи Созмони Милал ба ман гуфт, ки чун ҳамеша мепурсӣ, кай ин тарҳ иҷро мешавад, биё бо ҳам биравему иҷрояш кунем. Ба чархбол савор шудему рафтем ба Хоруғ ва зиндониёнро ҳамроҳ доштем ва аз он тараф ҳам қарор буд, ки оппозисюн низ 27 сарбози ҳукуматро, ки дар асорат нигоҳ медошт, ба мо бидиҳад. Аммо мутаассифона, наомада буданд ва касеро ҳам наоварда буданд. Баъд маълум шуд, ки Ризвон саркашӣ кардаву мегуфт на Тӯраҷонзодаро қабул дораду на Нуриро ва тасмимгиранда худаш аст ва монанди инҳо. Он гоҳ намояндагони Созмони Милал ва Салиби Сурх гуфтанд, дар ин ҳол коре намешавад кард ва бояд ба Душанбе баргашт. Ман мӯътақид будам, ки агар худое накарда, ин раванди музокирот мутаваққиф бишавад, сабаб хоҳад шуд, ки мо бародаркушии бештар дошта бошем ва дубора аз сар гирифтани гуфтушунид хеле тӯл хоҳад кашид ва боз хуни зиёде хоҳад рехт. Ба ҳар ҳол дар ин шароит, дар ҳамон маҳал, дар Хоруғ, ба ҷои баргаштан ба Душанбе ман тасмим гирифтам, ки бо Ризвон сӯҳбат кунам. Намояндаи Созмони Милал ба Душанбе баргашт, аммо ман истодам ва шаб ба воситаи бесим бо Ривзон сӯҳбат кардам, гуфтам, "бобо, мо инҳоро овардем, иваз кунем." Гуфт, "намедиҳам ва аслан омадани шумо як бехудист" ва "чаро Алӣ-Боксёр озод нашуд", хуллас аз ин қабил сӯҳбатҳо. Гуфтам, "бобо, ба ҳар ҳол 27 нафарро овардаем, бояд озод кунем." Гуфт, "аслан ҳеч фоидае надорад." Алорағми инҳо, ман намояндаи Кумитаи байнулмилалии салиби сурхро қабулондам, баъд аз ду рӯз дар ҳоле ки ҳеч чизи омода надоштем, шояд барои шумо аҷиб бошад, гузарномаам низ ҳамроҳам набуд. Бо иттифоқи ду нафар аз кормандони Салиби Сурх аз марзи Ишкошим вориди Афғонистон шудам, рафтем то Баҳорак. Он ҷо чи мусибате буд ва Ризвон чи қадар дашном дод, фарқ надорад. Вале баъд аз ин ман нӯҳ-даҳ соат бо ин мард сӯҳбат кардам ва тавонистам, ӯро розӣ кунам, тавонистам, асиронро биёрам. Хуб ин далелаш чӣ ҳаст? Фақат ин ки эҳсоси бародарӣ ва эҳсоси ин ки он чи сарнавишти Тоҷикистон ва тоҷикон аст, сарнавишти худи ман аст. Ман як чиро медонистам, ки мебоист барои раванди музокирот дар Тоҷикистон ончиро ки метавонистам бояд анҷом медодам. Чи ба унвони сафири Эрон ва чи ба унвони як инсон. Ҳоло бархе мегӯяд, ки ин корҳо дар чаҳорчӯбаи маъмурияти як сафир набуд. Дуруст аст. Яъне сафир набояд ба ин шакл ва ин қадар даргири чунин масоил бишавад. Аммо воқеъияташ ин аст, ки ман шахсан ин эҳсосро доштам, қатъи назар аз эътибори сиёсиям. Агар ин қазия бо шикаст мувоҷеҳ мешуд, мусалламан ман эътибори сиёсиямро аз даст дода будам. Вале боз ҳам омода будам, ки ба хотири ҳифзи ҷони мардум, ин корро анҷом бидиҳам.

Ташаккур, аммо назари мақомоти олии Ҷумҳурии исломии Эрон ба масъалаи Тоҷикистон чӣ гуна буд?

Хушбахтона, онҳо ҳам ҳамин назарро доштанд, ки бояд мо ончи ки аз дастамон бармеояд барои барқарории сулҳ дар Тоҷикистон анҷом бидиҳем. Шумо шояд дар ёд доред, ки ҳамон авоил, дар моҳи майи 1992, дар оғози даргириҳо буд, ки оқои Ҳошимӣ ба оқои Набиев занг зад ва гуфт, агар коре аз даст мо бармеояд, мо омодагӣ дорем. Баъдан ҳам ҳамин тавр дар марҳилаҳои мухталиф мо ҳамин мавзеъро собит кардем. Мунтаҳо, нуктаи асосӣ ин аст, ки будани оппозисюн дар Эрон ва он дастрасие ки мо ба инҳо доштем, сабаб мешуд, ки битавонем, онҳоро таъдил бикунем, мӯътадил гардонем, ки дар музокирот то ҳудуде мутаваҷҷеҳ бошанд, ки ба ҳар ҳол, як миқдор шумо бояд кӯтоҳ биёед, як миқдор тарафи ҳукумат кӯтоҳ биёяд. Тамоми кӯшиши ман ба ин буд, ки байни ду тараф як эътимодсозӣ бишавад. Онгуна ки Шумо гуфтед, дар он аввалҳо роҷеъ ба Шабистарӣ як миқдор гапҳое гуфта мешуд, аммо дар ҷаласаҳои охир Шабистарӣ буд, ки дар маҳрамонатарин сӯҳбатҳои намояндагони давлат ва оппозисюн ширкат меварзид ва каси дигаре дар миёна набуд. Ин нишонаи меҳру луфти онҳо буд ва ҳам шинохти мавзеъгирии хайрхоҳонаи Эрон. Ҳоло ман самимона ташаккур мекунам, аз онҳо барои чунин эътимод ва ҳамеша тоҷикон, ки ба Теҳрон меоянд, меҳмонони азизи мананд ва ман ҳам, ки пеш аз сафари оқои Хотамӣ ба Душанбе рафта будам, аз пазироии онҳо хеле ва хеле шоду сарбаланд будам.

Ба назари Шумо, оё дуруст аст, ки як сафир ин гуна нақше аз худ боқӣ бигзорад?

Воллоҳ, шояд як саволи хеле сахтест, ки аз як сафир чӣ интизороте ҳаст ва воқеан оё ман дар ҳамон маҳдудаи кори сафорат анҷоми вазифа мекардам ё бештар, шояд инро таърих бештар битавонад, қазоват кунад, вале шахсан бояд бигӯям, ки ман Тоҷикистонро, чун тақрибан дар 67 кишвар маъмуриятҳои баланду кӯтоҳмуддат доштам, вале Тоҷикистонро бо ҳеҷ ҷои дунё муқоиса намекунам. Шумо ба Тоҷикистон, ки меоед, эҳсос мекунед, ки ба хонаи худатон омада бошед. Ва он бародариҳову наздикиҳое, ки одам бо мардум эҳсос мекунад, ҳеч ҷои дунё Шумо ин эҳсосро нахоҳед дошт. Бо вуҷуди он ки дар 67 кишвар маъмурият доштам, агар алъон бипурсанд, ки беҳтарин маъмуриятат куҷост, боз ҳам мегӯям, Тоҷикистон, агарчи сахт гузашт, об набуд, амният набуд, барқ мерафт...ҳамаи инҳо ба канор, аммо мардуми бисёр дӯстдоштанӣ, мардуми босафо барои ман як неъмате буд ва алъон ҳам боз мегӯям, вақте дӯстони тоҷикиро мебинам, дилам шод мешавад ва баъзе вақтҳо китобҳоеро мехонам, ки аз он ҷо овардаам ва мусиқии тоҷикиро гӯш мекунам ва боз ёди Тоҷикистон мекунам. Дар робита ба саволи Шумо, ман бояд иқрор кунам, ки фавқи, дар ҳақиқат, масъулиятҳоям амал мекардам ва он ҳам ба хотири ин ки эҳсос мекардам, Тоҷикистон аслан чизи дигар аст. Аз он лиҳоз ки баъд аз чандин солҳо мо, мардумон, ба ҳам расидем ва як рисолате ба гардани Шабистарӣ гузошта шуда буд, ки хеле ва хеле бузург буд. Шояд ин "шонс", мегӯянд, "қуръаи фол ба номи ман заданд", ба ҳама дастрас намешуд. Шахсе шуда буд, ки мебоист, баъд аз солҳои тулонии дурию ҷудоиҳо паёми ин тарафро ба он тараф мерасонд. Ва ин рисолат наметавонист дар чаҳорчӯби вазифаҳои як сафир бигунҷад. Агар ёдатон бошад, ман ҳатто дар ҷашнҳои хатнаву арӯсӣ ва дафну азодориҳо ширкат мекардам. Ё ба мактабу мадрасаҳо мерафтам. Ба аёдати беморон. Яъне худамро бахше аз мардум медонистам ва ҳанӯз эҳсоси як шаҳрванди Тоҷикистонро дорам. Бинобар ин посух ба саволи Шумо осон нест. Аз сӯи дигар он чи он рӯзҳо дар Тоҷикистон низ иттифоқ меафтод, дар ягон китоби дипломатия набуд ва кас аз ин лиҳоз низ наметавонист, дунболи протоколу муқаррароти расмӣ гардад. Аммо боз ҳам эҳсосоте ки ман нисбат ба тоҷикон доштам, шояд нақши асосиро бозид. Бояд бигӯям, ки шумо, мардум, дар ҳафтод соли ҳукумати советӣ, воқеан рустамона аз забони форсӣ, фарҳанги форсӣ, фарҳанги тоҷикӣ дифоъ кардед ва онҳоро нигаҳ доштед ва ин кори осоне набуд. Мо ба унвони эрониҳо ва форсизабонҳо куллан, бояд аз тоҷикон таҳсин кунем ва боз ҳам барояшон тавсия кунем, ки алъон ки мустақил шуданд, ин фарҳангу тамаддуну забонро бештару бештар барояш бичапсанд ва шояд ҳам, яке аз авомили иттиҳоди тоҷикҳои мо гардад, ки нагӯянд, ман инҷоиям, ман онҷоиям, фулонвилоятиям. Дар меҳвари ин фарҳангу забон, иншоолоҳ, ҳамаи тоҷикон якҷоя мешаванд, то кишварро ба ҷойгоҳи шоистаи худаш бирасонанд.

Ташаккур, мӯҳтарам Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон ва ёдбудҳои ӯ аз раванди сулҳи Тоҷикистон. (Ин гуфтугӯ рӯзи 27-уми июни соли 2006-ум ба амал омад.)
XS
SM
MD
LG