Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои захмҳои футбол


Рӯзи панҷшанбе Майкл Овен футболбози дастаи мунтахаби Англия изҳор намуд, ки ӯ то охири соли равон ҳунарнамоӣ карда наметавонад, вале умед дорад, вақте мунтахаби ин кишвар Ҷоми ҷаҳонии имсоларо ба даст овард, ӯ ҳамроҳ бо онҳо барои гирифтани ҷоиза ба майдон мебарояд.
Овен дар дақиқаҳои аввали бозии Англия бар муқобили Шветсия дар даври сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ ҷароҳат бардошт ва ҳоло барои муоинаву муолиҷа ба ватан баргаштааст.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорон футболбози 26-сола гуфт:
"Ман дигар дар қуваозмоиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат нахоҳам варзид, вале ҳанӯз ҳам бовар дорам, ки медали Ҷоми ҷаҳонӣ дар гарданам овехта хоҳад шуд".
Футболбози хати ҳуҷуми Англия эҳсоси худро нигаҳ медошт, вале шореҳон баҳои ин ҷароҳати зону барои худи Овен, дастаи мунтахаби Англия ва дастаи Нюкаслро, ки ӯ дар он ҳунарнамоӣ менамояд, хуб дарк мекунанд.
Аслан дар кишварҳое, ки ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифта буданд ва ҳозир ба бозиҳои ҳаштякфинал роҳ ёфтаанд, хабар аз вазъи саломатии футболбозон ба монанди ахбори муҳими давлатӣ дар саҳифаҳои аввали нашрияҳо ҷой дода шудааст.
Дар ҳақиқат ҷароҳат, беморӣ ва аз бозӣ дур шудани футболбозон дастаҳоро водор мекунад, ки нақшаи бозиро тағйир диҳанд.
Рӯзи кушоиши бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ тамоми Олмон хабар дошт, ки капитани дастаи мунтахаби ин кишвар таб дорад ва ҳарорати баданаш аз меъёр баланд аст. Мардуми зиёди ин кишвар ва ҳаводорони дастаи мунтахаби Олмон орзуи онро доштанд, ки Михаэл Баллак сиҳат шаваду ба майдон барояд.
Дар сӯҳбати ҳозираи маҷаллаи Барги Сабз собиқ футболбози машҳури дастаи "Помир"-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев ҳузур дорад. Муҳсин ҳоло мураббии дастаи Подолски лигаи поёнии футболи Русия мебошад.
"Барги сабз":
Оё ҷароҳат бардоштани футболбозон мантиқе дорад. Оё ҳамон бархӯрд бо футболбозони дастаҳои дигар, ва ё афтидану пешпо хӯрдани футболбозон дар майдони ростро пешбинӣ кардан мумкин аст?
Ҳама вақт мо шоҳиди он ҳастем, ки дар лаҳзаҳои муҳимтарин дар арафаи бозиҳои муҳимтарин шумори зиёди варзишгарон ва на танҳо дар футбол ҷароҳат мебардоранду аз ширкат дар бозиҳои ҳаётан муҳим маҳрум мешаванд.?
Мӯҳсин:
"Одатан, футболбоз вақте ҷароҳат мебардорад, ки вазъи саломатиаш фавқулодда хуб асту ӯ дар беҳтарини ҳоли варзишӣ қарор дорад. Сониян, футболбоз дар ҳолатҳое маҷрӯҳ мешавад, ки баъди истироҳати тӯлонӣ ва ё беморӣ ҷисми ӯ қудрати бардоштани фишорро аз даст додааст."
"Барги сабз":
Оё метавон пешбинӣ кард, ки ба ҳисоби миёна як футболбоз дар давоми як сол аз иштирок дар чанд қуваозмоӣ маҳрум мешавад?
