Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонони арманӣ эътироз мекунанд


Ҳамоиши мазкур ҳафтае баъд аз ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи як ҷавони арманӣ дар Маскав доир шуд, ки эътирозҳои шадиди ҷомеаи Арманистонро ба бор овард. Анна Сағобалян, хабарнигори радиои Озодӣ дар Ереван, ки аз ҷараёни ин гиридҳамоӣ мушоҳида кардааст, ба барномаи Ояндасоз чунин гузориш дод:

Гуфта шуд, ки соли 2006 танҳо дар Маскав - шаш шаҳрванди Арманистон ва соли гузашта - 28 сокини Қафқоз ва дигар манотиқ аз дасти гурӯҳҳои нажодпараст ба қатл расиданд. Дар гирдиҳамоии имрӯза даҳҳо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд. Онҳо аз ҳукумати Русия тақозо намуданд, ки барои муқобила бо гурӯҳҳои нажодпараст иқдоми ҷиддитар биандешанд. Зиёда аз ин, мӯътаризон ҳукумати Арманистонро низ дар густариши ҳодисаҳои ҳамлаву қатлу куштори шаҳрвандони ин кишвар масъул дониста гуфтанд, ки мақомот дар чунин ҳолатҳо набояд хомӯш бошад, балки барои ҳифзу ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия қотеътар рафтор кунад.

Аветиқ Ишханян, раҳбари Кумитаи Ҳелсинки дар Арманистон, ки яке аз ҷавонони ташаббускори ин гирдиҳамоӣ аст, мегӯяд, нақши ҳукумати Арманистон дар ҳикояти ҳуқуқи шаҳрвандонаш хеле муҳим аст:

Ман мутмаинам, ки агар ҳукумати Арманистон дар чунин ҳолатҳо вокуниши шадидтар нишон медод, қатли мардуми армантитабор дар Русия идома пайдо намекард

Анна Сағобалян хабарнигори радиои Озодӣ дар Ереван гуфт, ки ширкатдорони гирдиҳамойии эътирозӣ соате дар баробари сафорати Русия ва баъдан дар баробари вазорати умури хориҷаи Арманистон тазоҳурот карданд. Як мояи муҳими нигаронии фаъолони ҷамъиятӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои сиёсии пуштибон аз ақоиди нажодпасрастон ба ҳукумат ва парлумони Русия роҳ ёфта барои афзоиши ҳодисаҳои қатлу куштори мардуми ғайрирус мусоидат мекунанд.
Тазоҳуроти мазкур дар ҳоле ҷараён гирифт, ки рӯзи якшанбе дар Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои сартарошидаи нажодпараст қарор гирифт. Афроди ҳамлагар ба ин марди 35-солаи тоҷик бо калтакҳои оҳанӣ ҳамла бурда ӯро шадидан маҷруҳ намуданд. Тавре хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскав гузориш медиҳад, дар ин охирҳо шарвандони Тоҷикистон инчунин мавриди ҳамлаи милисаи рус ҳам қарор мегиранд. Ҳафтае пеш як шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамлаи саги хизматии милиса, ки дар як бозори кори канори Маскав сурат гирифт, ҷароҳатҳои вазнин бардошт. Маълумоти расмӣ ҳокист, ки дар соли ҷорӣ 107 нафар намоянаи миллату қавмияти ғайрирус дар Маскав мавриди ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст қарор гирифтанд, аз инҳо 18 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG