Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Ҷаҳон - 2006 мустақиман дар ТВТ?


Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ин нуктаро таъйид кард ва гуфт, ки бо ду ширкати хориҷӣ саргарми гуфтугӯ ҳастанд:

«Айни ҳол мо бо Ширкати садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва як ширкате, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳуқуқи пахши мустақими бозиҳои чемпионати имсолаи ҷаҳонро дорад, гуфтугӯ дорем. Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки имсол на ба таври сабту баъди чанд соат пахш кардан, балки дар ҳамкорӣ бо яке аз ин ду ширкате, ки мо аллакай мувофиқаи қаблӣ ба даст овардаем, пахши мустақими бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро ба роҳ монад. »

Дар ҳамин ҳол, Валерий Караваев, масъули Вазорати мухобироти Тоҷикистон мегӯяд:

«Чаҳор сол муқаддам Русия Тоҷикистонро расман огоҳонида буд, ки намоиши бозиҳои чемпионати ҷаҳон тавассути телевизиону радиои Тоҷикистон пахш нашавад, зеро Русия барои намоиши бозиҳои Ҷоми ҷаҳон танҳо дар қаламрави ин кишвар маблағ пардохт кардааст.»

Пизишк Бозоралӣ Назаров, мухлиси собиқадори футболи тоҷик ба Радиои Озодӣ иброз дошт, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳон тавассути телевизиони Тоҷикистон бенасиб мондааст:

«Мутаассифона, баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон мо, мухлисони футболи кишвар, барои тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ба воситаи телевизион ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавем. Чаҳор сол муқаддам мо аз тамошои бозиҳои чемпионати ҷаҳон маҳрум будем. Ва ҳоло низ ҳайронем, ки тавассути кадом шабакаи телевизионӣ бозиҳоро аз Олмон тамошо мекарда бошем. »

Ҳамсӯҳбати дигари мо Аскар Аҳмадов, як тан аз ҳаводорони футбол гуфт: «Солҳои пеш асосан сабти бозиҳо намоиш дода мешуд ва имсол бо умеди тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳон мавҷгири моҳвораӣ харидаам.»

Ба тамошои бозиҳои чемпионати ҷаҳон бонувони тоҷик низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Як сокини Душанбе, ки худро Шамшода муаррифӣ кард, мегӯяд: «Бозии футболро хеле дӯст медорам ва, бахусус ба бозиҳои чемпионати ҷаҳон шавқи зиёд дорам. Ман мухлиси тими Бразилия мебошам. Умедворам, ки роҳбарони Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати алоқаи кишвар барои осон кардани мушкилоти мухлисони футболи тоҷик кӯшиш ба харҷ дода, пахши мустақими бозиҳои чемпионати ҷаҳонро аз Олмон тавассути телевизиони мамлакат ба роҳ мемонанд. »

Ба ин тартиб, ҳазорҳо мухлисони футбол дар Тоҷикистон умедворанд, ки мақомоти ин кишвар онҳоро аз тамошои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2006 тавассути телевизион бенасиб нахоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG