Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Страна Экспресс" вориди бозори Тоҷикистон шуд


Ширкати русии "Страна Экспресс" аз аввали моҳи май фиристодани пул ба Тоҷикистонро тавассути "Амонатбонк" шурӯъ кардааст. Иван Ситнов, мудири бахши таҳвили пули ин ширкат дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо саҳифаи интернетии бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, пули мардум тавассути ин ширкат дар зарфи 15 дақиқа ба Тоҷикистон расонда хоҳад шуд ва ҳаққи хидмати Страна Экспресс дар мавриди рубли русӣ 1,75 ва дар мавриди асъори хориҷӣ 1,5 фоиз муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз ширкатҳои дигари таҳвилкунандаи пул то кунун дар ивази фиристодани пул ба Тоҷикистон аз 3 то 4 дарсад ҳаққ мегирифтанд.

Аз Иван Ситнов пурсидам, ки пешниҳоди фоизи камтар аз таҳвилдиҳандагони дигари пул чигуна муяссарашон шудааст? Намояндаи Страна Экпресс гуфт: "Дар асл, ин кор пештар ва вақте оғоз ёфт, ки ширкати "Unistream" вориди бозор шуд ва бештар аз дигарон даст ба пойин бурдани фоизи фиристодани пул зад. Пешниҳоди якуним фоиз барои фиристодани пулро аввал "Unistream" кард. Ва мо низ маҷбурем барои пайдо кардани ҷой дар ин бозор аз чунин фоизи кам - 1,5 фоиз барои асъори хориҷӣ ва 1,75 барои рубли русӣ - кор бигирем ва бахши аъзами фоидаро ба бонкҳо дода, худ ба як фоидаи андак иктифо кунем. Ва аммо мо умедворем, ки аз ҳисоби гардиши пул фоидаи хуб бигирем."

Оқои Ситнов мегӯяд, Страна Экспресс дар ҳоли ҳозир метавонад аз Русияву Украина ва Қирғизистону Озарбойҷон ба Тоҷикистон пул бифиристад, вале ба зудӣ харитаи арзаи хадамоташ кишварҳои дигарро низ фаро хоҳад гирифт. Дар ҳоли ҳозир, дар бозори таҳвили пули Тоҷикистон 11 шабакаи байналмилалӣ, ба мисли "Western Union", "Анелик", "MoneyGram" ва "Unistream" фаъолият мекунанд.

Шамсуллоҳ Назриев, як муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, фиристодани пул тавассути чунин шабакот мушкили муҳоҷиронро хеле осонтар мекунад: "Сад фоиз беҳтар аст низоми бонкӣ. Замонат дорад ин низом. Ва агар пули шумо дар роҳ гум шавад, аснодатон то 40 рӯз дар бойгонии ин бонкҳо ҳифз мешавад ва шумо пулатонро барқарор карда метавонед. яъне ин низом масъул аст барои фиристодани пулатон. Ин назар ба он ки худатон пулро мебаред ва ё тавассути касе мефиристед, беҳтар аст, чунки кӣ медонад, ки дар роҳ чӣ ҳодиса метавонад рух диҳад? Ин беҳтарин роҳ аст, ки пули мардум беташвиш, дар 10 дақиқа аст ё 15 дақиқа ва ё дар як рӯз ба ҳамон ҷое, ки лозим аст, мерасад."

Ба ҳисоби Бонки Миллии Тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷик танҳо дар як соли гузашта ба ватан наздики 600 миллион доллар пул фиристодаанд. Вазорати кор ин рақамро болиғ аз 800 миллион доллар баровард кардааст. Дар ҳар сурат, пулҳое, ки муҳоҷирин аз Русияву кишварҳои дигар мефиристанд, акнун дар баробари пули фурӯши пахтаву алюминий як манбаъи умдаи даромади иқтисоди Тоҷикистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG