Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сафина" то Шинглич расид, аммо...


ноҳияи Рашт Дар чанд соли охир дар водии Рашт барои пахши намоишҳои телевизион ва нашри барномаҳои радиои Тоҷикистон зиёда аз 100 мавҷгири моҳвораӣ насб шудааст.

Барои аввалин бор ба сокинони 5 деҳаи дурдасти ноҳияи Рашт дидани намоишҳои телевизиони Тоҷикистон муяссар гардид. Сафарбек Маҳмадов, корманди маркази пахши амвоҷи радио ва телевизион дар водии Рашт ба радио Озодӣ гуфт, пас аз васли мавҷгири моҳвораӣ аҳли рустоҳои Варзигун, Шоҳиндара, Шинглич, Ишимбоғ ва Ҳазорчашма, ки зиёда аз 500 хонавода мебошанд, метавонанд, ба таври доимӣ намоишҳои телевизиони тоҷикро тамошо кунанд. Ба он сабаб ки ин деҳаҳо дар миёни кӯҳҳои баланд ҷойгир шудаанд, мавҷҳои телевизиони Тоҷикистон ба онҳо намерасид. Алимардон Раҳимов, як сокини ин минтақа аз иқдоми Вазорати мухобироти Тоҷикистон пуштибонӣ кард ва гуфт, ҳоло мардуми ин рустоҳо худро дар пайванд бо кишвари худ эҳсос мекунанд ва аз аҳволи мардуми Тоҷикистон дар дигар манотиқ ба воситаи барномаҳои телевизиони миллӣ ва канали "Сафина" ошно мешаванд. Вале ҳамзамон вай зикр кард, ки кайфияти пахши намоишҳои "Сафина" пасттар аст.
Омӯзгор Олимов, сокини дигари ноҳияи Рашт низ аз ин иқдом хурсанд аст, аммо мегӯяд, баъд аз насб мавгирҳои моҳвораӣ бояд таҳти сарпарастии фаннӣ қарор бигиранд, зеро соли гузашта баъд аз боришоти зиёду давомдор ин мавҷгир аз кор мебарояд ва моҳҳои дароз мардум аз дидани намоишҳои телевизион маҳрум мешавад. Ва Каримҷони Сулаймон насби мавҷгири моҳвораиро дар минтақа ҳодисаи мусбат намешуморад, зеро ин амал мардумро аз тамошои телевизиони Русия маҳрум мекунад ва ин ҳам дар ҳоле ки телевизионҳои русӣ ахбори комилтару зудтар нашр мекунанд, ҷолибтару омӯзандатаранд, аммо телевизиони миллии Тоҷикистон хабарҳои хуб намедиҳад ва сифати нашри намоишҳои "Сафина" қонеъкунанда нест.
Муҳаммадрасул Раҳимов, масъули Маркази бозпахши намоишҳои телевизион ва барномаҳои радиои Тоҷикистон дар водии Рашт мегӯяд, дар чанд соли охир дар ин водӣ зиёда аз 100 мавҷгири моҳвораӣ насб шудааст.
XS
SM
MD
LG