Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Вахш» дар Малайзиё


Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии нимфиналӣ дар варзишгоҳи «Саравак»-и шаҳри Кучинги Малайзия бар тими «Татунг»-и Тайван бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд. Дар ин дидор Аҳтам Ҳамроқулов, беҳтарин голзани тими «Вахш» ду дақиқа қабл аз хотимаи қисми аввали бозӣ ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 57-ум Чуан Яо-Сун, бозигари «Татунг» ҳисобро баробар кард. Баъдан бозигарони тоҷик -- Соҳиб Сувонқулов дар дақиқаи 81-ум ва Илҳомҷон Ортиқов дар дақиқаи 83-ум ба дарвозаи қаҳрамони футболи Тайван ду гол заданд.

Ба ин тартиб, тими «Вахш» дар бозии ниҳоӣ, ки шоми якшанбеи 21 май дар варзишгоҳи «Саравак»-и шаҳри Кучинги Малайзия баргузор мешавад, барои дарёфти Ҷоми раиси AFC бо қаҳрамони футболи Қирғизистон -«Дордой-Динамо»-и Норин рақобат мекунад. Дастаи ғолиб бо 50 ҳазор доллар ва тими дар финал мағлубшуда бо 25 ҳазор доллар сарфароз мешаванд. Воқиан, соли гузашта дар нахустин мусобиқот барои дарёфти Ҷоми раиси AFC тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии ниҳоӣ «Дордой- Динамо»-ро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дода буд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки Илҳом Ҳотамов, президенти бошгоҳи футболи «Вахш» ва муассиси Ширкати саҳҳомии «Тамер ИНБ» -- сарпарасти қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар конфронси Федератсияи футболи вилояти Хатлон раиси ин федератсия интихоб шуд. Вай дар ин вазифа Амиршо Миралиев, раиси вилояти Хатлонро иваз кард.
XS
SM
MD
LG