Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи рабоиши 750 ҳазор доллар аз бонки "Эсхата"


Усули аз худ кардани маблағи бонки "Эсхата", ба гуфтаи Ҳакимҷон Асроров, додраси додгоҳи Суғд, раиси муҳокимаи ин парванда, аз ҷониби гурӯҳи 15-нафара бо роҳи забоняккунӣ ва таҳияи асноди сохта зимни баргардонидани маблағи андоз аз арзиши илова сурат гирифтааст. Тибқи қонуни андози Тоҷикистон маҳсулоте, ки аз ин кишвар содир мешавад, аз пардохти ин навъи андоз озод аст. Дар сурате ҳам ки андози арзиши илова аз ҷониби содироткунандаи маҳсулот бо сабабе пардохт мегардад, он баъдан аз ҷониби давлат бозгардонида мешавад. Додрас Асроров гуфт, ки кормандони бонки "Эсхата" ва мизоҷонаш аз се ширкати кишоварзии Суғд бо истифода аз ҳамин усул дар давоми тахминан ду соли ахир бо таҳияи асноди қалбакӣ аз хазинаи бонк гӯё барои бозгардони маблағи андоз аз арзиши илова барои маҳсулоти содиротӣ ҳудуди 750 ҳазор доллари амрикоӣ маблағро аз худ кардаанд. Алайҳи ин афрод додгоҳи Суғд асосан мутобиқи се банди Асноди ҷиноии Тоҷикистон - дуздии махсусан калон, тасарруфи амволи ғайр, таҳияи асноди сохта ва суиистифода аз ваколати хидматӣ аз сӯи кормандони тиҷоратӣ иттиҳом пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи додрас - Асроров, айбнома аз чаҳор ҷилд ва як ҳазору ҳаштсад саҳифа иборат аст.
Дар додгоҳ аз гурӯҳи 15-нафара ҳафт вакили дифоъ ҳимоят мекунанд. Уктам Султонов, яке аз вакилони дифоъ гуфт, айбномаи бар зидди нафарони таҳти ҳимояташ пешниҳодшуда бепоя аст:
«Нисбати афроди зерҳимояи ман зимни тафтишоти қаблӣ асосан аз рӯи банди 245- и асноди ҷиноии Тоҷикистон (дуздии махсусан калон, тасарруфи амволи ғайр бо суистифода аз мақом ) айб пешниҳод шудааст, ки бо он розӣ шуда наметавонам. Ман умедворам дар мурофиаи додгоҳӣ тамоми ҳолатҳои қазия ба назар гирифта шуда, бозбинӣ дар доираи қонун сурат мегирад ва ҳимояшавандагони мо, кормандони бонки "Эсхата" сафед карда ва одилона ҳукм карда хоҳанд шуд.»
Вакили дифоъ Султонов инчунин бо шурӯъи мурофиаи додгоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудани 7 корманди бонки "Эсхата"-ро, ки дар замони тафтиши аввалия дар муддати беш аз чаҳор моҳи ахир дар озодӣ ба сар мебурданд, ғайриқонунӣ ва беасос хонд. Зимнан, нафарони боқӣ аз ҷумлаи муттаҳамин дар озодӣ қарор доранд.
Бонки "Эсхата" аз нахустин бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар соли 1994 - и милодӣ дар шаҳри Хуҷанд идораи марказияшро ба намуди «Ҷамъияти бози саҳҳомӣ» таъсис дод ва ба думболи он намояндагиҳояшро дар манотиқи дигари кишвар низ боз кард.
XS
SM
MD
LG