Мӯҳсин:
"Агар ба омор назар афканед, мебинед, ки футбол яке намудҳои серҷароҳати варзиш аст. Ҳатто дар хокей, ки бархӯрди миёни варзишгарон ба қадри кофӣ бисёр дорад, ин қадар ҷароҳати зиёд ба амал намеояд. Дар футбол Шумо ҳар лаҳза метавонед маҷрӯҳ шавед, зеро суръати бозӣ баланд шудааст, эҳтимоли бархӯрди байниҳамдигарӣ аз як тараф ва аз сӯи дигар, лат хӯрдани варзишгарон бар асари тоб наовардани мушакҳо зиёд аст. "
Барги Сабз:
Мӯҳсин, Шумо ҳам дар арафаи бозиҳои муҳим ҷароҳат бардоштаед?
Мӯҳсин:
"Худо раҳми маро хӯрдааст. Ман амалан на дар арафаи бозиҳои муҳим ва на дар рсотои бозиҳои оддӣ маҷрӯҳ нашудаам."
"Барги сабз":
Шумо ҳозир мураббии дастаи футбол ҳастед ва бояд вазъи саломатии 11 нафар дар майдон ва чанд тани дигар аз футболбозони эҳтиётиро мадди назар дошта бошед. Оё шумо пешакӣ тахмин мекунед, ки масалан дар давоми як сол дар чанд бозӣ камбуди футболбозон ва ё камбуди футболбозони хати муайян: ҳуҷум, ниммуҳофизат ва мудофиа эҳсос хоҳад шуд?
Мӯҳсин:
"Чунин ҳисобу китоб ғайриимкон аст. Шахс метавонад дар роҳи рост пешпо хӯрда, барои муддати тӯлонӣ аз саф хориҷ гардад. Чанде пеш дарвозабони дастаамон ҳангоми тамрини оддӣ ҷароҳати вазнин бардошт. Ӯ ҳифзи дарвоза аз зарбаи 11- метраро машқ мекард. Тӯб ба нӯги пояш бархӯрд ва ин ду моҳ инҷониб мушакҳои даридаашро муолиҷа мекунад. Бубинед тӯб ба пояш бархӯрд ва ӯ ду моҳ аз бозӣ берун шудааст. Дар ибтидо сӯҳбат Шумо Майкл Овенро ба хотир овардед. Дар роҳи рост пои ӯ қат хӯрд ва ӯ ҳадди ақалл ним сол аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Дар ин ҷо ҳам хастагии устухон ва ҳам хастагии мушакҳову буғумҳо сабаб буда метавонад. "
"Барги сабз"
Давраи ҳозираи футболро чӣ гуна арзёбӣ мекунед. Ман масъалаи латту кӯбро дар назар дорам ?
Мӯҳсин:
"Ҳозир дағалӣ камтар шудааст. Пеш латту кӯб зиёд буд. Ҳоло доварон ба дағалӣ роҳ намедиҳанд. Ҳоло агар футболбоз аз ақиб ҳамла кунад, ӯро аз майдон хориҷ мекунанд. Ҳамин гуна ҳозир барои зарба бо оринҷ футболбозро аз майдон хориҷ мекунанд. Қаблан барои ин гуна зарбаҳо ба футболбози масъул корти сурх намедоданд" .
"Барги сабз"
Мӯҳсин, Шумо дар ҷавонӣ варзишро канор гузоштед. Бапъзе ҳамсолони Шумо то кунун дар майдон ҳастанд. Оё мушкиле пеш омада буд?
Мӯҳсин:
"Медонед, чанде зиёдтар ҳунарнамоӣ кунеду дертар варзишро канор гузоред, ҳамон қадар дарду алам баъди анҷоми варзиш зиёд мешавад. Баъзе варзишгаронро мешиносам, ки то 40-42 солагӣ ҳунарнамоӣ мекарданд. Ба онҳо баъди хатми варзиши фаъол ҳатто устухони косашонро табдил намудаанд. Дпар варзишҳое аз қабили футболу хоккей шахс бояд аз ақл кор гирифта сари вақт майдонро холӣ кунад вагарна то охири умр
маъйуб хоҳад монд. Аммо ҳатто дар ҳамин ҳол ҳам ҳеҷ кафолате вуҷуд надорад.
"Барги сабз"
Ташаккур аз Шумо Мӯҳсин Муҳаммадиев
.
XS
SM
MD
LG