Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи макотиби Тоҷикистон ба устодони фанҳои дақиқ


Бо пуштибонии молии Сандуқи кӯдаки СММ дар Тоҷикистон як гурӯҳи 100 нафараи омӯзгорони донишгоҳҳои шаҳри Душанбе,дар заминаи улуми дақиқ давраи вижаи омӯзиширо пушти сар намуданд. Акнун қарор аст ин афрод ба ҳайси мураббии фанҳои дақиқ дар фаъолияти таълимии худ аз шеваҳои нав кор бигиранд.
Абдуалим Ҳайдаров, муаллими кимиёи донишгоҳи омузгории пойтахт, ки чунин давраи омӯзиширо гузаштааст, мегӯяд вай тоза аз вилояти Бадахшон баргаштааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд вазъи таълими фанҳои дақиқ аз қабили фанҳои кимиё,табиъиёт ва риёзӣ,нисбат ба 4-5 соли қабл, дар деҳоти кишвар то андозае беҳтар шудааст,аммо ҳанӯз ҳам мушкилоти нарасидани омӯзгорони фанҳои дақиқ, камбуди васоити таълиму тарбия ва аз мактаб дур мондани духтарон дар макотиб зиёд ба мушоҳида мерасад.»Мо ба дарсҳои муаллимон даромадем ва бо вазъи омӯзиши фанҳои дақиқ ошно шудем. Нарасидани муаллимони фанҳои физика, кимиё ва риёзиёт, бештар дар ноҳияи Дарвоз ба чашм мерасад». Ҷаноби Ҳайдаров афзуд, чунин давраҳои омӯзишӣ шахсан барои ӯ ҳамчун омӯзгори фанни кимиё,муфид будааст,зеро вай тавассути ин давраҳо роҳу услубҳои осони ҷалби ҷавонон ба фанҳои дақиқро аз бар кардааст.
Аммо коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд,ки то он замоне,ки ҷониби ҳукумат ҷиҳати баргардондани мутахассисон ва омӯзгорони фанҳои дақиқ ва ташвиқи наврасон ба ин фанҳо,тадбирҳои муассир намеандешад, чунин кумакҳои созмонҳои байнулмилалӣ ба раванди ислоҳоти соҳаи маорифи кишвар нокофӣ хоҳад буд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси мустақил дар робита ба ин мавзуъ мегуяд: «Бояд ҳукумат кӯшиш кунад,ки мутахассисон ва муаллимони фанҳои дақиқ баргарданд. Зеро вақте худи омӯзгор дар мактаб ҳузур надорад, ин давраҳои омӯзишӣ ва ин кӯмакҳои созмонҳои байнулмилӣ,чӣ нақше дошта метавонанд ?»
Бино ба маълумоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, қарор аст дар моҳҳои наздик, бо пуштибонии молии Сандуқи кӯдаки СММ ҳамчунин 100 нафари дигар коромӯзони ҳирфавии фанҳои дақиқ омода шаванд ва ин коромӯзон дар давраи таътили тобистона ба навоҳии дурдасти Тоҷикистон сафар карда, сатҳи дониши хонадагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагониро месанҷанд ва ҳамчунин аз ҳисоби омузгорони деҳот боз чунин коромӯзони ҳирфавии фанҳои дақиқро омода хоҳанд кард.
Сафаргули Олимӣ,Душанбе
XS
SM
MD
LG