Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Mr. Lordi: "Мо пайрави иблис нестем"


Нашрияи "Ню Йорк Таймс" навишт, ки пирӯзии Lordi "аз як бӯҳрони амиқи худшиносии мардуми Финландия гувоҳӣ медиҳад". Мухолифин аъзои ин дастаро дар ақоиди ба истилоҳ иблиспарастӣ муттаҳам мекунанд. Ҳарчанд шоми шанбе Мистер Лорди (Mr. Lordi), овозхони аслии даста гуфт, ки сару либоси вижаи ҳунармандон ва шеваи иҷрои тарона чизе беш аз саҳнасозӣ нест ва ин гурӯҳ ба ҳеҷ ваҷҳ пайрави ҳеҷ як ақоиди мазҳабӣ, антиқтараш ғайримазҳабии мисли парастиши шайтон нест. Мистер Лорди афзуд, ки пирӯзии онҳо далели он аст, ки "Евровижин ҳама жанрҳои мусиқиро ба намоиш мегузорад, ҳам попу ҳам рокро". Ва ин, ба қавли ӯ бояд ҳадафи аслии ин озмун гардад.

Сабқати байналмилаии Евровижин имсол барои бори 51-ум баргузор шуд ва барои тамошову ширкат дар он садҳо милён нафар аз саросари ҷаҳон ҷалб шуданд. Орзуи деринаи Русия барои пирӯзӣ дар чунин озмуни бонуфуз кам-кам амалӣ мешавад. Дима Белан бо таронаи англисиаш "Never let you go" дар мавқеи дуюм ва хонандаи босниягӣ Ҳари Мана Ҳарӣ дар мавқеи сеюми озмун ҷо гирифтанд. Ба даҳгонаи беҳтарин ҳунармандони озмун имсол исми овозхони арманӣ Андре ва Тина Каролии украинӣ ҳам ҷо шуданд. Ин маънои онро дорад, ки соли оянда дар давраи навбатии ин озмун намояндаҳои ин кишварҳо ҳам ҳатман ширкат хоҳанд кард. Аммо раъйдиҳандагони аврупойӣ бо назари мунаққидони мусиқӣ, ки мавқеи хонандаи Малта Фабрицио Фаниелоро ҳам умедворкунанда арзёбӣ мекарданд, мувофиқат накарданд. Ин овозхон дар поинтарин мавқеи феҳраст ҷо гирифт.
Аммо саволе ки фикр мекунам, барои ҳаводорони маҷаллаи мусиқии "Садои тоза" қобили мулоҳиза аст, ин аст, ки оё овозхонони тоҷик барои худ аз ин озмуни бонуфузи аврупойӣ чӣ бардошта метавонанд? Овозхони боистеъдод Бахтиёр Иброҳимов, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварӣ мебошад, гуфт, ки чунин озмунҳои байналмилалӣ ҳунармандони тоҷикро водор мекунанд, ки ҳунару истеъдоди худро бо дигарон муқоиса кунанд ва бо назардошти он, дар ҳунари иҷрои тарона навовариҳо ворид кунанд.
Дар таърихи фаъолияташ озмуни Евровижин барои кашфи истеъдодҳои зиёди ҳунарӣ, аз ҷумла дастаи шведии "Абба", овозхони канадаӣ Селин Дион, Русланаи украинӣ ва акнун дастаи финландии "Лорди" мусоидат кардааст. Пирӯзии ин гурӯҳ маънои онро дорад, ки даври навбатии ин озмун соли оянда дар Финландия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG