Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашми бастаи расонаҳо


...аммо аксари ин хабарҳои расмиву умумӣ, мутантан ва куҳнаву обшуста дар бораи ҷаласаву мулоқотҳои мақомот, ҷашну тантанаҳо, иҷрои супоришу нақшаҳост. Вале дар хусуси рӯйдодҳои муҳим ва доғи рӯз дар Тоҷикистон ва вилояти Суғд тақрибан сухане нест. Ҷолиб ин чост, ки расонаҳои маҳаллии электруники Суғд хабарҳоеро аз хориҷи Тоҷикистон низ пахш мекунанд, бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ, масалан, дар бораи ҳодисаҳо дар Ироқу Афғонистон ва Бритониёву Омрико, аммо дар бораи он чӣ дар дохили Тоҷикистон ва ҳатто худи Суғд мегузарад, маъмулан хомӯшанд.

Масалан, дар бораи ҳодисаи ҳамла ба посгоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара дар нимашаби 12 май, ки дар тӯли чанд рӯз дар сархати бисёре аз хабаргузориҳои ҷаҳон қарор дошт, дар родюву телевизюнҳои Суғд ҳич матлабе пахш нашуд.

Дар суҳбатҳои сарироҳӣ аз беш аз сӣ сокини Хуҷанд пурсидам, ки ба муҳимтарин хабарҳои рӯз дар Тоҷикистон аз чи роҳе дастрасӣ доранд? Ҷавобашон бештар ин буд, ки расонаҳои маҳаллӣ барои онҳо манбаъи асосии дарёфти иттилоъ нест:

«Барои фаҳмидани хабарҳои муҳимми рӯз, чи дар кулли Тоҷикистон ва чи дар вилояти Суғд, бештар аз расонаҳои электруники хориҷӣ истифода мекунам. Ба забонҳои тоҷикиву русӣ. Чунки дар родюву телевизюнҳои маҳаллӣ бештар раисону калоншавандаҳо гап мезананд, гапу дарди халқ, одамои оддӣ нест.»

«Ман шахсан хабарҳои мубрам ва доғи рӯзро аз родюҳои хориҷӣ, мисли «Озодӣ», Би Би Си ва сомонаҳои интернетии онҳо пайдо мекунам, ҳамчунин аз расонаҳои Русия. Расонаҳои дохилӣ дар бораи ҳодисаҳои муҳимми рӯз иттилоъ диҳанд ҳам, хабарҳоро дертар ва ба таври сатҳӣ омода мекунанд. Аммо аксаран расонаҳои дохилӣ аз хабарҳои доғи рӯз чашм мепӯшанд, гӯё як чунин ҳодисае аслан рух надодааст».

Аксари коршиносон бар ин боваранд, ки расонаҳои Суғд, сарфи назар аз мақоми худ, чи давлатию чи мустақил, таҳти назар ва сонсури ғайрирасмии мақомот фаъъолият мебаранд ва танҳо ба таблиғ ва ташвиқи барномаву назарҳои онҳо сарукор доранд. Расонаҳо дар интихоб ва пахши хабар низ мустақил ва озод нест.

Неъматулло Мирсаидов - журнолисти мустақилли Суғд мегӯяд, расонаҳои Суғд ҳанӯз натавонистаанд усули пешини шӯравии бозтоби зиндагиро канор бигзоранд:

«Аз диди давлат, воситаҳои ахбори умум як василаи ташвиқу ташвиқот ва муҳофизат аз мақому мавқеъи мансабдорон аст. Вале расонаҳои мустақил, ки ихтиёри муайян кардани равиши кори худро дар даст дорад, низ мисли расонаҳои ҳукуматист. Агар расонаҳои мустақил бо ҳукумат созиш накунанд, кори онҳо пеш намеравад ва бо сабабу баҳонаҳои гуногун таҳти фишори мақомот қарор мегиранд.»

Аммо, ба гуфтаи коршиносон, он чи расонаҳоро ба роҳи созиш бо ҳукумат ва пахши матолиби мақомписанд ворид мекунад, бештар ба мушкилоти молӣ бармегардад. Зеро дар ин росто мақомот барои расонаҳо на танҳо нақши нозир, балки супоришкунандаи таблиғотро низ доранд. Дар ин бора Саидмуҳаммади Аваз, хабарнигори мустақил аз Хуҷанд меафзояд :

«Расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон имрӯз асосан хусусияти рекламавиву тафреҳотӣ дорад. Барои ҳамин хабарнигорон ҳамеша дар ҷустуҷӯи рекламадиҳандаанд ва барномаҳои родюву телевизюнҳоро бо эълону реклама ва суруду мусиқӣ пур мекунанд.»

Назорат ва кунтрули мақомот бар фаъъолияти расонаҳо, осебпазирӣ дар назди мақомот барои таҳия ва пахши матолиби мақомнописанд журнолистони маҳаллии Суғдро водор кадааст дар бораи ҳодисаҳои доғи рӯзи дохили Тоҷикистон бисёр боэҳтиёт сухан гӯянд ва ё аслан чизе нагӯянд.
XS
SM
MD
LG