Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Нигоҳе ба гузашта


Аз ҳама бештар Бразилия ва Олмон--ҳар кадом ҳафтборӣ ба бозии ниҳоии чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтаанд. Бразилиягиҳо 5 бор ва олмониҳо 3 бор сазовори унвони қаҳрамонӣ шудаанд. Танҳо Бразилия дар ҳамаи 17 чемпионати ҷаҳон ширкат карда, дар мусобиқоти ҳаждаҳум низ яке аз муддаии аслии унвони қаҳрамонист.
Чемпионати ҷаҳон дар Олмон бо ширкати 32 дастаи миллӣ дар варзишгоҳҳои 12 шаҳри ин кишвар 31 рӯз идома карда, 9 июн дар Мюнхен оғоз мешавад ва 9 июл дар Берлин хотима меёбад. Ҳамагӣ 64 бозӣ баргузор хоҳад шуд. Шумораи бозигарон 736 нафар мебошад. Бозиҳои чемпионатро 23 ҳакам аз кишварҳои мухталиф доварӣ мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои чемпионат 15 миллиону 600 ҳазор евро буда, аз он ҷумла ба дастаи қаҳрамон 24,5 миллион франки швейтсарӣ (18,75 млн доллари амрикоӣ) ва ба тими дар финал мағлубшуда 22,5 миллион франки швейтсарӣ супурда мешавад.
Нархи чиптаи аз ҳама гарони бозиҳои чемпионат 600 евро
мебошад.
Мизбонони чемпионат дар Олмон ҳудуди як миллион меҳмононро аз тамоми ҷаҳон пазироӣ мекунанд.
Бозиҳои чемпионатро дар варзишгоҳҳо 3 миллиону 370 ҳазор мухлис тамошо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG