Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дасти нобиноро кӣ бигирад?


Озода Зупарова, як ҷавони нобинои узбак аз он нороҳат аст, ки дар кишвари онҳо бо иллати мушкилоти моддӣ ва набуди корхонаҳои махсус ҷавонони нобино бо шуғле таъмин шуда наметавонанд. Ин дар ҳолест,ки дар миёни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шумори ҷавонони нобино дар Ӯзбакистон бештар будааст. Озода мегӯяд, ки дар кишвари ӯ номусоидиии муҳити зист ба болоравии шумори кӯдакону наврасони нобино сабаб мешавад: "Айни ҳол дар Ӯзбакистон 10 ҳазор ҷавони нобино ба сар мебарад, ки мутаассифона сол то сол теъдоди чунин нафарон боз ҳам бештар мешавад. Мутаносибан бо ҷои кор таъмин намудани онҳо низ мушкилтар мегардад. Аз ин рӯ онҳо аз рӯи имконият дар донишгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз рӯи лаёқаташон ин ҷавонон берун аз озмун ба макотиби олӣ қабул ва ба идрорпулии онҳо 50 дарсад илова карда мешавад."

Бекорӣ натанҳо домангири ҷавонони маъюби Узбакистон аст, балки ин масъала дар Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон низ аз масоили муҳим ба шумор меравад. Дар баробари ин, аксари ин бахши ҷавонон бо масъалаи камии нафақа, набуди машғулияти саргармкунандаи вижа барои нобиноён, камбуди адабиёт, ки бо хати Брайел ба забони модариашон навишта шуда бошад, рӯбарӯ ҳастанд. Аксар маводе, ки дар мактабҳои махсуси атфоли дорои қувваи босирааш заъиф боқӣ мондааст, ҳанӯз мероси замони шӯравӣ буда, аз назари рангорангии мӯҳтавову кайфият ҳам хеле коста шудааст.

Холмаҳмад Тангниев, раҳбари ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, ки ҳамзамон узви кумитаи иттифоқи нобиноёни Осиёи Марказӣ низ ҳаст, мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон шумораи нобиноён ба беш аз 10 ҳазор мерасад, аз ин теъдод наздик ба 2 ҳазорро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дарди аксари ин кӯдакон модарзод буда, дигарон бар асари бемориҳои мухталиф бо мушкили босира рӯбарӯ мешаванд.

Раҳматулло Шоев, омӯзгори ҷавони мактаб - парваришгоҳи кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Душанбе, ки дар он беш аз 50 кӯдаки аз 7 то 14-сола таҳсил мекунанд, мегӯяд, атфоли нобинои тоҷик имрӯз ба таҳсил дастрасии кам доранд. Яъне айни замон дар Тоҷикистон танҳо 4 мактаб парваришгоҳ барои атфоли нобино фаъолият мекунад, ки дар ин муассисаҳо ҳам маводди таълимӣ ба таври пурра фароҳам оварда нашудаанд.

Аммо дар ҳамин ҳол Ҷамол Нагадил, як ҷавони нобино, ки аз Ишқобод барои мулоқот бо ҳамтоёнаш омадааст, гуфт, дар Туркманистон ҳукумат маркази вижаи муолиҷаи атфоли нобиноро таъсис додааст, аммо ба андешаи ӯ, дар ҷомеаи имрӯзаи кишварҳои собиқ шӯравӣ бояд аслан шеваи муомилаву бархӯрд бо афроди маълул бознигарӣ шавад. Ӯ мегӯяд, ки дар фикру андешаи аксарият ҳанӯз стереотипҳои замони шӯравӣ боқӣ мондаанд, ки афроди маъюб ноқис ҳастанд ва набояд дар баробари дигар бахши ҷомеа фаъолият дошта бошанд. Ҷамол гуфт, ки ҳама масъала аз оила шуруъ мешавад: "Дар кишвари мо нобиноён аксаран бо нофаҳмӣ дар оила рӯбарӯ мегарданд. Яъне волидайн ва наздикон барои таҳсили кӯдакони маълули худ монеъ мешаванд ва ҳамчунин иҷрои корҳои хонаро низ ба онҳо иҷозат намедиҳанд. Падару модарон бо ин роҳ мехоҳанд ғамхорӣ ва дилсӯзии худро нисбат ба кӯдаки нобинои худ нишон диҳанд. Бехабар аз он , ки чунин муносибат баръакс ба зарари фарзандонашон тамом мешавад."

Холмаҳмад Тангниев мегӯяд, ҳадаф аз баргузории чунин конфронс, қабл аз ҳама ҷалби мақомот ба мушкилоти нобиноён ва ҳамчунин дарёфти роҳи ҳали масоили онҳо мебошад. Ӯ меафзояд, ки қарор аст дар паи ин нишаст як барномае таҳия гардад, ки дар он роҳҳои кӯмак ба нобиноёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зикр гардад. Ва дар сурати пуштибонё ёфтани ин барнома як маъракаи густардае ба роҳ монда мешавад, ки дар он ҳама бахшҳои ҷомеа ва ба вижа аҳли хонаводаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мусоидат ба таҳияи шароити муносибтаре барои зиндагии нобиноён ҷалб хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG