Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон


Бозиҳои ҷавобии марҳалаи аввали мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон - 2006 баргузор шуд.Тими "Вахш"-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар дастаи «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо натиҷаи 4 бар 1,«Хима»-и Душанбе бар тими мизбон - «Баракат»-и Шаҳринав бо натиҷаи 13 бар 0, «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар »Зарафшон»-и Панҷакент бо натиҷаи 3 бар 0 ва «Апрелёвка»-и Қайроқум дар сафар бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омаданд.«Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дар Душанбе бар «Динамо» дар вақти иловагӣ бо натиҷаи 2 -- 0 пирӯз шуд. Дар бозии «Ҳосилот»-и Данғара бо тими меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе вақти асосӣ ва иловагӣ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 ба поён расид ва пас аз задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра «Гвардия» пирӯзӣ ба даст овард. Бинобар даст кашидани дастаҳои шаҳри Душанбе - CSKA, СКА «Помир», «Ориёно» ва «Ҳулбук»-и Восеъ аз бозиҳои ҷавобӣ ҳарифони онҳо - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ, «Ҳисор- Алимардон»-и Ҳисор ва «Энергетик»-и Душанбе ғолиб дониста шуданд.
Ба ин тартиб рӯзҳои 6 ва 7 июл дар бозиҳои ҳаштякфиналӣ дастаҳои «Регар-ТадАЗ» бо «Гвардия», «Парвоз» бо «Тоҷиктелеком», «Энергетик» бо «Олими Каримзод», «Хима» бо «Ҳисор-Алимардон» ва «Саройкамар» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд. Бар асоси қуръакашӣ «Вахш» бидуни ширкат дар марҳалаи дуввум ба чаҳорякфинал баромадааст. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар марҳалаи севвум бо ғолиби ҷуфти «Саройкамар» ва «Хуҷанд» зӯрозмоӣ хоҳад кард.
Ва як хабари дигар. Дастаи аввали шаҳри Душанбе қаҳрамони волейболи Тоҷикистон миёни тимҳои занона дар соли 2006 гардид. Ин даста дар бозии ҳалкунанда дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе бар тими мунтахаби вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ки ҷойи дуввумро касб кард, бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз шуд. Тими мунтахаби вилояти Суғд ҷойи севвумро ишғол намуд.
XS
SM
MD
LG