Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди таваллуд ва марги Аҳмад Зоҳир


Кобул Мегӯянд, рӯзи мавлуд ва марги Аҳмад Зоҳир, овозхони машҳури Афғонистон ба рӯзи 24 ҷавзо, мутобиқ ба 14 июн рост меояд. Аммо ҳаводорони сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ки ҳар сол дар ин рӯз дар сари марқади ӯ дар Кобул ҷамъ меоянд, танҳо солгарди марги овозхонро таҷлил мекунанд. Фарҳоди Милод, Кобул

Имсол дар 27 - умин солгарди марги асрорангези Аҳмад Зоҳир, дар қабристони Шуҳадои Солеҳини шарқи Кобул, ба қавли шоҳидон, мардум камтар ҷамъ омада буданд.
Бо ин вуҷуд, сурудҳои Аҳмад Зоҳир ин ҷову он ҷо замзама мешуд.
Аҳмад Шикеб, як ҷавон Аҳмад Зоҳирро ин гуна мешиносад:

Сурудҳои Аҳмад Зоҳир ба ҳар вақт - чи ғам, чи хушӣ - суд мекунанд. Хосатан агар ошиқ бошӣ, соати 10 - и шаб бошад, моҳтоб бошад, ситораҳоро бубинӣ, мегӯӣ, бигирям ва Аҳмад Зоҳирро гӯш кунам. Савияи сурудҳои ӯ болост. Каломаш аз Фурӯғии Бастомӣ, Фаррухии Систонӣ ва Хоҷа Ҳофиз аст. Як нафар ба ман гуфт, ки боре Аҳмад Зоҳир як оҳангро 47 маротиба хонд, пас сабт кард. Садои худаш баланд, садои мусиқиаш паст буд. Ҳоло ҳунармандонро мешунавӣ, ки аз садои худашон садои мусиқиашон баланд аст ва намедонӣ онхоро чи тавр гуш кунӣ.

Рӯзи 24-и ҷавзо дар Шуҳадои Солеҳин бидуни даъватномаву эълоноти қаблӣ ҳар касе чамъ мешавад, ки Аҳмад Зоҳирро ҳамчун рамзи суруди нотакрор ва беназир дӯст медорад. Ва телевизиону радиоҳои Афғонистон шоми 24-и ҷавзо барномаҳои вижа пахш мекунанд. Гуё ин рӯз рӯзи эълоннашудаи ҷашни Аҳмад Зоҳир дар Афғонистон аст.
Абдусалом, як дӯст ва шогирди Аҳмад Зоҳир ва афсари пулиси Афғонистон ҳама сол рӯзи 24-и ҷавзо дар ҳар канори Афғонистон, ки набошад, ба Мазори Шуҳадои Солеҳин сари марқади Аҳмад Зоҳир меояд:

Имрӯз соати 4 - и субҳ аз Қандаҳор ҳаракат кардам ва соати 8.30 худро ба мазор расонидам. 27 сол пеш, рӯзе, ки Аҳмад Зоҳирро ба қатл расониданд, ман аз Панҷшер худро ба ҷанозааш расонидам.

Самади Дор-дор, дӯсти наздики Аҳмад Зоҳир ҳамасола аз ҳисоби худ маъракаи солгарди дӯсти ҷавонмаргашро таҷлил мекунад:

Пеши назари ман Аҳмад Зоҳир зинда маълум мешавад. Як ҳафта аст, ки ба ин рӯз омодагӣ мебинам. Имсол 10 муллоро овардем, ки сари марқадаш хатми Қуръон кунем. Ҳар сол дар хона хатм мекардем.

Дар ҳоле, ки маросими таҷлили солгарди Аҳмад Зоҳир бидуни як барномаи вижа, маҷлису нутқҳои расмӣ баргузор мегардад, мухлисонаш гирди дӯстонаш ҷамъ мешаванд то хотираеро аз онҳо бишнаванд.
Ғафсзалмай, рӯзноманигор ва яке аз дӯстони Аҳмад Зоҳир дар посух ба суоли "Оё Устод Найнавоз, оҳангсози машҳури Афғонистон боиси шӯҳрати Аҳмад Зоҳир шудааст, чунин қисса кард:

Найнавоз ҳамеша мехост, ки Аҳмад Зоҳирро ба хонааш биёранд. Аҳмад як шаб ба хонаи устод Найнавоз ба микрорайони якуми Кобул меравад. Найнавоз мехоҳад имтиҳон кунад, ки Аҳмад Зоҳир чӣ зарфият дорад. Ҳар қадаре ки мехоҳад, ӯро дар илми мусиқӣ мот кунад, наметавонад. Найнавоз мӯътақид мешавад, ки Аҳмад Зоҳир касе ҳаст. Аммо Аҳмад он шаб хафа мешавад. Баъд Найнавоз ба хонаи ӯ меояд. Он замон танҳо ва ҳамсараш Ноҷияро талоқ дода буд. Найнавоз Аҳмад Зоҳирро ба авҷҳо мерасонад. Ман гуфтам: "Фазлулаҳмадҷон, ин қадар заҳмате, ки сари Аҳмад Зоҳир мекашӣ, агар сари ягон нафари дигар бикашӣ, масалан, сари ман, ман наметавонам Аҳмад Зоҳир шавам?" Найнавоз мегуфт: "Эҳтимол дорад аз Аҳмад Зоҳир боло равӣ, аммо Аҳмад Зоҳир намешавӣ".

То ҳанӯз таҳқиқи ҷиддии далоили марги Аҳмад Зоҳир аз сӯйи ягон ҳукумати Афғонистон сурат нагирифтааст. Касе мушаххас намедонад, ки овозхон чаро ва аз сӯйи кӣ кушта шудааст. Танҳо гумону шубҳаҳо мавҷуданд.
Даврони ҳукумати Толибон шурӯъ аз соли 1996 ба 2001 ба қабристони Шуҳадои Солеҳин касе намеомад. Толибон бо шиллики як гулӯла қабри Аҳмад Зоҳирро тахриб карданд. Дӯстону дӯстдорони овозхон ба таҷлили маросими солгарди ӯ дар хонаи Самади Дор-дор чамъ меомаданд.
Дар қабристони Шуҳадои Солеҳин нобиғаи мусиқии Афғонистон устод Сароҳанг ва амири тахтвожгуни Бухоро Амир Олимхон низ дафн шудаанд.
Қабри Аҳмад Зоҳир соли 2001 бо маблағи чанд мухлисаш аз нав баркарор шуд.
Самади Дор-дор мегӯяд, тӯли 27 соле, ки аз марги Ахмад Зохир гузаштааст, ягон ҳукумати Афғонистон кореро барои гиромидошти овозхони машҳур анҷом надод:

Мо аз ҳукумат чизе намехоҳем. То зинда ҳастем худамон солгардашро таҷлил мекунем. Мутаассифона, давлати мо ягон эътиборе ба ин ҷашн надод. Ҳатто родиову телевизиони миллӣ наомаданд, дар ҳоле ки родиову телевизионҳои дигар омаданду мавод таҳия намуданд. Оқои Махдум Раҳин (вазири фарҳанг, сайёҳӣ ва иттилооти Афғонистон) соли гузашта дар маросими солгарди Аҳмад Зоҳир ваъда дод, ки як боғ ё кӯчаро дар Кобул ба номи ӯ мегузоранд. Аммо то ҳол хабаре нест.

Ғафсзалмай, рӯзноманигори афғон мегӯяд, Аҳмад Зоҳирро муҳаббати мухлисони сурудаш зиндаву поянда медорад ва эҳтиёҷе ба маҳофили дабдабаноку пуркаруфар нест:

Обрӯмандтарин маросим он аст, ки бидуни даъват, пиёда, велосипедсавор ва бо мошинҳои шахсӣ сари қабрат оянду як дуову омин мекунанд.

Як дӯсти дигар ва муаллифи чанд оҳанги Аҳмад Зоҳир оҳангсоз Сафиуллоҳ Субот рӯзи 24-и ҷавзо таҳти унвони "Курси Аҳмад Зоҳир" як курси яксолаеро ба роҳ андохт.
XS
SM
MD
LG