Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар Минск


Мусобиқот таҳти шиори «Дар ҳамбастагӣ сулҳ ва тансиҳатист» бо ширкати варзишгарони 12 кишвар то 24 июн идома хоҳад кард.
Ва як хабари дигар. Мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ доир ба гуштии юнонию римӣ ё гуштии фарангӣ барои дарёфти ҷоизаҳои гиромидошти кишоварзи маъруфи тоҷик Саидхоҷа Урунхоҷаев, дукарат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки тӯли се рӯз идома кард, 175 гуштигир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, ҳамчунин Русия ширкат карданд. Гуштигирони тоҷик дар рақобатҳои ниҳоӣ дар ҳафт вазн ғолиб омаданд. Паҳлавонони вилояти Суғд Хусрави Ҳакимзод дар вазни 50 кило, Анвар Алиев дар вазни 55 кило, Далер Каримов дар вазни 60 кило ва Мурод Тӯйчиев дар вазни 120 кило, варзишгарони Душанбе Азиз Қаландаров дар вазни 66 кило, Илҳом Рустамов дар вазни 74 кило ва Ҳабиб Абдуллоев дар вазни 96 кило муваффақ ба дарёфти ҷоизаи аввали ин мусобиқа шуданд. Танҳо дар вазни 84 кило гуштигири қазоқ Кошлан Раҳимбеков бар ҳарифи худ Хуршед Турсунови душанбегӣ дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард.
XS
SM
MD
LG